ФУРӮҒИ ҶОДАИ ИЛМ

Оби мусаффои чашмаи пурхурӯш сар ба сангҳо зада, бо талотум сӯи деҳа мешитофт. Шамоли дарё баргҳои дарахтонро меҷунбонд. Садое ба гӯш намерасид. Чашм аз кӯҳе, ки дар рӯ ба рӯи хонаи падариаш сар ба сӯи фалак афрохта буд, намеканд. Шояд ба осмони ситорарез рози дил мегуфт, ки рӯзе бирасад бо неруи хирад ва тавоноии ақлу идрок битавонад, ки ҳамчун яке аз олимони тавоно шинохта гардад.
Ӯ дар ин сукути шаб, дар замоне ки гӯё кӯҳу чашмаву долу дарахт ҳама хомӯшӣ ихтиёр кардаву ба ӯ гӯш медоданд, азм намуд, ки дар илми кимиё роҳе боз хоҳад кард. Ин ҷавони наврасе, ки орзуву омол ва ниятҳои накуро дар қалб ҷой дода буд, тавонист ормонҳои амалинагардидаи қалби падараш Абдуғанӣ Наврӯзовро имрӯз амалӣ намояд. Падар бо умеду орзу ва ниятҳои нек ба ӯ Иззатулло ном ниҳод, то дар зиндагӣ ҳар пешае, ки ихтиёр намояд, соҳиби иззат ва обрӯи хос гардад. Бобои Абдуғанӣ ба фарзандонаш – Абдулло, Иззатулло ва Ҳусейнбой ҳамеша таъкид мекард, ки “фарзандонам, хирад омӯзед, хушодоб бошед, китобро дӯст доред ва соҳибмаърифат гардед…” Ин аст, ки дар қатори бародарон устод Иззатулло Ғаниев ҳам рӯ ба ҷодаи илм овард ва дар ин зина муваффақ гардид.
Ҷаҳду талоши падари бузургвор дар ҷодаи тарбияи неки фарзандон сабаб гардид, ки устод Иззатулло Ғаниев соли 1965 мактаби миёнаро бо медали тилло хатм намояд. Баъди хатми таҳсил ва ба даст овардани маълумоти олии муҳандисӣ ва таваҷҷуҳ ба илми соҳа ӯро водор намуд, ки дар риштаи илмҳои кимиё корҳои илмию тадқиқотии худро ба роҳ монад. Муваффақ гардидан дар ин ҷода барои як нафар фарзанди кӯҳистон кори саҳл набуд. Тадқиқотҳои пайваста ва масъулиятшиносии устод Иззатулло Ғаниев сабаб гардид, ки пайи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бошад ва бо азму ирода ва ҷасорату таҳаммулпазирӣ ба зинаҳои баланди илмӣ бирасад.
Давлат ва миллат фарзандони баору номус ва хирадманду соҳибидроки худро ҳеҷ гоҳ бе қадршиносӣ нахоҳад гузошт. Ин аст, ки хидматҳои устод Иззатулло Ғаниевро чун яке аз пешбарандагони илми муосир дар самти илмҳои физикӣ-химиявӣ қадр намуда, бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино муносиб донистанд.
Устод, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Иззатулло Ғаниев аз олимони тавоноест, ки дар баробари ба тадқиқотҳои илмӣ машғул гардидан, дар тарбия ва омодасозии олимони ҷавон низ саҳми бориз дорад. Дар рушди илмҳои техникӣ ва кимиё, махсусан, омодасозии маҳсулоти ба зангзанӣ тобовар тадқиқоти гуногуни илмӣ анҷом дод, ки далели он шаҳодатномаҳои ихтирооти байналмилалии бадастовардааш мебошанд.
Бартариҳои фаъолияти илмии устод дар он аст, ки кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ҳар тадқиқоти илмӣ ҳамеша дар истеҳсолот мавриди амал қарор гирад ва ба манфиати хоҷагии халқи мамлакат истифода шавад.
Иззатулло Ғаниев соҳиби зиёда аз 50 монография, мақолаи илмӣ ва шаҳодатномаи бешумор мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар хориҷи кишвар низ устодро ҳамчун олими соҳибмактаб эътироф мекунанд ва дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ ҳамчун олими барҷастаи улуми кимиё эътироф кардаанд.
Борҳо шоҳиди он будем, ки устод барои як мақолаи илмӣ навиштани шогирдон ё як шаҳодатномаи ихтироотро ба даст овардани онҳо чӣ қадар заҳматҳо мекашад ва дастоварди шогирдонро сарбаландии худ медонад. Хайрхоҳию ҷавонмардӣ, накукорӣ хислатҳои наҷиби устод ба шумор мераванд. Зери мушовирии устод Иззатулло Ғаниев 15 нафар рисолаи докторӣ ва зиёда аз 60 нафар рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намудаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар рушду равнақи илми кишвар саҳми калон дошта, бо дилу нияти нек омодасозии олимони ҷавонро дар риштаи илмҳои техникӣ масъулияти бузург медонад.
Ҳадафи чоруми стратегии кишвар-эълон гардидани рушди босуръати саноатикунонии мамлакат водор месозад, ки мактаби бузурги илмии устод Иззатулло Ғаниев дар кишвар рушд дода шавад. Дар ин мактаби илмӣ рисолаҳои илмие ҳимоя гардидаанд, ки бевосита дар амалӣ намудани ин ҳадаф мусоидати фаъол хоҳанд кард. Устод замони Шуравӣ рисолаи илмиро дар заводи алюминийи тоҷик дар амал татбиқ карда буд, ки барои кишвар манфиати зиёди иқтисодӣ овардааст. Имрӯз низ ин ҳадафҳои неки устод идома дошта, тарбия намудани муҳаққиқони ҷавон низ дар ин самт бо ҳамин мақсад аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш ҳамеша ба самти илмҳои дақиқ ҷалб намудани насли навраси кишварро таъкид мекунанд. Тарбияи муҳандисони барҷастаи соҳавӣ, махсусан, дар самти мошинсозии кишвар дар баланд бардоштани соҳаи саноати мамлакат мусоидат мекунад. Силсилаи корҳои тадқиқотии устод арзишманд ва шоистаи дастгирию ситоиш буд, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар сатҳи ҷумҳурӣ ҷои аввалро ишғол намуда, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диплом ва ҷоиза сазовор дониста шуд. Шогирдони устод низ дар чунин озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ҳамеша дастболоянд.
Бо роҳбарии академик Иззатулло Ғаниев 18 нафар рисолаи докторӣ ва 90 нафар рисолаи номзадии худро дар самти илмҳои кимиё ва техникӣ ҳимоя намудаанд. Метавон исми Ҳ.Одинаев, В. Абдулҳаев, Х.Назаров, Раҳим Саидзода, А. Сафаров, Б.Эшов, З.Обидов, Илҳом Амонзода, Маҳмадизода Муродалӣ, А.Бердиев ва дигаронро зикр кард, ки дар пешрафти соҳаи маорифи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Устод Иззатулло Ғаниев дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ низ ба шогирдон дарс мегӯяд. Барои шогирдон асарҳои гуногуни таълимию илмӣ таҳия намудааст, ки имрӯзҳо шогирдон аз онҳо васеъ истифода мебаранд.
Осими ОҚИЛ,
сардори раёсати таълими
Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон