ЗАБОНИ ТОҶИКӢ – ГАНҶИНАИ БЕБАҲОСТ

Бо забони ширину фасеҳи тоҷикӣ сухан гуфтан нишонаи босаводӣ, бофарҳангӣ ва эҳтиром доштан нисбат ба миллат ва ватанро нишон медиҳад. Сарвари давлат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода бори дигар дар масъалаи забономӯзӣ, хусусан, эҳтирому рушди забони тоҷикӣ изҳор намуданд, ки барои покиза нигоҳ доштани забони ноби тоҷикӣ бетараф набошем.
Воқеан ҳам, дар замони ҷаҳонишавӣ хатари аз байн рафтани баъзе забони халқиятҳо ва тамаддуну фарҳанги онҳо ба вуҷуд омадааст. Дар ин кор бояд ҳамагон, хусусан, аҳли зиё, адибону забоншиносон, олимону омӯзгорон дар сафи пеш бошем, зеро имрӯз масъалаи худшиносию ватандӯстӣ, эҳтироми шахсиятҳои бузурги миллат ва таъриху фарҳанги бостониамон аз донистани забон, бахусус, забони модарӣ сарчашма мегирад. Волидайну омӯзгорон бояд фарзандони худро дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, арзишҳои миллӣ ва дӯст доштани забони модарӣ тарбия намоянд.
Дар даврони ҳукумати Шуравӣ дар ҷумҳурии мо забони русӣ забони давлатӣ буд. Дар бисёр чорабиниҳо ва ҷаласаҳо бо забони русӣ сухан мегуфтанд ва бо забони русӣ муошират менамуданд. Бо забони русӣ сухан гуфтан нишонаи босаводии аҳли ҷомеа, аз ҷумла, зиёиён ҳисоб меёфт. Падару модарон кӯшиш мекарданд, ки фарзандонашон дар мактабҳои русӣ таҳсил намоянд. Аксари навиштаҷот бо забони русӣ буд.
Баъди истиқлол ба даст овардани ҷумҳуриамон, бо дастгирии Президенти мамлакат, Пешвои миллат дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон» ба забони тоҷикӣ тағйирот ворид гардид ва 5 октябр ҳамасола Рӯзи забон таҷлил мегардад. Ба имлои забони тоҷикӣ 4 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шуд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забон», дар ҳар як муассисаву корхонаи давлатӣ, вазорату ҳукуматҳои маҳаллӣ барои тозагии забони модарӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои кори хуб фаъолият намекунанд.
Аз ин хотир, мо бояд имрӯз барои тозагӣ ва суфтагии забони тоҷикӣ диққати ҷиддӣ диҳем, то ҷойи калимаҳои нобу хушобуранги тоҷикиро калимаҳои забонҳои дигар нагиранд, то ки забони фасеҳу балеғи тоҷикӣ муаррифгари фарҳангу дастовардҳои миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ гардад. Зеро тайи солҳои охир мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз бетарафии аҳли ҷомеа, олимон, зиёиён, аз дигар забонҳо калимаҳои носуфтаю ба табиати забони тоҷикӣ бегона ба забони тоҷикӣ ворид шуда истодаанд.
Ҳарчанд солҳои охир ба имлои забони тоҷикӣ тағйироту иловаҳо ворид шуда бошад ҳам, ба ин тағйироту иловаҳои имлои забони тоҷикӣ эътибор дода намешавад. Дар навиштаҷоти пештоқи марказҳои савдо ва фурӯшгоҳҳо хатоҳои зиёди имлоӣ ва грамматикӣ мушоҳида мешавад ва касе ба ин вазъ эътибор намедиҳад.
Мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки ба ҷойи ибораҳои ба забони модарӣ, аз ҷумла, (роҳи зеризаминӣ — подземка, ба ҷои кӯпрук — мост, бозори яклухт ё чакана, корвон — оптови, нишон — знак, фурудгоҳи куҳна — старий аэропорт, назоратгоҳ — пост, дархост қабул мекунем — заказ қабул менамоем ва ғайра) аз забонҳои дигар миллату халқиятҳо ба забони тоҷикӣ ворид шуда, аҳли ҷомеа ин калимаҳоро васеъ истеъмол мекунанд. Масалан, мусофир ба ронанда муроҷиат карда мегӯяд, ки дар «падземка» истед, ронанда дар навбати худ ба мусофирон мегӯяд, ки «падземка» ҳаст?
Дар ошхонаҳо бо забони ширини тоҷикӣ пешхидматҳо муошират карда наметавонанд. Ман дар ошхонае аз пешхидмат пурсидам, ки кадом намуди хӯрокро доред? Ӯ ҷавоб дод, ки «лубой» хӯрокро дорем. Ё онҳо номи таомҳоеро номбар мекунанд, ки фаҳмидан мушкил аст.
Хуб мешуд, барои ислоҳи камбудҳо аҳли ҷомеа, зиёиён, воситаҳои ахбори омма, бахусус, шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи истилоҳот ва забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои ҷолиби диққат таҳия намоянд.
Иззатулло РАҲИМОВ,
корманди Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос
ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф