Роҷеъ ба тарзу усулҳои арзёбии сатҳи дониш, маҳорату малака ва салоҳиятҳои хонандагон дар шароити муносибати босалоҳият ба таълим то имрӯз аз ҷониби мутахассисону масъулони соҳа андешаҳои гуногун пешниҳод шудаанд. Аммо ҳақиқат ин аст, ки дар низоми таҳсилоти миёна, аз ҷумла, зинаи ибтидоии он то ҳол аз ҳамон меъёрҳои мавҷудаи баҳогузорӣ истифода мешавад.
Дар раванди таълими забони тоҷикӣ барои санҷиши сатҳи донишу маҳорати хонандагон анҷом додани корҳои хаттӣ: имлои калимаҳо, диктанти санҷишӣ, нақли хаттӣ ва иншо нақши муҳим дорад. Тибқи дастуру барномаҳои ҷорӣ меъёри баҳогузорӣ ба чунин навъи фаъолиятҳо маъмулан аз рӯйи ҳисоби ғалатҳои содиршуда муайян мегардад. Яке аз нишондиҳандаҳо (меъёрҳо)-и маъмулии баҳогузорӣ чунин аст:
Баҳои “5” ба коре гузошта мешавад, ки ягон ғалати имлоӣ ва аломатҳои китобат надорад ва ё як ғалати имлоӣ ё аломати китобат дорад.
Баҳои “4” ба коре гузошта мешавад, ки се ғалати имлоӣ ва ду ғалати аломати китобат дорад.
Баҳои “3” ба коре гузошта мешавад, ки панҷ ғалати имлоӣ ва се ғалати аломати китобат дорад.
Баҳои “2” ба коре гузошта мешавад, ки зиёда аз панҷ ғалати имлоӣ ва се ғалати аломати китобат дорад.
Дар ин маврид як чизи муҳим ба назар гирифта намешавад: ҳаҷми матни пешниҳодшуда (шумораи калимаҳо дар матни диктант, нақли хаттӣ ва иншо). Ба ибораи дигар, барои ҳар як синф вобаста ба сатҳ ва чорякҳо шумораи калимаҳо дар матни корҳои хаттӣ муайян шудаанд, ки марҳала ба марҳала зиёдтар мешавад, аммо баҳо аз рӯйи шумораи умумии ғалатҳо (имлоӣ, аломатҳои китобат) гузошта мешавад. Масалан, агар хонанда ба 6 (шаш) ғалати имлоӣ ва 4 (чор) ғалат дар гузоштани аломатҳои китобат роҳ диҳад, баҳояш “ду” (ғайриқаноатбахш) аст, новобаста ба он ки шумораи калимаҳо дар матн 20-то аст, ё 80-то. Ба андешаи комили мо, чунин тарзи муносибат аз рӯйи адолат нест.
Ин вазъро дар мисоли диктанти санҷишӣ дар синфҳои ибтидоӣ ба тариқи возеҳ нишон медиҳем. Барои диктанти санҷишӣ дар ахири соли таҳсил барои ҳар як синф матнҳое пешниҳод мешаванд, ки шумораи калимаҳояшон чунин аст: синфи якум – то 20 калима, синфи дуюм – то 40 калима, синфи сеюм – то 60 калима, синфи чорум – то 80 калима.
Тибқи меъёри мавҷуда баҳои “ду” ва таносуби шумораи ғалатҳо бо ҳаҷми иҷрои кор (дарсадии иҷрои кор) чунин аст (ҳаҷми матн дар ахири соли хониш ба назар гирифта шудааст):
Синфи 1 (20 калима): 10 ғалат (6 имлоӣ, 4 аломати китобат) 50%-и корро ташкил медиҳад, 50%-и дигари кор дуруст иҷро шудааст;
Синфи 2 (40 калима): 10 ғалат = 25%, 75%-и кор дуруст иҷро шудааст;
Синфи 3 (60 калима): 10 ғалат = 17%, 83%-и кор дуруст иҷро шудааст;
Синфи 4 (80 калима): 10 ғалат = 12,5%, 87,5%-и кор дуруст иҷро шудааст.
Тавре ки мушоҳида мешавад, агар хонандаи синфи чорум аз 80 калимае, ки дар матни диктанти санҷишӣ пешниҳод шудааст, 70 (!) калимаро дуруст нависад ҳам, баҳои “ду” (ғайриқаноатбахш) мегирад. Оё ин аз рӯйи инсоф аст?
