Замоне буд, ки халқи тоҷик умед ба фардои дурахшон надошт. Ҳама дар биму ҳароси ҷони хеш буданд. Хушбахтона, ба бахти нек ва иқболи баланди халқи тоҷик замон марди қавииродаеро ба сари қудрат овард, ки тавонист ба мардум умед бахшад. Ӯ тавонист вазъиятро дигаргун созад, халқро муттаҳид намояд, барои ҳаёти осудаю ояндаи неки халқ заминаи ҳақиқӣ гузорад.
Ӯ нахуст кори хешро аз барқароркунии сулҳ ва ваҳдати миллӣ оғоз намуда, ба халқи тоҷик ваъда дод, ки «… ман ба шумо сулҳ меорам, мо муттаҳид мешавем, аз як гиребон сар мебарорем, то Ватани худро ҳифз намоем ва барои ободиаш камари ҳиммат бандем». Ҳама пиру барно, хурду калон ин суханҳоро бо як руҳияи болида ва ихлосу иродатмандӣ пазируфтанд. Ин марди шариф ва маҳбуби халқу Ватан, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки бо ақлу заковат, неруву тавоноии худ ҳокимиятро дар Тоҷикистон барқарор карданд. Боиси ифтихор ва сарбаландии мо – сокинони ҷумҳурӣ аст, ки дар чунин Ватани ободу ором ва фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Дастовардҳои беназире, ки мо соҳиб гардидем, пеш аз ҳама, чашидани лаззати соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Хушбахтона, тӯли 31 сол мешавад, ки халқи некном ва сарбаланди тоҷик дар даст парчами миллат, дар лаб ғазали пурмуҳтавои «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» ба сӯи ободкориҳову созандагиҳо гомҳои устуворона мегузоранд. Воқеан, Истиқлоли давлатӣ, ки бо талошу ҷоннисориҳои Пешвои миллат, таҳкиму неруманд гардид, дар таърихи навини халқи тоҷик ҳамчун падидаи нодир, бесобиқа ва фавқулода арзёбӣ мегардад. Ин падидаи нек мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён чун кишвари орому осуда ва дорои афзалиятҳои миллӣ муаррифӣ намуда, мужда аз ояндаи нек дод. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишварҳои зиёди минтақа ва ҷаҳон бо Тоҷикистон равобити сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоиро ба роҳ монда, дар симои Пешвои миллат дӯсти боэътимод ва дипломати сатҳи баландро дарёфтанд.
Бунёди роҳҳо, неругоҳҳои барқӣ — обӣ, мавриди истифода қарор додани корхонаҳои саноатӣ ва ғайра аз соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Ба даст овардани истиқлоли комили сиёсӣ тақозои онро дорад, ки беш аз пеш баҳри ободу зебо гардидани кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ диҳем. Ба ҷаҳониён бояд нишон дод, ки халқи тоҷик таърихи пурғановатро дорост ва метавонад тӯли қарнҳои зиёд аз насл ба насл онро ба мерос гузорад. Пешвои миллат солҳои 2022-2026-ро ҳамчун «Солҳои рушди саноат» дар кишвар эълон намуданд. Ҳамин тавр, ҳамаи чор ҳадафи стратегии кишвар: 1) Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ; 2) Таъмини амнияти озуқаворӣ; 3) Расидан ба истиқлоли энергетикӣ; 4) Саноатикунонии босуръати кишвар амалӣ гардида истодаанд, ки аз самараи неки соҳибистиқлолии кишвари азизамон дарак медиҳанд. Ватани азизамон рӯз то рӯз ободу зебо ва дигаргун шуда истодааст. Сатҳи зиндагии мардум низ беҳтар мешавад.
Ин ҳарфу каломи Пешвои миллат бо ҳарфҳои зарҳалӣ бояд навишта шаванд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёкони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем, ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ ва миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо ваҳдати мардуми Тоҷикистон, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ва дӯстию ҳамкориҳои судманд бо мамлакатҳои пешқадами дунё моро ба ояндаи пурсаодат мерасонанд».
Пас, ба қадри ин ҳама неъматҳои гаронарзиш бояд расид, онро ҳифз кард ва муаррифӣ намуд. Ҳамаи ин андешаҳоро метавон аз забони шоире ҳусни анҷом бахшид:
Ин ҳастии мо намои Истиқлол аст,
Пирӯзии мо ливои Истиқлол аст,
Шукри нафасе, ки ҳар нафас мегирем,
Дар синаи мо ҳавои Истиқлол аст.
Мирҷумъа НУРОВ,
омӯзгори мактаби №13,
ноҳияи Айнӣ,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон