Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ректори он Жило Гулназарзода, аз ҷумла, зикр намуд, ки донишгоҳ мутахассисонро аз рӯйи 11 забон ва 31 ихтисос дар зинаи бакалавриат, 5 ихтисос дар зинаи магис-тратура ва 5 ихтисос дар зинаи докторантура омода менамояд. Аз шумораи умумии кормандону омӯзгорони доимии донишгоҳ 98 нафарашон устодони дараҷаи илмӣ (13 нафар доктори илм ва 85 нафар номзади илм) мебошанд.
Тибқи натиҷаи қарори комиссияи аттестатсионии хатм, дар соли таҳсили 2022-2023 донишгоҳро 828 нафар, аз ҷумла, 523 нафар шуъбаи рӯзона, 249 нафар шуъбаи фосилавӣ, 42 нафар зинаи магистратура ва 14 нафар зинаи докторантураро хатм намуданд. Ректор дар идома афзуд, ки дар донишгоҳ панҷ факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, инчунин, 16 кафедраи мутобиқи нақшаи нави таълимӣ аз рӯйи 41 ихтисос бо фарогирии 5183 нафар донишомӯз фаъолият менамояд. Дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ яке аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ таъсиси 21 ихтисоси нави ба талаботи бозори кори дохилӣ ва беруна ҷавобгӯйбуда дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) ба ҳисоб меравад. Тавре ки аз таҳлилҳо муайян гардид, дар давоми 6 моҳи соли равон сатҳи донишазхудкунӣ 86, 3%-ро ташкил дод. Дар ин давра 41 нафар донишҷӯ бинобар сабаби аз оилаҳои камбизоат, ятиму нимятим ва дорои имконоти маҳдуд будан ба таври зайл аз пардохти маблағи шартномаи таҳсил озод карда шуданд: 3 нафар, ба таври пурра, 1 нафар ба андозаи 30 дарсад ва 37 нафар 50 дарсад.
Дар донишгоҳ ба масъалаи корҳои илмӣ – пажуҳишӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар муддати шаш моҳ 10 конференсияи илмӣ — амалии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ баргузор гардида, ҳамзамон, 12 семинари илмӣ-методӣ ва 19 мизи мудаввар доир карда шуд. Дар ин давра аз ҳисоби ҳайати профессорону омӯзгорон 32 нафар аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Даҳ нафар омӯзгору унвонҷӯи донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуданд. Дар шаш моҳи соли равон 11 нафар донишҷӯ ва 3 нафар омӯзгори донишгоҳ дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуда, аз байни омӯзгорон 2 нафар сазовори ҷойи аввал ва 1 нафар сазовори ҷойи дуюм аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ва аз ҳисоби донишҷӯён 4 нафар соҳиби ҷойи аввал, 4 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 3 нафар соҳиби ҷойи сеюм гардида, дар маҷмуъ, 14 нафар ба даври шаҳрии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд. Дар ин муддат 12 нафар омӯзгори донишгоҳ ба хориҷи кишвар ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштан ва 15 нафар донишҷӯ барои идомаи таҳсил ба дигар давлатҳо фиристода шуданд. Бояд гуфт, ки дар донишгоҳ 586 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта шуд. Шумораи созишномаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ба 59 адад расидааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки маҷаллаи илмӣ-назарии “Паёми Донишгоҳи забонҳо” дар Шохиси илмии иқтибосии Россия (РИНЦ) бо дарназардошти гирифтани мақоми донишгоҳ аз нав ба қайд гирифта шуд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор