Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми чорумро ишғол намуд. Ҳамчунин, бори нахуст дар таърихи донишгоҳ (31 – уми март), ҳимояи ошкорои рисолаи таҳқиқотӣ барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА- 014 дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора, дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон ректори ин муассисаи таълимӣ Ҳакимбек Абдуалимзода иттилоъ дод.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бо мақсади омода кардани кадрҳои рақобатпазир, қабули довталабон аз рӯйи ихтисосҳои «иқтисоди рақамӣ», «бехатарии иқтисодӣ», «идораи давлат ва ҳуқуқ», «амнияти компютерӣ», «кибернетикаи иқтисодӣ» ва «идораи давлатӣ» ба роҳ монда шуд. Бо мақсади иҷрои Протоколи ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ, кафедраҳои базавии вазорату идораҳои дахлдор таъсис дода шуда, аввалин маротиба дар заминаи озмоишгоҳҳои навтаъсиси таълимии донишгоҳ, аз ҷумла, озмоишгоҳи таълимии гумрукӣ, маркази бонки таълимӣ, озмоишгоҳи таълимии иқтисоди рақамӣ, озмоишгоҳи таълимии кафедраи андоз ва андозбандӣ таҷрибаомӯзии таълимии донишҷӯён баргузор карда шуд.
Ҳ. Абдуалимзода афзуд, ки дастоварди дигари муҳимми донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ, иштироки фаъоли донишҷӯён дар озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ба ҳисоб меравад, ки дар ин озмунҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар донишгоҳ 4 озмуни ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуда, олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ маҳз дар ин донишгоҳ баргузор гардид.
Аз хусуси ҳамкориҳои байналмилалӣ сухан гуфта, ректор зикр кард, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо дар ин бахш дар соли таҳсили сипаришуда донишгоҳ бо 12 муассисаи олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ имзо намуда, як қатор устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба ҷумҳуриҳои Олмон, Ҳиндустон, Латвия, Туркия, Эрон, Россия ва Ӯзбекистон сафар намуда, аз таҷрибаи пешқадами таълиму тарбия ва корҳои илмию таҳқиқотӣ баҳраманд гардиданд.
Ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили 2022 – 2023 теъдоди умумии хатмкардагон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо 1950 нафар буда, аз ин 1754 нафар шуъбаи рӯзонаи бакалавр, 141 нафар магистратура ва 872 нафар таҳсилоти фосилавӣ ва маълумоти дуюми донишгоҳро ташкил дод.
Таъминоти кадрии раванди таълим бошад, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, дар ин робита ба донишгоҳ 22 доктори илм, 151 номзади илм, 200 муаллими калон ва ассистентон ба фаъолияти таълимӣ ҷалб шудаанд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»