БОЗӢ ВА ТАШАККУЛИ КӮДАКОН

Дар синни томактабӣ кӯдакон дар рафти бозиҳо барои ташаккули минбаъдаи худ дониш ва малака мегиранд. Машғулияти муҳимми кӯдакони синни томактабӣ бозиест, ки дар он кӯдакон ба фаъолият ва муносибатҳои калонсолон тақлид мекунанд. Дар инкишофи равонии кӯдакони синни томактабӣ дигар намудҳои фаъолияти онҳо, ба мисли эҷодкорӣ, ихтироъкорӣ, шунидани афсонаҳо, шаклҳои ибтидоии кор ва ғайра саҳми бештар доранд.
Таҳлилҳои педагогӣ нишон медиҳанд, ки бозӣ ҳаёти кӯдак аст. Маҳз дар рафъи душвориҳо хислат ва рафтори кӯдакон ташаккул ёфта, дар раванди бозиҳо эҳтиёҷ ба ёрӣ додан дар мавридҳои зарурӣ ба дигарон ба миён меоянд. Бозиҳои шавқовар лаззати хубу фараҳбахшро ба вуҷуд меоранд, ҳаёти кӯдаконро мукаммал ва талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд. Ба кӯдакон бояд бозӣ кардан омӯзонда шавад. Чунки бозӣ фаъолиятест, ки мақбули кӯдакон буда, педагог метавонад барои таълиму тарбия додани онҳо аз амалҳо, усулҳо ва воситаҳои гуногун истифода намуда, раванди педагогиро ба роҳ монад. Барои он ки бозиҳо ба кӯдакон таъсири мусбати тарбиявӣ дошта бошанд, танҳо истифода бурдани дастурҳо кифоя нест. Зарур аст, ки худи мураббиён ва педагог ба бозӣ шавқу ҳавас дошта бошад ва хар ду мураббие, ки дар як гурӯҳ кор мекунанд, нисбат ба кӯдакон як хел талабот пешниҳод кунанд.
Чунин мушкилиҳо дар ин раванд вуҷуд доранд: кӯдакон худашон бозӣ мекунанд; намехоҳанд ва намедонанд, чӣ гуна бозичаҳоро мубодила кунанд; дар бозӣ кӯдакон худхоҳона муносибат мекунанд; кӯдакон байни худ ҳамдигарфаҳмӣ надоранд.
Сабаби ин дар он аст, ки дар хона кӯдак аз ҳамсолон ҷудо мешавад. Ба он одат кардааст, ки тамоми бозичаҳо танҳо ба ӯ тааллуқ доранд, ҳама чиз ба ӯ иҷозат аст, дар хона касе чизеро аз ӯ намегирад. Ва бо омадан ба муассисаи томактабӣ, ки дар он ҷо кӯдакони зиёде ҳастанд, мехоҳанд бо ҳамон бозичаи ӯ бозӣ кунанд. Аз ин рӯ, муноқиша ва нофаҳмиҳо бо ҳамсолон рух медиҳанд. Барои он ки кӯдакон оромона аз муҳити хона ба муассисаи томактабӣ гузаранд, ташкили фазои оромонаву дӯстона дар байни кӯдакон ташкил кардан лозим аст. Яке аз чунин воситаҳо бозӣ ба шумор меравад, ки ҳамчун шакли муттаҳидшавӣ ва ташкили ҳаёти кӯдакон дониста мешавад. Муносибатҳои дӯстона шарти зарурии инкишофи умумии руҳия ва шахсияти кӯдакони синни томактабӣ мебошанд. Дар бозӣ зарурати муошират бо ҳамсолон талаботи муҳимми иҷтимоии кӯдакони синни томактабӣ маҳсуб меёбад. Иштирок дар бозиҳо ба ҳамдигар наздик шудани кӯдаконро осон ва ба пайдо кардани муҳити созгор мусоидат мекунад. Инчунин, ба раванди таълиму тарбия ёрӣ расонда, ба кори фикрӣ, ки барои таълим дар мактаб зарур аст, замина фароҳам меорад.
Дар синни томактабӣ азхудкунии донишҳои нав дар бозӣ назар ба машғулиятҳои дарсӣ хеле муваффақтар аст. Кӯдакон, ки саргарми бозӣ мегарданд, пай намебаранд, ки чизҳои навро омӯхта истодаанд. Хусусияти бозӣ ду ҷанба доштани он мебошад. Яъне, бозӣ ҳам ҷанбаи тарбиявӣ ва ҳам маърифатӣ дорад. Дар ҳар ду ҳолат, ҳадафи бозӣ на ҳамчун интиқоли дониш, балки ҳамчун инкишофи баъзе равандҳои равонӣ ва қобилиятҳои кӯдакон ба ҳисоб меравад. Барои он ки бозӣ кӯдаконро саргарм ва ҷалб кунад, ба ҳар яки онҳо таъсири мусбат расонад, тарбиятгар, педагог ва мураббӣ бояд иштирокчии бевоситаи он гардад. Педагог бо рафтор ва муоширати эмотсионалии худ кӯдаконро ба фаъолияти муштарак ҷалб карда, раванди бозиро барои онҳо муҳим ва пурмазмун мегардонад. Педагог ба маркази ҷалби бозӣ табдил меёбад, ки ин махсусан, дар марҳалаҳои аввали шиносоӣ бо бозии нав муҳим мебошад. Бозиҳо бо ҳама гуногунрангии худ барои кӯдакон бо мақсадҳои муайян пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла: кӯдакон дар раванди бозӣ аз муошират шодӣ мекунанд; имову ишора ва калимаҳоро барои баён кардани муносибати худ ба бозичаҳо ва шахсони дигар истифода мебаранд; фаъолияти мустақилонаашонро рушд мебахшанд; амалҳои ташаббускорияшонро дастгирӣ менамоянд.

Файзимо РАҲИМЗОДА,
унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи рушди маориф
ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон