МЕЪЁРИ БАҲОГУЗОРӢ ВА ДИГАР МАСОИЛИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ

Шумораи навбатии нашрияи «Омӯзгор» (№32, 10 августи соли 2023) аз чоп баромад. Дар саҳифаи аввал гузориш аз иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Иштирок дар Нишасти Сарони се давлат» ба табъ расидааст, ки аз дурнамои ҳамкориҳои се ҷумҳурӣ-Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар он иттилоъ дода мешавад. Ҳамчунин, дар саҳифаи мазкур изҳори тасаллии Пешвои миллат ба хонаводаи ҳалокшудагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб нашр шудааст. Дар саҳифаҳои дуюму сеюм силсилахабару гузоришҳо аз ҳаёти муассисаҳои таълимии кишвар, корҳои анҷомдодашуда дар тӯли ҳафта дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, нишастҳои матбуотӣ ва амсоли инҳо ҷой дода шудаанд. Мақолаи сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълимии АТТ, номзади илми филология Азим Байзоев бо номи «Меъёри баҳогузорӣ: адолат ва ҳавасмандӣ» масъалаи муҳими рӯзро, ки баррасӣ ва ҳалли он саривақтӣ мебошад, мавриди таҳлил ва андешаронӣ қарор додааст. Мақолаи омӯзгор аз шаҳри Панҷакент Абдулҳай Саидқосим – «Ба мақсад мерасад ҷӯёи матлаб» пурмуҳтаво буда, дар хусуси фаъолияти омӯзгории муаллима Муслима Ҷалолова аз мактаби №9-и деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент нақл мекунад. Ин навишта ба озмуни «Омӯзгор –машъалафрӯзи ҷомеа» пешниҳод шудааст. Мусоҳибаи мухбири нашрия дар минтақаи Рашт Суҳроб Ваҳҳобниё бо мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт Додарбек Аббосзода таҳти унвони «Рашт: таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар мешавад» аз кору бор ва талошҳои устодону омӯзгорон ва аҳли маорифи ноҳия маълумоти муфассал медиҳад. Навиштаи ҳикматомӯзи омӯзгор ва адиб аз шаҳри Ҳисор Ҳаким Алӣ масоили тарбияи ахлоқиро дар бар гирифта, маводи хубест барои баргузор намудани машѓулиятҳои тарбиявии омӯзгорон. Дар мақолаи методии мухбири нашрия Сайфиддин Муродов –«Истифодаи харита дар дарси таърих» ба таври назариявӣ аз хусуси корбурди хадафмандонаи васоити аёнӣ дар мисоли харитаҳои гуногун дар дарсҳои таърих сухан меравад, ки ҷолибу муассир ва дорои аҳамияти таълимӣ мебошад. Мавзую масоили мухталиф дар мақолаю матолиби «Забони тоҷикӣ-ганҷинаи бебаҳост» (муаллиф, корманди ДҶТИБКСМ Иззатулло Раҳимов) ва «Пирӯзии мо ливои истиқлол аст» (муаллиф, омӯзгори мактаби №13, ноҳияи Айнӣ Мирҷумъа Нуров) инъикоси худро ёфтаанд. Навиштаҳои «Аз интернет маѓзи сарро эҳтиёт кунед», «Хурофотпарастӣ – нишонаи ҷаҳолат» низ ҷолибу хонданӣ мебошанд. Рӯзноманигор аз шаҳри Ваҳдат Музаффари Имом дар мақолаи «Устоди соҳибмактаби риёзӣ» перомуни фаъолияти доманадору омӯзандаи омӯзгори МТМУ № 43-и шаҳри Ваҳдат, ки аз фанни алгебра ва геометрия дарс мегӯяд, нақл мекунад. Мақола лавҳаест пурмазмуну шавқовар, ки дар он симои воқеии омӯзгори заҳматкаш Абдулазим Исмоилов ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Матлаби Фирӯзаи Абдулазиз –«Умре ҳама дар сабқат» бошад, аз ҳаёт ва кору пайкори омӯзгор Рисолат Шарифова аз шаҳри Конибодом ҳикоят мекунад. Яке аз навиштаҳои тоза ва муҳтавоманди шумора «Лингвистикаи компютерӣ» ном дошта, ба қалами дотсенти ДПФТТХ ба номи академик М.С.Осимӣ Хуршед Худойбердиев тааллуқ дорад. Бо ин навишта хонандагон дар саҳифаи 12-и нашрия шинос хоҳанд шуд. Саҳифаи 13 мақолаҳои Файзи Фозил ва Файзулло Қурбонову Фариштамоҳ Сафароваро, ки ба масоили ҳифзи табиат аз силсилаи озмуни «Тоҷикистон диданист» бахшида шудаанд, фаро гирифтааст. Навиштаи таҳлилии корманди нашрия Ҳотами Ҳомид – «Пиряхҳо-сарчашмаи бақои ҳастии олам» серпаҳлу, пажуҳишӣ ва таҳлилӣ буда, зуд диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад. Ҳикояи нави адиб Шодӣ Раҷабзод бо номи «Чашмони сиёҳ» саҳифаи 15-и нашрияро зебу оро бахшидааст. Ин ҳикоя низ вижагиҳои хосаи бадеиро доро буда, аз такомулу таҳаввули эҷодии адиб шаҳодат медиҳад. Навиштаи мухбири минтақавӣ аз шаҳри Бохтар Суҳроб Азизӣ бо номи «Хатлон: сафи иштирокдорони озмуни ҷумҳуриявӣ меафзояд» анҷомбахши шумораи навбатӣ мебошад.
Навбатдори масъул:
Шодӣ Раҷабзод