Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон ректори он Файзулло Қурбоналӣ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки дар донишгоҳ теъдоди умумии профессорон ва ҳайати устодону омӯзгорон 695 нафарро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2020-2023 нақшаи қабули донишҷӯён – бакалавриат 97 дарсад ва магистатура 40 дар сад иҷро гардид. Ба мақоми бакалавриат 1399 нафар (157 нафар ба шуъбаи фосилавӣ), магистратура 167 нафар (78 нафар ба шуъбаи фосилавӣ) ва аспирантура 21 нафар қабул карда шуд.
Теъдоди умумии донишҷӯён то 1 июни соли 2023 5226 нафар (3610 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 1616 нафар шуъбаи фосилавӣ)-ро ташкил дод. Натиҷаи аттестатсияи хатмкунандагони шуъбаи рӯзона нишон дод, ки 993 нафар донишҷӯ, аз ҷумла, 73 нафар хатмкунандаи шуъбаи рӯзона ва 9 нафар аз шуъбаи фосилавӣ донишгоҳро бо баҳои аъло хатм карданд. Аз 993 донишҷӯ, тариқи буҷавӣ 377 нафар ва ба таври шартномавӣ 616 нафар таҳсил намуд, 84 хатмкунандаи донишгоҳ, ки аз рӯйи ихтисоси педагогӣ таҳсил мекарданд, ба муассисаҳои таълимӣ ба кор фиристода шуданд.
Ба таъкиди ректори донишгоҳ, дар муассиса корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз рӯйи 9 самт ба роҳ монда шуда, дар соли 2023 ҳайати устодону омӯзгорони 33 кафедра ба коркарди 354 мавзуи илмӣ машғул мебошанд. Тибқи нақша, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 19 чорабинии илмӣ гузаронида шуд. Дар ин муддат бисту чор омӯзгор ва корманди донишгоҳ аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Аз ҷониби устодону омӯзгорони донишгоҳ тӯли шаш моҳ 430 мақолаи илмӣ, 2 монография, 4 маҷмуаи тематикӣ, 10 дастури таълимӣ ва таълимию методӣ таълиф ва ба табъ расонда шудааст. Дар донишгоҳ аз рӯйи 9 лоиҳаи илмӣ ба маблағи 398862 сомонӣ аз буҷаи Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои илмӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, аз ҳисоби «Барномаи рушди донишгоҳ барои солҳои 2023-2025» 13 лоиҳаи илмӣ коркард мешавад. Дар донишгоҳ ду Шурои диссертатсионӣ амал мекунад, ки дар соли равон ҳимояи чор рисолаи илмӣ дар назар дошта шудааст. Бояд зикр намуд, ки фаъолияти илмию таҳқиқотии донишҷӯён низ вусъати тоза пайдо карда, соли равон 35 нафар аз ҳамаи факултетҳои донишгоҳ аз рӯйи лоиҳаи федералии «Донишгоҳи тобистона» дар шаҳрҳои Красноярск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия иштирок карданд. Робитаю ҳамкории донишгоҳ бо давлатҳои гуногун дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, 288 нафар шаