Дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар мавзуи «Равишҳои нави арзёбии сатҳи дониш, маҳорат, малка ва салоҳиятҳои хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз фанни забони тоҷикӣ (модарӣ)» бо иштироки як қатор кормандони соҳа, мутахассисон ва коршиносони масоили таълиму тарбия мизи мудаввар барпо гардид. Ноиби-президенти АТТ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, доктори илми педагогӣ, профессор Ирина Холова иброз дошт, ки ин тадбир ба хотири боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот, бахусус, дар синфҳои ибтидоӣ амалӣ мегардад.
Корманди АТТ ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, номзади илми филологӣ Азим Байзоев диққати иштирокдорони ҳамоишро оид ба меъёри баҳогузорӣ дар корҳои хаттии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҷалб намуд. Номбурда таъкид кард, ки мутаассифона, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ на ҳамеша меъёрҳои баҳогузориро риоя мекунанд. Ба ақидаи мавсуф, баҳо бояд ба ҳаҷми кори иҷрошуда гузошта шавад, на аз рӯйи миқдори хатоҳо. Дар ин шакл метавон ба кори хонанда ба таври фоиз баҳо гузошт, зеро аксаран омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ танҳо аз рӯйи миқдори хатоҳо (чун солҳои даврони Шуравӣ) хонандагонро баҳогузорӣ менамоянд, ки ба мақсад мувофиқ нест, ба он хотир, ки ҳаҷми хатоҳои ислоҳшаванда ба фоизи иҷро мутобиқат намекунад. А.Байзоев ба он назар аст, ки шакли баҳогузорӣ ба таври фоизнокӣ чунин афзалият дорад: Якум, шаффофият таъмин гардида, омили субъективӣ аз байн меравад. Дуюм, дақиқӣ муайян гардида, ҳар як хонанда баҳои худ ва баҳои шарикдарсашро аниқ ҳисоб карда метавонад. Сеюм, адолати иҷтимоӣ риоя мегардад, яъне хонанда вобаста ба ҳаҷми кори дуруст иҷрошуда баҳо мегирад. Чорум, рушди мустақилона таъмин мегардад, яъне хонанда натиҷаҳои ҳар кори худро бо корҳои хаттии пешина муқоиса ва хулоса мебарорад ва самти фаъолияти ояндаи хешро муайян мекунад.
Доктори илми филологӣ Қутбиддин Мухторӣ афзуд, ки масъалаи корҳои хаттии хонандагон дар Консепсияи миллии тарбия таҳия гардидааст ва натиҷагириро аз ин нишаст метавон барои таҳияи ояндаи он ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.
Воқеан ҳам, имрӯз масъалаи сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти мактабҳои ҷумҳуриамон аз масоили муҳими соҳа маҳсуб меёбад. Бахусус, таъмини сифати таҳсилот дар синфҳои ибтидоӣ бадеҳист, зеро пояи савод маҳз дар ҳамин синну сол устувор мегардад. Дар таъкид ва такя ба ин масъала иштирокдорон ба баҳогузориии ҳама корҳои хаттии синфҳои 1-4 (диктанти санҷишӣ, корҳои хаттӣ, иншо) таваҷҷуҳ намуда, ба хулосае омаданд, ки ин самт бояд бознигарӣ карда шавад. Албатта, меъёри баҳогузорӣ дар барномаҳои таълимӣ муайян гардидааст, вале ба ҳар сурат, ба таҳлилу таҳқиқ ниёз дорад.
Бино ба ақидаи А.Байзоев, дар қонунҳои муайян намудани баҳо баъзе нофаҳмиҳо ҷой доранд. Масалан, дар арзёбии натиҷаи кори хонандагон оид ба иншо (дар қисмати муайян кардани саводи хонанда) чунин омадааст: «Ягон ғалати имлоӣ, китобатӣ ва услубӣ надорад ва ё як ғалати имлоӣ ё аломати китобат дорад!». Яъне, бояд ҳангоми баҳо додан ба кори хонанда шартҳоро ба таври мушаххас баён намуд.
Ҳотами ҲОМИД,
“Омӯзгор”