ДОНИШГОҲИ АГРАРӢ: ДАСТОВАРДУ КОМЁБИҲО АФЗУН МЕГАРДАНД

-Соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ «Соли баланд бардоштани сифати таҳсилот» эълон шудааст, — изҳор дошт дар нишасти матбуотии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ректори он У.Маҳмадёрзода ва афзуд, ки аз аввали нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани раванди таълим, ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии таҳсил татбиқи самарабахши журнали электронӣ тавассути «Барномаи ягонаи идоракунии раванди таълим» такмил дода, назорати ҳаррӯзаи он ба роҳ монда шуд. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ дар татбиқи ҳамаҷониба ва такмили журнали электронӣ фаъолияти бештарро раҳнамоӣ менамоянд.
Дар 10 факултети донишгоҳ 6629 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 5290 нафар аз рӯйи 51 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 1225 донишҷӯ аз рӯйи 20 ихтисос дар шуъбаи ғоибона, 80 нафар магистр ва 34 нафар доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) фаро гирифта шудаанд.
51 кафедра (40 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) ба таълиму тарбия намудани мутахассисон нигаронида шудаанд, ки дар онҳо 381 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 6 нафар академик ва 8 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, 47 профессор ва 144 нафар номзади илм ва боқимонда, омӯзгорони беунвон барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд.
Пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ вобаста ба талаботи давру замон пайваста қавӣ гардонида мешавад. Барои самарабахш татбиқ намудани машғулиятҳои назарӣ, амалӣ, лабораторӣ ва илмию тадқиқотии донишҷӯёну магистрон, докторантону, унвонҷуён ва ҲПО дар донишгоҳ 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, 72 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 15 озмоишгоҳи илмӣ-таълимӣ бо 6200 ҷойи нишаст дар як бахш, 13 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ ва китобхонаи электронӣ, 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавӣ фаъолият менамоянд.
Алҳол дар донишгоҳ 900 компютер, 196 принтер 69 телевизори калонҳаҷм, 48 проектор, 27 тахтаи электронӣ ва дигар воситаҳои техникии ёрирасон дар раванди таълим истифода карда мешаванд.
Китобхона маҳзани илму маърифати донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар қироатхонаҳои китобхона барои омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ 400 ҷойи нишаст мавҷуд аст.
Дар соли таҳсили 2022-2023 дар самти таҷрибаомӯзиҳо корҳои зиёде анҷом дода шуда, бо ташкилоту корхонаҳои бонуфузи соҳавии ҷумҳурӣ шартномаҳои ҳамкорӣ оид ба таҷрибаомӯзиҳо ва сохтани пойгоҳҳои кафедраҳои тахассусӣ баста шуданд. Вазифаи аввалиндараҷаи донишгоҳ дар раванди таҷрибаомӯзӣ аз он иборат буд, ки пеш аз ҳама, донишҷӯёнро ба хоҷагию корхонаҳои пешқадами соҳавӣ равона созад, то ки барои дар оянда бо ҷойи кор таъмин шуданашон имкон фароҳам оварад.
14-15 апрели соли равон дар донишгоҳ рӯзҳои дарҳои кушод барпо гардид, ки дар ин рӯзҳо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз шаҳрӯ ноҳияҳо иштирок намуда, бо тамоми шароити таҳсил дар донишгоҳ шинос шуданд.
Ҳамасола бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгохи донишгоҳ ярмарка-тақсимоти хатмкунандагон баргузор мегардад. Барои амалӣ намудани таъминоти хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор омӯхта ва маълум карда шуд, ки имрӯз зиёда аз 100% мутахассисони ҷавон бо назардошти квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳсил дар магистратура бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Наздик ба 98 фоизи хатмкунандагони буҷавӣ тибқи дархост имкони бо ҷойи кор таъмин шуданро доранд.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, таҳти №262 дар бораи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ҳамасола дар «Ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор» баргузор мешавад. Рӯзи 26.05.2023 дар Донишгоҳ маҷлиси ботантана доир ба тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор бо иштироки вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо, раёсати кишоварзии ноҳияҳо ва агентиҳо баргузор шуд.
Баҳри амалӣ сохтани мавзуъхои лоихахои фармоишии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда 83 нафар корманди илмӣ, аз ҷумла 16 нафар доктори илм, 35 нафар номзади илм ва 32 нафар омӯзгору дастёр вобаста гардидаанд.
Барои тарбия намудани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ дар назди донишгоҳ дар соли 2023, 3 Шурои диссертатсионии миллии Комиссияи олии назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон фаъолият истодаанд, ки дар онхо 11 нафар рисолаҳои номзади 2 нафар рисолаи доктори ва 2 нафар доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисос дифоъ намудаанд, ки аз ин микдор 4 нафари онҳоро устодони оид ба дарёфти донишгоҳ мебошанд. Шурои диссертатсионии тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия Д737.003.03 дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 06.01.01 зироаткории умумӣ, рустанипарварӣ ва 06.01.07-ҳимояи рустаниҳо низ амал мекунад.
Дар 6 мохи соли 2023 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 8 китоби дарси, 89 дастури методӣ, 3 монография, 5 тавсиянома, 191 мақолаи илмӣ, шумораи рақамҳои 1, 2 маҷаллаи «Кишоварз» ва 6 шумораи рӯзномаи «Дониш» ба чоп расонида шуданд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»