Муслима ин пагоҳ ҳам аз рӯйи одат ба кор барвақт омаду вориди утоқи кораш шуд. Якчанд дафтари (журнал)-и синфро гирифта варақгардон намуд. Ягон – ягон камбудашонро дар саҳифаи охири журнал навишт, то роҳбарони синфҳову муаллимон онро бинанду аз пайи ислоҳаш шаванд. Баъд рӯзномаву маҷаллаҳои навро аз назар гузаронд. Дар як ҳафтанома чашмаш ба мақолае афтод, ки «Мушкил дар донишгоҳ не, дар мактаби миёна аст!» унвон дошт. Худ ба худ бо муаллиф дар мунозира шуд:
– Э, не, бародар, — гуфт ӯ тавре ки гӯё мусоҳибаш рӯ ба рӯяш нишаста бошад, — дар андеша андак зиёдаравӣ кардаед. Мушкили камсаводӣ ё камдонишии наврас ё ҷавон ҳам дар мактаби олӣ, ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар оила ва дар умум, дар ҳамаи мост. Чунки дар ҳар се зина ба толибилм муносибати яксон намешавад.
Ман дар таҷриба дидаам, ки роҳбари синф ё омӯзгор бисёр мекӯшад, то робитаи муфиде бо оилаи хонандаи сустхон барпо намояд. Чанд бор бо модари кӯдак дар ин мавзуъ ҳамсуҳбат мешавад. Дар мавриди нахуст розигии «хуб, ба рафти дарстайёркуниаш назорат менамоям»-ро мешунавад. Чун вазъ тағйир намеёбад, бори дуюм ба модар муроҷиат мекунад ва ҷавоби «ҳамин қадар мегӯям, гардан намефурорад. Калон шуда ақлаш дарояд, баъд шояд бихонад»-ро мешунавад. Омӯзгор бо ин саҳлангорӣ чӣ кор кунаду чӣ гуна вазъро беҳбуд бахшад? Ин модар гоҳе дар мактаб пайдо мешавад, агар омӯзгоре писар ё духтарашро бо сабабе ҷазо дода бошад. Яъне, танҳо барои даъво.
Аз ин хотир, агар дар камҳавсалагии наврас ба хондан, аз як тараф, камэътибории модар сабаб гардад, аз тарафи дигар, набудани назорати ҷиддии падар ҳам боис аст, зеро аксари падарон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва ба гуфтаи кадбонуҳо, дар оилаҳо дасти мард намерасад. Ба ҳайрати аксари омӯзгорон баъзе аз ин сустхонҳо ҳамчун донишҷӯ ба макотиби олӣ дохил мегарданд, онро хатм ҳам мекунанд. Аммо сатҳи дониш дар бисёре аз ин тоифа чи тавре буд, ҳамон тавр мемонад. Муслима ба ёд меорад, ки боре директори муассиса занг зада, хоҳиш намуд, ки наздат навхатмкардаеро мефиристам, аризаашро оид ба кор қабул намо. Вай хулосаи таҳлилашро оид ба дарсҳо ба омӯзгоре мефаҳмонд, ки духтараки мавзунқомате наздашон омад ва муддаояшро изҳор кард. Мудир ба вай коғазу қалам дода фармуд, ки ба номи директор ариза нависад. Чун музтар мондани духтарро дид, ба ёрияш шитофт.
— Дар девори роҳрав намунаи ҳуҷҷатҳои услуби расмӣ — коргузорӣ овехта шудааст, — гуфт ӯ. — Дар ҳамон ҷо намунаи ариза ҳам ҳаст, ҳамонро бину навис.
Баъди чанде духтар навиштаашро овард, ки ариза ба номи директори МТМУ №62-и ноҳияи Файзобод буд. Фаҳмиданд, ки мутахассиси ҷавон қобилияти дарку таҳлили дуруст надорад, муаллими ҳамсуҳбати мудир пурсид:
— Ту ба кадом мактаб ба кор омаданӣ ҳастӣ, духтарам?
— Ба мактаби худамон, ба ҳамин МТМУ №9.
— Пас, чаро дар аризаат мактаби дигарро нишон додӣ?
— О, дар он ҷо ҳамин тавр навиштаанд, — гуфт хатмкардаи дипломдор бепарво.
Хулоса, он рӯз духтар аризаро бори сеюм зери дикта навишт, вале боз бо ғалатҳои зиёд.
— Инҳо чӣ тавр ба мактаби олӣ қабул мешуда бошанд? – аз ҳамшафаташ пурсид Муслима ва ба ҷавоб мунтазир нашуда илова намуд: — Охир, ҳангоми таҳсил дар он ҷо вай ҳар сол кори курсӣ навишт, санҷишҳои нимсолаву солона супорид. Наход, дар ин муддат ба сатҳу сифати дониши ӯ омӯзгоре аҳаммият надода бошад? Оё мумкин аст, ки ин камсаводии ӯ пинҳон монад?
