МУТАХАССИСОНИ ВАРЗИДАРО ОМОДА НАМОЕМ

Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Сталинобод, ки бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон соли 1946 таъсис ёфта, соли 1999 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба коллеҷи омӯзгорӣ табдил дода шуда, тавозуни ДДОТ ба номи Қ. Ҷӯраев ворид гардидааст. Минбаъд бо қарори ҲҶТ соли 2010, ба муассисаи давлатии таълимии коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ табдил гардид ва бо қарори ҲҶТ (соли 2014) ба коллеҷи омӯзгории ба номи Х. Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ номгузорӣ карда шуд.
Дар шуъбаи рӯзонаи коллеҷ бештар аз 1600 нафар таҳсил менамоянд. Теъдоди донишҷӯёни шуъбаи ғоибона 1038 нафарро ташкил медиҳад. Дар се факултет ва ҳафт кафедра 270 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.
Тавре ки директори коллеҷ, номзади илми филологӣ Зоир Ғафурӣ изҳор дошт, ин муассисаи таълимӣ дар омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мақоми хоса дошта, мувофиқи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар заминаи синфҳои 9 ва 11 аз рӯйи 13 ихтисос, аз ҷумла, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ), санъати тасвирӣ, забонҳои хориҷии англисӣ, олмонӣ, забон ва адабиёти рус, математика, математика — информатика, биология, география дар самти омӯзгорӣ ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мутахассисонро омода менамояд.
— Мо бештар ба амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳем, — гуфт ва афзуд директори коллеҷ, — доир ба Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 – 2040)» дар коллеҷ нақша – чорабинӣ тартиб дода шуда, аз рӯйи бандҳои он корҳои зарурӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи ин барнома аз ҷониби факултети табиӣ – риёзӣ, педагогика ва психология дар мавзуи «Мушкилоти муосири таҳқиқот дар ҷодаи илмҳои табиӣ – риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ» конференсия ташкил ва баргузор гардид, ки дар он намояндагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иштирок карда, вобаста ба рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маърӯза намуданд. Ҳамчунин, доир ба ин барномаи давлатӣ дар назди кафедраҳои фанҳои табиӣ, математика ва информатикаи коллеҷ маҳфилҳои илмии донишҷӯён таъсис дода шуда, тибқи талаботи бандҳои барнома амал менамоянд.
Ҳамин гуна муносибат оид ба иҷрои дигар барномаҳо низ ба нақша гирифта шудаанд, ки давоми соли таҳсили 2022 – 2023 ба таври самаранок иҷро гардиданд. Масалан, доир ба барномаҳои «Рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», «Омӯзиш ва такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои то соли 2030», «Барномаи таълими соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022 – 2026», «Стратегияи сиёсати давлатии рушди ҷавонон то давраи соли 2030» коллеҷ тамоми тадбирҳоро меандешад.
— Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Роҳбари давлат ба мутолиа ва тарғиби китобу китобхонӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Аз ин рӯ, — гуфт директор, — мо китобхонаи коллеҷро аз таъмири асосӣ бароварда, бо асбобу анҷоми наву замонавӣ ҷиҳозонидем. Он аз як ҳуҷраи алоҳидаи нигоҳдории китоб ва толори хониш бо 30 ҷойи нишаст иборат буда, дорои 27 488 нусха китоб (20 469 китоб дар шакли хаттӣ ва 7019 китоб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар шакли электронӣ мавҷуд буда, донишҷӯёну омӯзгорон ҳамарӯза ба таври фаровон аз он истифода мебаранд. Дар баробари ин, дар китобхонаи электронии коллеҷ ҷамъоварии адабиёти тахассусию таълимӣ ва дигар маводи иттилоотӣ оид ба ҷараёни таълиму тарбия идома дорад. Ҳамзамон, барои мукаммал гардондани фонди китобхона ва бо мақсади таъмин намудани раванди таълим бо китобҳои дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 1510 адад китоби дарсӣ харида шуд.
Ҳоло ин махзани илму дониш дорои ҳашт компютер ва ду принтер аст, ки барои дастрасӣ ва саривақт дарёфт намудани адабиёти лозима қулай мебошад.
