ЗИНДАГИЕ ҲИКМАТБОР

Омӯхтани тарҷумаи ҳоли Ҳабиб Юсуфӣ аҳаммияти калони тарбиявӣ дошта, дар ниҳоди хонандагон хислатҳои қаҳрамонӣ, мардонагӣ, далерӣ, ватандӯстӣ ва софдилию хоксориро парвариш менамояд. Пеш аз таълими тарҷумаи ҳоли Ҳ.Юсуфӣ муаллим бояд ғайр аз маводи китоби дарсӣ аз маводи дигар китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳо, ки доир ба ҳаёти шоир маълумоти мукаммал медиҳанд, истифода карда, далелҳои шавқангезро интихоб намояд.
Таҷрибаи зиёди кор дар синфҳои болоӣ нишон медиҳад, ки ба омӯзиши ин мавзуъ талабагонро қаблан омода кардан лозим аст. Аз ёд кардани баъзе шеърҳои шоир аз омилҳои асосии ба дарс омода намудани хонандагон мебошад. Шиносоӣ бо асарҳои Х.Мирзозода – «Ҳ.Юсуфӣ», Р.Ҳошим – «Сухан аз устодон ва дӯстон», Ҳ.Юсуфӣ-«Роҳи нотамом», А.Истад – «Руҷӯи вопасин» имкон медиҳанд, ки хонандагон мавзуъро аз худ кунанд.
Зикр намудан лозим аст, ки Ҳ. Юсуфӣ солҳои донишҷӯӣ дар техникум ба шеъргӯӣ шуруъ карда буд. Азбаски ӯ ҷавони хоксор ва фурӯтан буд, ҳамчунин, дар ин кор худро ҷавон ва шеърҳояшро ҳоло нопухтаву норавон медонист, аз чопи онҳо худдорӣ мекард. Вай он шеърҳоро танҳо дар маҳфилҳо ба дӯстонаш мехонду бо ҳамин қаноат мекард. Барои возеҳтар маънидод намудан ва бовар кунонидани хонандагон, ки ҳақиқатан Ҳабиб Юсуфӣ истеъдоди хуби шоирӣ дошта, дар байни аҳли қалам тадриҷан маълум гардидааст, гуфтаҳои муаллимаш Абдулқодир Ҷомеъро нақл кардан манфиатбахш мебошад:
«Ман тобистони соли 1936 ба хонаи Айнӣ рафтам. Айнӣ ба даст рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», бе он ки ҳолпурсӣ кунанд, гуфтанд:
— Ин шеърро хондед?
Чун донистам сухан аз хусуси шеъри Ҳабиб Юсуфӣ меравад, «ҳа, хондам» гуфтам.
-Ин бачаро мешиносед? – боз пурсиданд.
-Нағз мешиносам…
-Барои чӣ ин бачаро ба пеши ман наовардед, бо ман нашиносонидед? Ин бача қобилияти баланд дорад. Ӯро тарбия кардан лозим аст. Шумо ӯро пеши ман оред».
Дар бораи таҳсил ва рушду такомули маҳорати эҷодии шоири ҷӯянда ва навовар сухан ронда, шавқу рағбати ӯро ба омӯхтани адабиёти классикии тоҷику рус шарҳ додан лозим аст. Тарҷумаҳои бадеии ӯро аз осори Лермонтов, Пушкин, Крилов, Маяковский, Шевченко ёдовар шуда, таъсири эҷодиёти онҳоро ба Ҳ.Юсуфӣ маънидод кардан зарур аст.
Барои исботи ин фикр суханони зерини дӯсти шоир Рофеъ Орифиро аз қавли нависанда Адаш Истад иқтибос овардан айни муддаост:
«Ҳабиб, ёд дорӣ, ту «Евгений Онегин»-ро ба шавқ мутолиа мекардӣ? Аз он баъзе чизҳоро ба дафтарат навишта мегирифтӣ. Ман гумон карда будам, ки ту онро тарҷума мекунӣ. Вале ман хато карда будам. Ту аз шоири бузурги рус меомӯхтӣ».
Таъкид бояд кард, ки Ҳабиб Юсуфӣ ба маънои том шоири ватандӯст буд ва дар ин ҷабҳа аҳду вафояш хилофи ҳам набуданд.
