Дар шумораи гузаштаи нашрия дар суҳбат бо сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Бадриддин Музаффарзода дар хусуси иҷрои бандҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маълумоти муфассалро пешниҳоди хонандагон намуда будем. Дар ин шумора суҳбатро перомуни омода намудани муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар заминаи стратегияи мазкур идома медиҳем.
Оид ба банди 21. Барномаи тайёр намудани мутахассисон (равоншинос, омӯзгори иҷтимоӣ, омӯзгори махсус) барои кор бо кӯдакони дорои талаботи махсус аз ҷониби шуъбаҳои Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва шуъбаҳои омоданамудани кадрҳои илмӣ, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ таҳия шуда, дар шуъбаи докторантура (PhD) ва омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Пажуҳишгоҳи рушди маориф аз рӯйи 5 ихтисос, аз ҷумла бо ихтисосҳои ихтисоси 6D010300 – Педагогика ва психология, 6D010500 — Педагогикаи ислоҳӣ (сурдопедагогика ва тифлопедагогика, олигофренопедагогика ва логопедия) мутахассиси касбӣ тайёр карда мешуданд ва соли 2021 бо мақсади амалӣ намудани талаботи банди мазкур соли ихтисоси нав оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос дар самти 6D010100 — Таълим ва тарбияи томактабӣ ва ихтисоси анъанавӣ 13.00.07 — Назария ва методикаи таҳсилоти томактабӣ таъсис дода шуд.
Айни замон дар шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии пажуҳишгоҳ 7 нафар унвонҷӯ дар самти таҳсилоти томактабӣ таҳсил менамоянд, ки аз рӯйи мавзуъҳои илмии вобаста ба фаъолияти Марказҳои инкишофи кӯдакон кори таҳқиқотӣ мебаранд.
Ҷиҳати таъмини дифои рисолаҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози соли 2022 бо қарори КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) — доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисоси 6D010100 — Таълим ва тарбияи томактабӣ, 6D010500 – Педагогикаи ислоҳӣ (логопед, сурдопедагог, тифлопедагог), 6D012300 – Педагогикаи иҷтимоӣ ва худшиносӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шуруъ кард.
Оид ба банди 22. Ҷиҳати банди мазкур олимони пажуҳишгоҳ дастурҳои зеринро нашр карданд. Аз ҷумла:
— Қурбонов С. Р. «Супоришҳои математикӣ ва ҳалли онҳо», дас-тури методӣ (барои омӯзгорони фанни математика ва хонандагони синфҳои 9 ва 11).- Душанбе: «Сифат», 2022.
Оид ба банди 23. Дар заминаи ин банд қобили зикр аст, ки дар назди факултети психология ихтсисосҳои «Равоншиноси амалӣ», «Психологияи иҷтимоӣ», «Психологияи педагогӣ», «Психологияи умумӣ», «Психологияи муносибатҳои оилавӣ», «Олигофренопедагогика. Таърих», «Сурдопедагогика. Информатика», «Логопедия. Таҳсилоти ибтидоӣ» амал менамоянд. Истисно аз ин, дар соли таҳсили 2022-2023 аз рӯи самту равияҳои мазкур бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои махсус бо мутахассисон, ихтисосҳои «Олигофренопедагогика. Таҳсилоти ибтидоӣ» ва «Сурдопедагогика. Забон ва адабиёти тоҷик» таъсис дода шуд ва аз рӯи ин ихтисосҳо тибқи нақшаи қабул донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Мутахассисони кафедраҳои «Психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ», «Психологияи умумӣ ва педагогӣ» ва «Педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогир» ҷиҳати тадриси фанҳои ихтисосҳои мазкур вобаста карда шудаанд. Ихтисосҳои зикршуда бо барномаҳои корӣ, КТМ ва дигар маводи таълимӣ таъмин мебошанд.
Оид ба банди 24. Талаботи банди мазкур то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Оид ба банди 25. Бо мақсади омӯзонидани мутахассисони тамоми шаклҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ, ки рушди гуногунҷанбаи кӯдакон ва ислоҳи зарурии норасоиҳои ҷисмонӣ ё равониро дар инкишофи кӯдак таъмин карда метавонанд, соли 2022 дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон семинарҳои омӯзишӣ аз рӯйи барномаҳои махсуси омӯзишӣ барои мутахассисоне, ки бо кӯдакони дорои имконияти махдудошта кор мекунанд, ташкил ва баргузор шуда, соли 2023 низ дар назар аст, ки баргузории ин гуна семинарҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта хоҳанд шуд. Баъди баргузории семинарҳои омӯзишӣ ба вазорат маълумотномаи муфассал пешниҳод хоҳад шуд.
Оид ба банди 26. Тибқи амалӣ гардонидани банди мазкур аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф нақшаи таълимӣ ва барномаи алтернативии курсҳои махсуси такмили ихтисоси кор бо кӯдакони ақаллиятҳои миллӣ омода гардида, он моҳи сентябри соли равон дар Шурои олимони Донишкада аз 30.09.2022, №8/2 тасдиқ шуд.
Бояд зикр намуд, ки аз соли 2018 сар карда, дар натиҷаи ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ барномаи таҳсилоти бисёрзабонӣ ва тарбияи сулҳдӯстӣ барои кӯдакон аз хонаводаҳои ақаллияти миллӣ дар муассисаҳои томактабии вилояти Суғд роҳандозӣ карда мешавад.
Оид ба банди 27. Талаботи банди мазкур то соли 2023 давом дорад ва корҳо дар ин самт мавриди иҷро қарор дорад.
Оид ба банди 28. Ходимони илмии шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоии Пажуҳишгоҳи рушди маориф барномаи давлатии «Рангинкамон»-ро таҷдиди назар карда истодаанд ва пас аз ба анҷом расонидани баррасии он ба таҳияи тавсияҳои методӣ ва коркарди барномаҳои алтернативии таълим шуруъ хоҳанд кард. Тавсияҳои методӣ ва барномаҳои алтернативии таълим баъд аз коркард дар муҳлати муқарраршуда барои баррасӣ ба вазорат пешниҳод карда мешаванд.
Бо дарназардошти он ки ҳалли аксари мушкилиҳои соҳа ба иҷрои талаботи бандҳои “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” вобастагӣ дорад, аз ҳисоби мутахассисони соҳа ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти томактабӣ оғоз гардид.
Барномаи таълиму тарбияи томактабӣ — “Рангинкамон”, ки 10 сол пеш таҳия гардида буд, мавриди таҳлил қарор дода шуда, бинобар зарурат ва бо пешниҳоди мураббиёну мудирони муассисаҳои томактабӣ таҷдиди назар шуда истодааст.
Оид ба банди 29. Бо мақсади тафсири стандартҳои синнусолӣ ва барномаҳои таълимии ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ оид ба нигоҳубин, рушд ва таълими кӯдакони хурдсол ҳамчун кумаки методӣ бо мутахассисони раёсату шуъбаҳои маориф, мудирони кӯдакистону мураббиён соли 2021 семинарҳои машваратӣ баргузор карда шуда, шакли электронии ин ҳуҷҷатҳо ба иштирокдорони ин чорабиниҳои омӯзишӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ — конфренсияю семинар-машваратҳои омӯзишии зерин баргузор карда шуданд:
— Конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-методӣ дар мавзуи “Роҳҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои томактабӣ” дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Турсунзода дар кӯдакистони №4;
— Семинари илмию амалӣ дар мавзуи “Роҳҳои муосир ва самарабахши назорати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ” дар кӯдакистони №3-и ноҳияи Данғара;
— Семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Ҳамкории оила ва муассисаҳои томактабӣ дар тарбияи кӯдакони болаёқат”(дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар кӯдакистон №151).
Стандарт ва барномаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ дар муҳлати муқарраршуда такмил додаву барои тасдиқ ба вазорат пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Ҳадафи умумии Стратегияи мазкур аз таъмини дастрасии кӯдакони синну соли томактабӣ, сарфи назар аз ҷинс, махсусан, синни 6 — сола, ба низоми босифати рушд, нигоҳубин ва таълими фарогир (инклюзивии) томактабии кӯдакон ва омодагии онҳо ба муассисаи таълимии ибтидоӣ иборат аст. Таҳлил ва таҷдиди назар ба стандартҳо ва барномаҳои таълим оид ба нигоҳубини кӯдакони хурдсол ва рушду таълими онҳо ба роҳ монда мешавад. Заминаҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳлил гардида, мутобиқи барномаҳои нави таълим, воситаҳои методӣ, шаклҳои алтернативӣ ва инклюзивии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва ҳамчунин, ҷалби волидон ва ҷомеа ба ҷараёни таҳсил тағйиру такмил меёбанд.
Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати рушди соҳа, аз ҷумла, рушди барвақтии кӯдак, таваҷҷуҳ ба соҳаи томактабӣ, маблағгузории иловагӣ, таҳкими пояи моддӣ-техникӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ муаррифӣ намуда, бо шарикони рушд ҳамкориҳои судманди минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ин робита, Вазорати маориф ва илм бо мақсади дастгирии самтҳои афзалиятноки таълими кӯдакони хурдсол, тавсеаи фарогирӣ ва баланд бардоштани бахши таълими кӯдакони хурдсол рақамикунонии соҳаи таҳсилот дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро роҳандозӣ намуд.
Платформаи рақамии “Сандуқчаи зулбиё” имкон фароҳам овардааст, ки мураббиён ва дигар кормандони педагогии муассисаҳои томактабӣ бо мақсади такмили маҳорати касбӣ аз он истифода менамоянд.
Дар ин радиф, филмҳои анниматсионии “Сандуқчаи зулбиё” омода карда, тавассути шабакаҳои телевизионӣ намоиш дода шуда, аудиторияи он рӯз ба рӯз васеъ гардида истодааст.
Оид ба банди 30. Бо мақсади тафсири стандартҳои синнусолӣ ва барномаҳои таълимии ҳамаи намудҳои муассисаҳои таълимии томактабӣ оид ба нигоҳубин, рушд ва таълими кӯдакони хурдсол ҳамчун кумаки методӣ бо мутахассисони раёсату шуъбаҳои маориф, мудирони кӯдакистону мураббиён соли 2021 семинарҳои машваратӣ баргузор карда шуда, шакли электронии ин ҳуҷҷатҳо ба иштирокдорони ин чорабиниҳои омӯзишӣ дастрас карда шуд. Аз ҷумла, дар ин давра чорабиниҳои илмӣ-оммавӣ — конфренсияю семинар-машваратҳои омӯзишии зерин баргузор карда шуданд:
— Конференсияи ҷумҳуриявиии илмӣ-методӣ дар мавзуи “Роҳҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои томактабӣ” дар ҳамкорӣ бо раёсати маорифи ш. Турсунзода дар кӯдакистони №4;
— Семинари илмию амалӣ дар мавзуи “Роҳҳои муосир ва самарабахши назорати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ” дар кӯдакистони №3-и ноҳияи Данғара;
— Семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Ҳамкории оила ва муассисаҳои томактабӣ дар тарбияи кӯдакони болаёқат”(дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар кӯдакистони №151).
Стандарт ва барномаҳои таълимии таҳсилоти томактабӣ дар муҳлати муқарраршуда такмил дода шуда, барои тасдиқ ба вазорат пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Инчунин, таъсиси маҷаллаи илмию методии электронии ҷумҳуриявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба роҳ монда шуд. Дар муассиса маҷаллаи илми-методии тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Паёми Пажуҳишгоҳи рушди маориф” нашр мешавад. Дар соли 2022 шумораҳои № 1(37) ва №2 (38) аз чоп баромад. Боиси зикр аст, ки ҷиҳати татбиқи солҳои 2020 -2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар маҷалла рубрикаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ҷой шудааст, ки бевосита навгониву дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро тарғиб менамояд.
Оид ба банди 31. Шуъбаҳои дахлдори Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба коркарди воситаи арзёбии сифати хидматҳои ба таҳсилоти томактабӣ пешниҳодшаванда ва тасдиқи он дар мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (замимаи дастурҳо: барои баҳодиҳии натиҷаи таълим дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, барои баҳодиҳии ҳифз ва бехатарии кӯдакон, барои баҳодиҳии инфрасохтор, таълими фарогир дар муассисаҳои таълимии томактабӣ)» шуруъ кардаанд ва кор дар ин самт бомаром идома дорад. Мутмаинем, ки дар муҳлати муқарраршуда мусаввадаи воситаи арзёбии сифати хидматҳои ба таҳсилоти томактабӣ коркард ва ба муҳокимаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм пешниҳод хоҳад шуд.
Оид ба банди 32. Баъд аз пурра ба охир расидани коркард ва тасдиқ шудани маводи таълимиву методии дар ин самт таҳияшуда омӯзиши мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои маориф оид ба моҳият ва мундариҷаи ин мавод ба роҳ монда хоҳад шуд.
Вобаста ба ин, ёдовар мешавем, ки аллакай дар ин самт солҳои 2021-2022 барои таҷриба семинари доимоамалкунандаи машваратӣ-омӯзишии бахши мудирони муассисаҳои томактабии ноҳияи Фирдавсӣ ба роҳ монда шуда, дар кӯдакистонҳои №№52, 53, 63,65, 72, 76, 84 ва 151 семинарҳои мазкур доир карда шуданд.
Оид ба банди 33. Шаклҳои омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ МТТ-1 ва МТТ-2 бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04.2015, №2/15 тасдиқ карда шуда, бо масъулини раёсату шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ семинарии омӯзишӣ гузаронида шуд. Ҳамзамон, дастурамал оид ба пур кардани шаклҳои ҳисоботӣ дар доираи барномаи «Системаи иттилоотии идоракунии маориф (emismtt)» омода карда, дастраси раёсату шуъбаҳои маориф гардонида шудааст. Муассисаҳои хусусии томактабӣ ва марказҳои хусусии рушди кӯдакон низ аз рӯйи шаклҳои оморӣ маълумот пешниҳод менамоянд.
Таҳияи Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”
