ИСТИФОДАИ ХАРИТА ДАР ДАРСИ ТАЪРИХ

Харита аз ҷумлаи воситаҳои аёниест, ки дар таълими фанни таърих ва география васеъ истифода бурда мешавад. Донистани харита ба хонанда имкон медиҳад, ки ҳодисаҳоро дар фазои таърихӣ муайян намуда, оид ба ин ё он кишвар маълумот пайдо кунад. Бинобар ин, харитаро бо дигар воситаҳои аёнӣ иваз намудан ғайримумкин аст.
Мафҳуми фазои таърихӣ яке аз ҷузъҳои муҳими донишҳои таърихӣ мебошад. Он омӯзиши харитаи таърихии ҷаҳонро дар миқёси хусусиятҳои ҷуғрофӣ, экологӣ, этникӣ, иҷтимоӣ, ки дар харита инъикос ёфтааст, пешбинӣ мекунад.
Хонандагон ба омӯзиши таърих аз синф шуруъ мекунанд ва бо харита бори аввал шинос мешаванд.
Барои омӯхтани таърих дар синфи панҷ тасаввуру тахайюл дар бораи асотири таърихӣ ва эҷодкорӣ яке аз воситаҳои муҳим ва бунёдии илми таърих мебошад. Маҳз бо ин роҳ метавон дар машғулиятҳо қонунмандиҳои таърихиро ба хонандагон омӯзонд. Бинобар ин, барои дарки тасаввурот дар бораи фазои таърихӣ ва маҳалли ҷойгиршавии шаҳр ё давлат истифода бурдани харитаи сиёсии ҷаҳон, харитаҳои таърихию ҷуғрофиёӣ ва мавзуӣ аз манфиат холӣ нест.
Бисёре аз рӯйдодҳои таърихиро танҳо дар робита бо шароити муайяни фазоӣ дарк кардан мумкин аст. Ҳодисаҳои таърихии маҳаллӣ бо ёрии харитаҳои таърихӣ, нақшавӣ, ҷуғрофиёию релефӣ омӯхта мешаванд. Ба фарқ аз дигар асбобҳои аёнӣ, масалан, расмҳои таълимӣ, харита на танҳо тасвири амиқи визуалӣ (тахаюлӣ) — и рӯйдодҳоро медиҳад, балки бо истифода аз он сохтори фазо ва вақти рух додани ҳодиса дубора пеши назар меояд.
Малакаҳои асосии донистани харитаҳои таърихӣ:
— қобилияти хондани харитаи таърихӣ аз рӯи асотир;
— ҷустуҷӯи иттилои зарурӣ аз чанд манбаъ;
— муқоисаи маълумот бо манбаъҳои гуногун;
— муайян кардани тафовут ва монандӣ ба шумор мераванд.
Яъне, малакаҳои асосии донистани харита барои дастрасӣ пайдо кардан ва донистани харитаи таърихӣ ба омӯзгор, пеш аз ҳама, зарур аст, то дар асоси афсонаву ривоят, матни насрӣ ва ғайра ҷойгиршавии ин ё он маҳалро ёбад ва бо якчанд манбаъ муқоиса карда, дақиқии онро барои худ муайян намояд ва дар раванди дарс самаранок истифода барад.
Шартҳои асосии кор бо харитаҳои таърихӣ:
— истифодаи пайвастаи харитаҳои таърихӣ дар раванди таълим ҳамчун манбаи муҳимми иттилоъ ва воситаи ташаккули донишу малакаи хонандагон;
— муттасилӣ дар пешрафти фаъолият аз синфи панҷ то синфҳои болоӣ бо дарназардошти имконоти синну соли хонандагон;
— амалӣ кардани вазифаҳои гуногуни харитаҳои таърихӣ (иттилоотӣ, таълимӣ);
— истифодаи харитаҳо дар омӯзиши маводи нав, ташкили корҳои ҷустуҷӯӣ дар дарсҳои ҷамъбастӣ;
— истифодаи самараноки харитаҳо дар ҳамбастагӣ бо мавзуи дарс;
— истифодаи шаклҳои гуногуни кор бо харитаҳои таърихӣ (гурӯҳӣ ва инфиродӣ);
— истифодаи самараноки харита дар низоми вазифаҳои фарқкунанда;
— ҳамоҳангсозии пайвастаи фанни таърихи халқи тоҷик бо таърихи умумӣ тавассути харитаҳои таърихӣ;
— такя кардан ба донишҳое, ки мактаббачагон ҳангоми кор бо харитаҳо аз дигар фанҳо ба даст меоранд.