Ҳаёти шоир моломоли лаҳзаҳои дилписанд ва аҷиб буда, саҳнаҳои ибратомӯзи онро бо суханони таъсирбахш ба хонандагон нақл кардан лозим аст. Махсусан, чунин лаҳзаҳо дар фаъолияти эҷодии солҳои ҷангии Ҳабиб Юсуфӣ хеле зиёданд ва интихобан нақли онҳо ҷанбаи тарбиявии мавзуъро тақвият мебахшад.
Барои ба ин мақсад ноил шудан бояд аввал диққати хонандагонро ба харитаи ҷаҳон ҷалб кард, дар бораи пайдоиши фашизм дар Германия, ба сари ҳокимият омадани Гитлер, мақсадҳои истилогаронаи ӯ ва соли 1941 аҳдшиканона ба Иттифоқи Советӣ ҳуҷум кардани вай маълумот дод. Сониян, оид ба чанд шеъри дар солҳои 1941-42 эҷодкардаи Ҳабиб Юсуфӣ ва мазмуни ватандӯстона пайдо кардани эҷодиёти ӯ сухан ронда, порчаи зерро:
Вақти он аст,
Эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст,
Эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ,
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус-анчарро кунӣ
бешоху барг!
аз шеъри «Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» -ро аз ёд хондан лозим аст. Вай қалами худро ба «шамшер», суханашро ба «барқ» табдил дод, то ки «анчари манҳус» (фашистон)-ро аз беху бунёдаш бурида, «бешоху барг» кунад. Аммо бо ин шоир қонеъ нашуд. Ишқи Ватан, садоқати бепоёни ба халқу наслҳои оянда доштааш шоирро ором намегузошт ва ин буд, ки соли 1942 ба сафи артиш даъват шуд. Аввал ӯ дар омӯзишгоҳи ҳарбӣ-миномиётии шаҳри Пенза илми ҳарбӣ омӯхт ва унвони лейтенанти хурдро соҳиб шуд. Инак, шоир дар майдони мубориза алайҳи душманони палиди Ватан буд. Қаблан ӯ дар шеърҳояш қалами худро ба шамшеру суханашро ба барқ ташбеҳ дода бошад, ҳоло теғ дар даст ба муқобили душманони Ватани маҳбубамон барқвор меҷангид.
Баъди озодии хоки Ватани паҳноварамон, аз қадами шуми истилогарони хуношоми фашист, Ҳабиб Юсуфӣ баҳри озодии халқу мамлакатҳо ба Аврупо шитофт. Шоир орзу дошт пас аз торумори фашизм боз ба Душанбеи азиз баргардад. 4-уми феврали соли 1945, дар яке аз муҳорибаҳои шадиди наздикии шаҳри Варшава Ҳабиб Юсуфӣ сахт захмӣ шуда, қалби пурармонаш абадан аз тапиш бозмонд. Аммо руҳи поку хотираи неки шоир ва шеъру тарона, достону мақолаҳои ӯ абадзинда дар қалби тамоми мардум нақш бастанд. Дар охир, дар раванди машғулият сатрҳои оташбори зер аз шеъри «Хайр, эй адиб», ки муносиби ҳоли худи шоир аст, хонда мешавад.
Ҷӯши дили баҷӯшу хурӯши ту гашт паст,
Тӯтии хушзабони ту аз ҳарф лаб бубаст.
Афсӯсҳо, ки умр бароят вафо накард,
Сози ту нағмаи зафарашро адо накард.
Бори дигар туфанги забонат садо накард,
Тире дигар ба ҷониби душман раҳо накард…
Барои мустаҳкам кардани дониши андӯхтаи хонандагон дар дарс ва идроку фаҳмиши онҳо санҷиши дараҷаи омӯхтани мавзуъ зарур аст.
Баъди ҷамъбасти ҷавобҳо ва натиҷагирӣ ба бачаҳо супориш бояд дод, ки адабиёти иловагии пешниҳодшударо дар дафтари адабиёт лаҳзаҳои тарҷумаи ҳоли шоирро қайд кунанд ва ба навиштани иншо тайёр шаванд.
Хайрулло РАҲИМОВ,
омӯзгори собиқадор,
Аълочии маорифи
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ноҳияи Варзоб