Рушду таҳаввули ҳар ҷамъият дар ҳама давру замон ба пешаи омӯзгорӣ вобаста аст. Нигоҳе ба таърихи дилхоҳ ҷамъияти пешрафта ошкор месозад, ки арҷ гузоштан ба намояндагони таълиму тарбияи насли нав аввалин марҳалаи рушду тараққии ҳар кишвар будааст.
Дар таърихи миллати тоҷик низ дар ду давраи рушди бесобиқаи давлату давлатдорӣ – давраи Сомониён ва давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавқеи омӯзгор аз ҷониби давлат эътироф гардида, сиёсатмадори бузурге чун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ва пешаи омӯзгорӣ эҳтироми махсус қоиланд.
Воқеан, маҳз омӯзгорон метавонанд шогирдонро дар руҳияи ватандориву ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намуда, дар ниҳоди онҳо эҳсоси ватандӯстӣ, дарки заҳмати ҳалол ва донишандӯзиро ҷой созанд.
Бо дарназардошти таҳаввулоти иҷтимоиву маънавии ҷомеа, ки бешубҳа, бо омӯзгорону устодон вобаста мебошад, Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи маориф пайваста таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, зеро ҳадафи асосии ислоҳоти соҳаи маориф фароҳам овардани фазову муҳити солим ва шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас, бунёди зербинои мустаҳками маориф ва фарҳанг дар ҷомеа мебошад.
Муҳассилини имрӯза аз нигоҳи зеҳнӣ, андешаронӣ, таҳлил ва ба даст овардани маълумот аз донишомӯзони замони пеш хеле тафовут доранд. Онҳо тавассути интернет ва дигар шабакаи иҷтимоӣ аз воқеа ва рӯйдодҳои дунё филфавр огоҳ мешаванд, дар муқоиса раванди тағйирпазирии ҷаҳони муосирро таҳлил менамоянд ва барои ба даст овардани маводи нав аз технологияи рақамӣ истифода мебаранд…
Мо имрӯз аз дастовардҳои даврони истиқлол ифтихор менамоем ва дарк мекунем, ки талабот ба соҳаи маориф боз ҳам бештар гашта истодааст, чунки мо дар асри XXI зиндагӣ дорем ва илму техника, технологияи муосир бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Дар чунин шароит бояд хонандагону муҳассилини аз асри нав қафо намонанд, бо асосҳои илму дониши замонавӣ мусаллаҳ гарданд, дар баробари забони модарӣ якчанд забони хориҷиро донанд, бо техникаву фановариҳои ҳозиразамон муносибату кор карда тавонанд.
Бояд дар мадди назар дошт, ки рисолати омӯзгор инсонсозӣ, тафаккурсозӣ ва шуурсозист, ки иҷрояш аслан саҳлу сода нест, аз омӯзгор дониши мукаммал, асаби устувор ва заҳмати пайвастаро талаб мекунад. Пас, агар ҷомеа мавқеи омӯзгорро эътироф насозад ва ба ӯ арҷ нагузорад, оё метавонад дар иҷрои рисолати хеш муваффақ гардад? Албатта, не! Арҷ гузоштан ба омӯзгор ва мавқеи ӯ амалест, ки бо гузашти вақт самар меорад.
Барои таълиму тарбияи самарабахш ва соҳибмаърифату хушахлоқ ба камол расидани насли наврас, омӯзгорон ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ ва робитаи пайгиронаро бо падару модарон бояд вусъат диҳанд. Масъулияти падару модарон барои тайёр кардани фарзандон ба зиндагии мустақилона ва омӯзиши дастовардҳои илми муосир аз мактаб дида камтар нест. Аз ин рӯ, муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки робитаро бо аҳли ҷомеа, бахусус, падару модарон беҳтар намояд, зеро агар падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд таваҷҷуҳ зоҳир насозад, рафтори ӯро дар мактаб ва берун аз он зери назорат нагирад, фарзандаш соҳибмаърифат, дорои донишу фарҳанги баланд ва ахлоқи ҳамида намешавад.
Дигар шарти рушду пешрафти соҳаи маориф, дар сатҳи қонунгузорӣ эътироф намудани мавқеи омӯзгор аст. Ҳамин аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, (моддаи 52 (банди 1) дарҷ гардидааст:“Шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад”. Дар моддаи 53, як силсила имконот барои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф муайян гардидаанд, ки айни ҳол дар доираи тавоноии молии давлат амалӣ карда мешаванд.
Асҳобиддини ШЕРАЛӢ,
директори литсей барои
хонандагони болаёқат
дар шаҳри Душанбе