Инчунин, дар факултетҳои коллеҷ се синфхонаи компютерӣ бо фарогирии 78 компютер ба донишҷӯён хидмат мерасонанд.
Маъмурияти коллеҷ аз рӯйи нақша ҳамаи омӯзгоронро ба такмили ихтисос ҷалб намуда, дар давоми сол 78 омӯзгори кафедраҳои коллеҷ аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯйи ихтисосҳои математика, информатика, физика, химия, биология, география, забон ва адабиёти тоҷик, забони тоҷикӣ, забони русӣ, таърих ва педагогика гузаштанд. Шаш нафари дигар курси такмили ихтисосро дар ДМТ гузарониданд.
Айни ҳол рафти таълим дар коллеҷ дар асоси низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, дар муассиса 22 нақшаи таълимӣ мавҷуд аст, ки 14 – тои он барои ихтисосҳои гурӯҳҳои баъди синфи 11 ва 7 нақшаи таълимӣ барои ихтисосҳои гурӯҳҳои баъди синфи 9 пешбинӣ гардидаанд.
Дар коллеҷ бо мақсади самаранок омӯхтан ва иҷро кардани дастуру супоришҳо ва барномаҳои давлатӣ иқдомҳои зиёде роҳандозӣ гардидааст. Масалан, бо мақсади иҷрои талаботи бандҳои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030» (Қарори ҲҶТ аз 3 марти соли 2014, №145 ва фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ аз 18 декабри соли 2020) коллеҷ комиссияи доимоамалкунанда таъсис дод ва вобаста ба барнома нақша – чорабиниҳо низ таҳия намуд.
Аз ҷумла, вобаста ба ин, аз ҷониби мутасаддиёни кафедраи забон ва адабиёти тоҷик озмунҳои дохилӣ – «Иншои беҳтарин», «Диктанти санҷишӣ», «Хушнависи беҳтарин», «Матнҳои беғалат» ва монанди ин ташкил гардид. Ҳамчунин, суҳбату маҳфилҳои хурди илмӣ, шинос намудани донишҷӯён бо тағйиру иловаҳо дар имлои нави забони тоҷикӣ, ташкили мониторингу санҷишҳои фосилавӣ, мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои забони давлатӣ барпо шуданд. Ҳамчунин, порчаҳо аз китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» — и Пешвои миллат дар гурӯҳҳои академӣ ва соатҳои тарбиявӣ ва дарсҳои кушоди таълимӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуданд. Чунин тадбирҳо оид ба Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Омӯзиш ва такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ барои то соли 2030» низ тартиб дода шуда, нуктаҳои он амалӣ гардонда шуданд.
Маълум, ки яке аз роҳҳои асосии боло бурдани иқтидори илмии муассиса, ҷалб намудани омӯзгорон ба навиштани рисолаҳои илмӣ ба шумор меравад. Дар ин самт омӯзгорон корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Бо дастгирии роҳбарияти коллеҷ соли гузашта 10 омӯзгор ба зинаи докторантура аз рӯи ихтисос ва 2 унвонҷӯй ба тариқи ройгон ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шомил гардиданд. Панҷ омӯзгори кафедраҳои факултети филология ва таърих дар арафаи ҳимоя қарор доранд. Ҳадафи асосии роҳбарияти коллеҷ баланд бардоштани дараҷаи илмии муассиса буда, бо дастгирии ҳамешагӣ омӯзгоронро ба навиштани рисолаҳои илмӣ ҷалб ва онҳоро бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ менамояд. Ҳайати омӯзгорон вобаста ба равияҳои илмии худ таҳқиқот бурда, бештар аз бист мақолаи илмӣ, методӣ, тадқиқотӣ, оммавӣ ва панҷ дастури таълимӣ, ки дар муқоиса дар солҳои қабл натиҷаи қаноатбахш аст, ба нашр расонданд.
Маъмурияти коллеҷ тасмим гирифтааст, ки ин нуктаҳоро амалӣ гардонда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр кардани касбҳои рақобатпазир ба бозори дохиливу хориҷӣ саҳми муҳим гузорад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»