Ҳамсуҳбат ба маънои «намедонам» китф дарҳам кашид, лекин фикрашро нагуфта натавонист.
— Мо донишгоҳу донишкадаи зиёде дорем. Шояд ба хотири пур кардани сафи донишҷӯён чашм пӯшида инҳоро ҳам қабул менамоянд.
Ин гуна ашхос баъди ба кор пардохтан, агар ғайрат кунанд, ба воситаи худомӯзӣ дар кор маҳорату малака ҳосил карда, роҳи худро меёбанд, вагарна, ба душвориҳо тоб наоварда, тарки касб менамоянд.
— Аммо, хушбахтона, дар гурӯҳҳои алоҳидаи донишгоҳу донишкадаҳои мо ҳам талабаҳои кӯшову ҷӯянда ба чашм мерасанд, ки ба ин ширкаташон дар озмуну олимпиадаҳо гувоҳ аст…
Муслима Ҷалолова омӯзгори забону адабиёти тоҷик ва муовини директор оид ба таълими муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба номи Бобо Раҷабзодаи деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент аст. Падараш Садриддин Ҷалолов сармуҳандиси совхози «Панҷакент» буд ва дар лаҳзаҳои фориғ аз кор бо мутолиаи китоб зиёд машғулӣ дошт, ки он китобҳо ҳам соҳавӣ ва ҳам бештаринашон асарҳои бадеӣ буданд. Азбаски ҳисси кунҷковӣ ва ба касе, хусусан, ба калонсолон, пайравӣ кардан дар кӯдак амри воқеист, бо китоб бисёр нишастанҳои падар шавқи духтарро ҳам ба китоб барангехт. Дилбастагӣ ба китоб Муслимаро баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ овард. Ҳамин тавр, ӯ соҳиби маълумоти олӣ шуд ва ба мактаби зодгоҳаш, ба ҳамон мактабе, ки худ он ҷо таҳсил намуда буд, ба ҳайси омӯзгор ба кор омад.
Муслимаро баъди чор соли пурсамари омӯзгорияш мудири қисми таълим таъйин намуданд.
Вай имсол 29-умин соли фаъолияти омӯзгорияшро ҷамъбаст менамояд. Дар мактаб услуби хоси кори худро роиҷ кард. Ҷавонони нав ба кор омадаро ба омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда, бо ҳамин хотирҷамъ намешуд, балки минбаъд ҳам онҳоро аз мадди назараш дур намекард. Ба онҳо маслиҳатҳои методӣ медод, такроран ба дарсҳояшон медаромад, роҳу усулҳои беҳтару хубтари дарсдиҳӣ, аз ҷумла, таълими босалоҳиятро барояшон талқин менамуд ва пайваста ба худомӯзӣ ташвиқ мекард, то дарсҳояшон босамару хотирмон гузаранд. Ҳамон духтараке, ки дар навиштани ариза дармонда буд, маҳз бо саъю кӯшиши пайгиронаи мудир ба мутахассиси огоҳу кордон табдил ёфт.
Муслима ба омӯзгорон ва роҳбарони синфҳо ҳар замон таъкид менамояд, то кӯшиш намоянд, ки иртиботи мактабу оила қавӣ бошад. Инро сарчашмаи муваффақияти толибилмон дар ҷодаи донишомӯзӣ медонад. Ҳамчунин, дар дарсҳояш ба хонандагону дар суҳбатҳояш ба омӯзгорони ҷавон талқин менамояд, ки бештар китоб хонанд, хусусан, асарҳои бадеиро, зеро китоб касро бомаърифат мегардонад, ақлро гирою зеҳнро бурро менамояд.
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муслима Ҷалолова натанҳо дар байни хонандагону омӯзгорони дабистон, балки миёни тамоми сокинони деҳаи Ёрӣ аз иззату эҳтиром бархӯрдор аст. Хурду бузурги деҳа, хусусан, занону духтарон барои ҳалли ҳар душворӣ ба ӯ муроҷиат мекунанд. Доимо бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон ба суолашон посух мегӯяд, оид ба рӯзгордорӣ, тарбияи фарзандон, танзими расму оинҳо ва ғайраҳо барояшон маслиҳатҳои судманд медиҳад. Аз ин рӯ, ҳамагон ӯро одами худӣ медонанд ва ба ӯ бовар мекунанд.
Абулҳай САИДҚОСИМ,
шаҳри Панҷакент