ФАЪОЛИЯТИ ГУНОГУНҶАБҲА

Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ректори он Илҳом Амонзода доир ба такмили сохтор ва омори донишгоҳ маълумот дода, афзуд, ки дар муассиса ҳашт факултет, бист кафедра, ду марказ, инчунин, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд. Теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ 3642 нафарро ташкил медиҳад ва таълим тибқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст.
Чунонки ректор гуфт, ҳоло дар сохтори асосии донишгоҳ аз рӯйи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯйи 36 ихтисос дар зинаи магистратура, аз рӯйи нуҳ самти илмӣ аспирантура ва аз рӯйи ҳашт самти илмӣ докторантура аз рӯйи ихтисос PhD мутахассис тайёр карда мешавад.
— Дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022 – 2023 дар 255 гурӯҳи академӣ 3642 нафар донишҷӯ ба таълим фаро гирифта шуда, аз ин 2488 донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи зинаи бакалавриат, 1076 донишҷӯи факултети фосилавӣ – ғоибона ва 78 донишҷӯи зинаи магистратура ташкил доданд, — иброз дошт И. Амонзода. – Аз теъдоди умумии донишҷӯён 870 нафар дар асоси буҷавӣ, 69 нафар дар асоси квота ва 2703 нафар дар асоси шартнома таҳсил доштанд.
— Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаи илму маорифи мамлакат 27 сентябри соли 2022 ДТТ дар рейтинги байналмилалӣ ширкат варзида, дар байни донишгоҳҳои АвруОсиё ҷойи ифтихориро ба даст овард ва ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфузи АвруОсиё шомил гардид. Донишгоҳ бо ҷоизаи «Ситораи сифат»-и рейтингҳои байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олӣ – «Рейтинги донишгоҳҳои
АвруОсиёи IAAR (IAAR – EUR) – 2022» қадрдонӣ шуд, — иттилоъ дод И. Амонзода.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 7 омӯзгор рисолаҳои номзадӣ ва докториашонро дар Шуроҳои диссертатсионии КОА ҶТ ва ФР бомуваффақият ҳимоя намуданд. Инчунин, ҳайати омӯзгорон дар шаш моҳи соли ҷорӣ соҳиби панҷ патент оид ба ихтирооти ҶТ ва чор натиҷаи мусбат оид ба гирифтани патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»