Бо шартҳои зикрёфта омӯзгор метавонад кори худро дар ташаккули тафаккури тахайюлии хонандагон аз дарсҳои аввали таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумӣ дар синфи панҷ оғоз намояд. Ҷараёни ҳаводиси дунёи қадим барои ташаккули тафаккури тахайюлии хонандагон имкони васеъ дорад. Миқдори зиёди маводе, ки пешниҳод шудаааст, ба омӯзгор имкон медиҳад, ки хонандаро бо кор ба харита шавқманд кунад. Бояд гуфт, ки ба харита ҳамчун сарчашмаи маълумот дар бораи таърихи давлат, шаҳр, қаламрави омӯхташаванда бояд аҳаммияти махсус дода шавад.
Бо ишора ба харита, аллахусус, дар дарсҳои аввал омӯзгор метавонад ба хонандагон пешниҳод кунад, ки қутбнаморо дар рӯи коғаз кашанд ва онро ба харита дар тӯли дарс пайваст намоянд ё дар канори харита бо нишон додани паҳлӯҳои уфуқ ва самтҳои он навиштаҷот сохта овезанд, ки ин яке аз роҳҳои рушди тафаккури тахайюлии хонандагон мебошад. Истифодаи харита ва тасвири он ҳангоми омӯзиш тасаввуроти воқеии ҷуғрофӣ ва фазоро ба вуҷуд меорад. Истифодаи харитаҳои замимавӣ-нақшавӣ низ дар ташаккули тафаккури хонанда ёрӣ мерасонад. Афзалияти харитаи нақшавӣ дар он аст, ки ҷараёни иттилоот тадриҷан меафзояд ва миқдори маводеро, ки барои мавзуи муайян зарур аст, дар бар мегирад.
Ҳангоми кор бо харитаи таърихӣ тавсифи ҷойгиршавии як давлат, бо нишонаҳои ҷуғрофӣ (баҳр, дарё, қитъа ва ғайра), инчунин, бо номҳои шаҳру давлатҳо ва халқҳои ҳамсоя диққат додан зарур аст. Омӯзгор такрор ба такрор ба шогирдон хотиррасон мекунад, ки танҳо дар харита нишон додани сарҳади як давлат кифоя нест, инчунин, ҷойгиршавии давлатро дуруст тасвир кардан лозим аст. Дар ҳар сурат, ҳангоми такя ба харита на танҳо объекти омӯзишро мебоист дуруст нишон дод, балки ҷойгиршавии он, қаламрави давлат, ҳамсояҳо, минтақа, қитъа набояд аз мадди назар дур монад.
Тавсифи шифоҳии объекти таърихию ҷуғрофӣ дар харита:
— номи қитъа ё қисми он, ҷазира, минтақаи кураи Замин;
— бо ҳам наздик кардани объект (кишвар ё давлат) бо баҳрҳо, иёлот, дарёҳо, шаҳрҳо ва ғайра;
— нишон додани самти ҷойгиршавии объект (ҷануб, шимол, шимолу шарқ ва ғайра).
Масалан, Афина дар минтақаи Аттика (Юнони имрӯза), дар ҷанубу шарқи Юнони Марказӣ, дар ҷанубу шарқи нимҷазираи Балкан ва дар ҷануби қитъаи Аврупо ҷойгир аст. Омӯзгор пайваста «суроғаи лафзӣ»-и далелҳои таърихии омӯхташавандаро дар муроҷиати худ ба харита даъват мекунад ва хонанда маҳорати ба ин монандро бо намуна ва дар машқҳои махсус амалӣ ва билохира онро аз бар менамояд.
Кор бо харитаҳои таърихӣ бояд мунтазам ва пайдарпай бошад. Ҳар як омӯзгор маҷмуи супоришҳои таълимӣ барои кор бо харитаи таърихиро дар синф дорад. Баъзе вазифаҳоро аз китоби дарсӣ истифода бурдан мумкин аст, аммо аксар вақтҳо инҳо супоришҳои одӣ, аз қабили «нишон диҳед», «ёбед» ва ғайра мебошанд. Илова бар ин, омӯзгор метавонад шаклҳои дигари таълими харитаро дар дарсҳои таърих истифода барад. Мавриди зикр аст, ки кор бо харитаи таърихӣ бояд бо супоришҳои мунтазам дар харитаи контурӣ (ноҳиявӣ, минтақавӣ) омезиш дода шавад, зеро ин яке аз воситаҳои таълими амалии дарси таърих мебошад.
Барои омӯзиши далелу рақам ва рӯйдодҳои таърихӣ дар фазои таърихӣ ба дониш ва малакаи харитадонӣ такя намуда, дар робита ба ин метавон гуфт, ки ба даст овардани ин малакаҳо аз ҷониби хонандагон ба онҳо имкон медиҳад, ки дар дарсҳои таърихи умумӣ ва таърихи халқи тоҷик тасаввуроти тахайюлии худро ташаккул диҳанд.