Агар мо тарзи арзёбии сатҳи донишу маҳоратҳои толибилмонро дар зинаҳои дигари таҳсилот, аз ҷумла, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, Маркази миллии тестӣ, дар имтиҳонҳои ҷории тестии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мушоҳида кунем, пай бурдан душвор нест, ки дар он ҷо маҳз ҳаҷми кори дуруст иҷрошуда ба назар гирифта мешавад. Масалан, ба донишҷӯ 25 тест пешниҳод мешавад ва барои ҳар ҷавоби дуруст ӯ соҳиби чор хол мегардад (дар маҷмуъ, ҳадди аксар ба 100 баробар мешавад). Сипас, натиҷаи кори ӯро маҳз аз рӯйи ҳамин меъёр бо шаклҳои гуногун (фоиз, калимагӣ, ҳарфӣ ва ғайра) ифода мекунанд. Дар аксар кишварҳои олам низ аз рӯйи ҳамин меъёр (дарсадии иҷрои кор) баҳо мегузоранд.
Бо дарназардошти мулоҳизаҳои боло, барои арзёбии салоҳиятҳои хонандагон аз корҳои хаттӣ чунин меъёрро пешниҳод кардан ба мақсад мувофиқ аст:
Баҳои “5” ба коре гузошта мешавад, ки 86-100%-и калимаҳо дуруст навишта шудаанд.
Баҳои “4” ба коре гузошта мешавад, ки 71-85%-и калимаҳо дуруст навишта шудаанд.
Баҳои “3” ба коре гузошта мешавад, ки 51-70%-и калимаҳо дуруст навишта шудаанд.
Баҳои “2” ба коре гузошта мешавад, ки 50% (ё камтар аз он) калимаҳо дуруст навишта шудаанд.
Тибқи ин меъёр баҳои хонандагоне, ки дар маҷмуъ 10 ғалат содир кардаанд, вобаста ба синфҳо дар мисоли диктанти санҷишӣ (ки дар боло шарҳ дода шуд) чунин мешавад: синфи якум – 2, синфи дуюму сеюм – 4, синфи чорум – 5.
Чунин тарзи муносибат ба баҳогузорӣ афзалиятҳои зиёд дорад, ки муҳимтарини онҳо чунинанд:
1. Шаффофият: омили субъективӣ аз байн меравад, омӯзгор имконияти ба таври сунъӣ баланд ё паст кардани баҳоро надорад.
2. Дақиқӣ: ҳар як хонанда баҳои худ ва баҳои шарикдарсашро аниқ ҳисоб карда метавонад. Масалан, агар дар синф 10 хонанда баҳои якхелаи “4” гирифта бошад ҳам, ҳар яке медонад, ки аз дигаре чӣ гуна фарқ дорад.
3. Адолат: хонанда вобаста ба ҳаҷми кори дуруст иҷрошуда баҳо мегирад, зеро таносуби ҳаҷми кор ва баҳо ба назар гирифта мешавад.
4. Рушди мустақилона: хонанда натиҷаҳои ҳар кори худро бо корҳои хаттии пешина муқоиса карда, хулоса мебарорад ва самти фаъолияти ояндаи худро муайян мекунад.
Тибқи қоидаи маъмулӣ, ба нақли хаттӣ ва иншо ду баҳо гузошта мешавад: мазмун (рушди тафаккур) ва савод (риояи қоидаҳои имло). Дар ин сурат, меъёри баҳо ба мазмун мисли пешина боқӣ мемонад, аммо дар қисмати савод, яъне, риояи қоидаҳои имло аз ҳамин меъёри пешниҳодшуда (таносуби дарсадии иҷрои кор бо ҳаҷми он) истифода бурдан лозим аст. Ба таври намуна, инро дар иншо барои синфҳои ибтидоӣ нишон медиҳем:
Миқдори калимаҳои иншо (тибқи барномаи таълим)
Хеле муҳим аст, ки меъёрҳои баҳогузорӣ вобаста ба ҷорӣ шудани муносибати босалоҳият ба таълим барои фанҳои дигар, аз ҷумла, барои зинаҳои асосӣ ва миёнаи умумии таҳсил низ аз рӯйи ҳамин принсип таҷдиди назар гардад, зеро он адолату шаффофиятро дар арзёбии салоҳиятҳои хонандагон таъмин мекунад. Ин масъала ҷанбаҳои равонӣ (психологӣ) низ дорад: он баҳоро аз василаи сарзаниш ба василаи ҳавасмандсозӣ табдил медиҳад.
Мо умедворем, ки мутахассисону масъулон ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар ин масъала бетараф нахоҳанд буд.
Азим БАЙЗОЕВ,
сармутахассиси шуъбаи инноватсия ва технологияи таълимии АТТ,
номзади илми филология