ХУРОФОТПАРАСТӢ — НИШОНАИ ҶАҲОЛАТ

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзи ҳастӣ намуд. Шукрона мекунем, ки имрӯз давлати моро дар арсаи ҷаҳонӣ бо фарҳангу тамаддуни пурғановаташ эътироф намуда, миллати тоҷикро ҳамчун миллати куҳанбунёд ва бофарҳангу соҳибтамаддун мешиносанд. Барои таҳкими боз ҳам бештари ин дастовард зарур аст, ки мафҳумҳои «истиқлолу озодӣ» ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи мардуми шарифи Тоҷикистон табдил дода шаванд. Зеро бо ин ғояҳои наҷотбахш миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад, корҳои бузургу ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу шукуфонро ба мерос гузорад.
Хурофотпарастӣ аз унсурҳои номатлуб буда, миёни мардуми ноогоҳи ҷомеа ҳанӯз ҳам барҷой мондааст, ки ин боиси нигаронист. Хурофот дар зеҳни мардуме ё гурӯҳе шакл мегирад ва густариш меёбад, ки доир ба ин ё он мавзуъ дониши кофӣ надоранд ва ё сатҳи донишу маърифаташон паст аст.
Хушбахтона, иҷрои амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» хурофоту ифротро аз байн бурда, тӯйю маърака ва ҷашну маросим ба танзим дароварда шуд, ки самараи неки онро ҳар оила бо чашмони худ дид.
Пешвои миллат сари вақт ёдрас карда буданд, ки расму оинҳоро аз зуҳуроти номатлуб ва хурофотпарастӣ барои имрӯз ва ояндаи ҷамъият бояд тоза намоем. Воқеан ҳам, бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. То замоне ки хурофотро аз ҷаҳонбинии тамоми қишри ҷомеа, минҷумла, ҷавонон ба таври куллӣ берун насозем, ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ғайриимкон аст. Роҳи раҳоӣ аз хурофот танҳо дониш аст, ки хурофотро аз байн мебарад.
Бале, дониш аст, ки қулфи дилро мекушояд. Тақдими китоб ба фарзандон, огоҳ намудани онҳо аз таърихи гузаштаи миллат, таваҷҷуҳи онҳоро ба илму технологияи муосир ҷалб намудан ва боз чандин роҳи дигар, ки маҳз ба воситаи онҳо метавонем, ҷигарбандонамонро аз хурофоту ифрот дур созем.
Аз нуқтаи назари ислом низ хурофот аз доираи дин берун аст. Лекин аз чӣ бошад, аксар боварҳои хурофотии мардум ҳамчун унсурҳои динӣ таблиғ карда мешаванд ва бархе аз хурофотзадагон худро «диндор» нишон дода, ба таблиғи хурофоту ифрот машғуланд. Ҳамчунин, кулли онҳо на саводи кофии динӣ доранду на дунявӣ. Бубинед, аксари онҳое, ки ба доми хурофоту ифрот афтидаву ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд, хусусан, ҷавонон, мухлиси чунин мубаллиғони хурофотпараст мебошанд.
Донишмандони имрӯзаи мо бар ин назаранд, ки бузургтарин нишонаи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-истиқлоли зеҳнӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ҷаҳонбинӣ аст. Бидуни чунин сифатҳо истиқлоли миллӣ, ки натиҷаи ҷоннисориҳои ҳазорсолаи фарзандони равшанфикр, боғайрат ва бонангу номуси миллат аст, пойдор нахоҳад монд. Аз ин андешаҳо ҷавонони мо бояд хулоса ва баҳрабардорӣ карда, баҳри пешрафти ҷомеа бидуни хурофот умр ба сар баранд.
Бовар дорем, ки ҷавонони сарбаланди мо ҳамқадами замон буда, барои рушди Тоҷикистон ва ҷомеаи он тамоми таваҷҷуҳи худро ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ равона мекунанд. Зеро ин ягона роҳест, ки моро ба сӯи пешрафтҳои нав мебарад.

Муҷиддин САТТОРОВ,
омӯзгори таърих ва ҷамъиятшиносии коллеҷи
техникию омӯзгории
ноҳияи Рӯдакӣ