Барои ташхис, санҷиш ва баҳодиҳии донишҳои ибтидоии малакаи харитадонии хонандагон шаклҳои гуногуни санҷишҳо мувофиқанд. Масалан, дар аксар вақт тест-харитаро бо супоришҳои намунавӣ истифода бурдан мумкин аст. Чунин навъи тестҳо бештар ба хусусиятҳои синну соли кӯдакони 10-12-сола мувофиқат мекунанд. Омӯзгор метавонад, бо дарназардошти хусусиятҳои синф ё хонанда кори тестиро худ тартиб диҳад. Ғайр аз ин, адабиёти иловагии васеъ мавҷуд аст, ки ба омӯзгор, алалхусус, ба омӯзгори ҷавон ёрӣ мерасонанд:
1. Тестҳо барои гурӯҳбандии иттилооти харитадонӣ, аз ҷумла, иҷрои супоришҳо дар харитаи маҳаллӣ:
Самти кӯчидани муҳоҷирон, инчунин, гурӯҳҳои одамонро, ки юнониҳо ташкил кардаанд, нишон диҳед (иҷро дар харита).
2. Озмоишҳо бо ҷавоби маҳдуд:
Кишвари Миср дар … ҷойгир аст.
Пойтахти Юнони қадим, … ки ба шаҳри бузург табдил ёфт…
Хонандгон ин синну сол бо хушнудии зиёд дар иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ба тариқи бозӣ ё хусусияти рақобатпазирӣ иштирок мекунанд.
3. «Ватани онро пайдо кунед».
Аз рӯи номи мева ва ашёи рӯзгор, (хурмо, шафтолу, чой, абрешим ва ғайра) шаҳр ё давлатро кӯдакон бо шавқу завқ меёбанд.
4. «Кӣ пештар?»
Хонандагонро ба гурӯҳҳои баробар тақсим карда, оид ба мавзуи муайян санаҳо ё рӯйдодҳоро номбар кунанд. Онҳоро дар гурӯҳҳо баррасӣ кунанд ва намояндагони гурӯҳҳо баромада дар харита нишон ва шарҳ диҳанд.
5. «Роҳнамо»
Маршрути сайёҳӣ тартиб диҳед ва дар бораи ҷойҳои намоён нақл кунед. Ин намуди машғулиятро дар дарсҳои дилхоҳ ва дар ҳар марҳалаи дарс истифода бурдан мумкин аст, ки ҳам кори инфиродӣ ва ҳам гурӯҳии хонандагонро дар бар мегирад.
Умуман, супоришҳои рангоранги пешниҳодшуда аз ҷониби омӯзгор баҳри коркарди харитаи таърихӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки таваҷҷуҳи худро ба кор бо маводи иловагӣ нигоҳ доранд, дониш ва малакаҳои харитадонии худро ташаккул диҳанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо кор бо харита дар аксар мавридҳо аз мадди назар дур мондааст. Ба харита бояд аҳаммияти ҷиддӣ дода шавад, зеро он на танҳо манбаи дониш, балки воситаи ташаккули тафаккури интиқодии хонанда мебошад. Харитадонӣ бо донишҳои таърихӣ дар ҳамбастагии зич қарор дорад. Истифодаи харитаи таърихӣ худ мақсади ниҳоӣ нест, балки воситаи дарки бештари бошууронаи ҳодисаҳо ва падидаҳои таърихӣ мебошад. Бинобар ин, барои пешрафти кор бо харита ва беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим чанд пешниҳод дорем:
1. Аз синфи 5 то 11 харитаҳои мавзуӣ нашр ва ба тамоми муассисаҳои таълимии кишвар дастрас карда шаванд, зеро ҳар як мавзуи алоҳидаи таърих харитаи махсуси худро дорад, ки он барои баланд бардоштани савияи донишҳои тахайюлии таърихии хонандагон ёрӣ мерасонад.
2. Осорхонаи таърихӣ дар мактаб. Ҳадди ақал дар ҳар муассисаи таълимӣ як осорхонаи мактабӣ бо ташаббуси роҳбарият аз ҷониби иттиҳодияи методии омӯзгорони фанни таърих дар сатҳи мактаб ба роҳ монда шавад.
3. Системаи кабинетии фан. Ин ҷо бояд гуфт, ки, хушбахтона, дар айни замон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар синфхонаи махсуси биология, физика, химия, технологияи иттилоотӣ ташкил ва ба роҳ монда шудааст, вале синфхонаи махсуси таърих, ки бо таҷҳизоту аёнияти фан муҷаҳҳазонида шудааст, кам ба чашм мерасад. Бинобар ин, хуб мебуд низоми кабинети фаннӣ барои таърих аз нав ҷорӣ карда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешуд.

Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»