ГУСТАРИШИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲ

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки шуруъ гардидани корҳои сохтмонии бинои нави таълимии нуҳошёна, ғолибияти устодону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, оғози фаъолияти як қатор лабораторияҳои таълимӣ-илмӣ, рақамӣ ва ташхисию таҳлилӣ, афзоиш ёфтани теъдоди устодони соҳибунвон, таъсиси шуроҳои нави диссертатсионӣ, таҳким ёфтани базаи моддӣ-техникӣ, густариши раванди робитаҳои байналмилалӣ, ворид намудан ва парвариши навъҳои гуногуни ангур дар минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”, таъмири хобгоҳи устодону кормандон ва аспирантону донишҷӯён аз дастовардҳои арзандаи донишгоҳ давоми давраи ҳисоботӣ арзёбӣ шуд.
Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки дифои 2 рисолаи докторӣ ва 26 рисолаи номзадӣ дастоварди назарраси илмии устодони донишгоҳ маҳсуб меёбад.
Доир ба густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Аюб Усмонзода зикр намуд, ки дар самти робитаҳои байналмилалӣ фаъолияти муассиса дар чор самт: лоиҳаҳои барномаи ERASMUS+, кор бо донишҷӯёни хориҷӣ, кор бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷи дуру наздик ва ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуд. Дар доираи амалӣ намудани 3 лоиҳа се лабораторияи таълимӣ – методӣ ифтитоҳ ёфта, 4 маҷмуаи илмӣ — таълимӣ ва методӣ ба нашр расиданд. Дар ин давра 4 семинари илмӣ-амалӣ дар шакли офлайн ва 7 семинари машваратӣ бо тарзи онлайн бо иштироки намояндагони зиёда аз 18 донишгоҳи ҳамкори Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Феълан теъдоди шартномаҳои донишгоҳ дар самти робитаҳои байналмилалӣ 100 ададро ташкил медиҳад.
Дастоварди варзишии донишгоҳ низ дар ин давра назаррас мебошад. Дастаи варзишгарони донишгоҳ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гирифтани 50 медали тилло, 20 медали нуқра ва 28 медали биринҷӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбии вилояти Суғд мақоми аввал ва дар даври ҷумҳуриявӣ бо нишон додани маҳорати баланди варзишӣ сазовори мақоми дуюм гардиданд.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”,
вилояти Суғд