БА ДАРС, БО КИТОБУ ДАФТАР

Ҳар яки мо, пеш аз ҳама, вазифадорем, ки барои фарзандонамон барои омӯхтани илму дониш, аз худ кардани касбу ҳунар шароиту имконоти заруриро муҳайё созем. Барои фароҳам овардани шароит ҳеҷ мушкилӣ вуҷуд надорад. Танҳо ба омӯзгору мактаб, ба фарзандони худ бояд меҳру муҳаббати беандоза дошта бошем. Бо орзую нияти нек ба фарзандон дафтару қаламу китоб харем.
Воқеият ин аст, ки аксари мо ба фарзандони худ, ба омӯзгору ба мактабе, ки дар он таҳсил менамоянд, танҳо чанд ҳафтаи аввали соли нави хониш таваҷҷуҳ менамоем. Ин ҳам замоне, ки фарзандамон ба синфи як меравад. Мактаб интихоб мекунем, омӯзгор меҷӯем, чанд рӯзаке дасти фарзандонамонро гирифта ба мактаб мебарем, аз мактаб меорем. Дафтарашро мебинем, китоби «Алифбо»-ро варақ мезанем, вазъи саводомӯзии фарзандамонро аз омӯзгор мепурсем. Баъд чӣ мешавад? Ҳавсалаамон пир мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоту суханрониҳои хеш дар бораи тарбияи фарзанд мегӯянд. Барои фарзандони мо ғамхорӣ зоҳир менамоянд, моро ба масъулиятшиносӣ ҳидоят мекунанд, аммо боз рисолат ва қарзи инсонии худро мо дар назди фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо иҷро намекунем.
Ҳеҷ фаромӯш намекунам, ки директори мактабамон шодравон Нури Бозор худаш журналҳои синфро варақ мезад, рӯйхати шогирдони сустхонро дар дафтари махсус менавишт ва бегоҳиҳо хона ба хона мегашт, бо шароити дарстайёркунии хонандагон шинос мешуд, бо падару модари онҳо суҳбат мекард. Аз китобхонаи шахсиаш барои хонандагон китоб меовард…
Омӯзгорони мо имрӯз ҳам ҳамин масъулиятро доранд. Танҳо худи мо ҳастем, ки ғамхории омӯзгорро дар ҳаққи фарзандонамон намебинем. Соли гузашта корбаре дар саҳифаи иҷтимоии интернетияш чунин навишт: «Омӯзгор чӣ ҳақ дорад, ки ҷузвдони фарзанди маро мекобад?». Баъд зери ҳамин навишта садҳо корбари дигар ба «ҳуҷум» гузаштанд.
Боре як дӯстам гуфт, ки ҷузвдони хонандагони имрӯза хеле хурд шудааст, ҳатто ҳаҷми як дафтари мактабиро надорад. Эродаш дуруст буд. Зеро мо ба интихоби асбобу анҷоми хониши фарзандонамон аҳамият намедиҳем. Аз пайи мӯд меравем, фарзандонамонро низ ба ҳамин роҳ ҷалб менамоем.
Сарфакориро ба фарзандонамон намеомӯзем. Масалан, ман бо ҷузвдони бародарам мактабро хатм кардам. Бародари дигарам ҳам бо ҳамин ҷузвдон таҳсилро ба охир расонд. Қаламу хаткашакро чанд сол истифода мекардем. Ягон айбу эрод ҳам набуду нашуд. Ҳозир — чӣ? Фарзандонамон ҷузвдон, қаламу дигар лавозимоти хонишро дар як сол чанд бор иваз менамоянд. Медонед, барои чӣ? Ҷавобашро ҳам мегӯям, яъне, аз ҷониби волидон назорат нест. Ҳамин гуна мисолҳо хеле зиёданд…
Пас, бояд ба қаламу дафтару китоб, омӯзгору мактаби фарзандамон аҳамият диҳем.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (01.08.2023) аз падару модари хонандагоне, ки дар дарсҳо бе китобу дафтар ҳозир мешаванд, даъват намуд, ки пеш аз ба дарс рафтан ҷузвдони фарзандони худро аз назар гузаронанд.
Ин даъват даъвати саривақтист, бояд ҳамин даъватро ҷиддӣ қабул намоем. Ин даъват барои ояндаи дурахшони фарзандони худи мост!
Ин даъват барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон мебошад.
Суханони ҳикматбори Сарвари давлатро фаромӯш накунем, ки гуфтаанд: «Фарзанд меваи умри одамизод мебошад. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд аз тарбияи фарзанд канораҷӯӣ намуд».
Қурбоналӣ РАҲИМЗОДА,
корманди Иттифоқи касабаи кормандони
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон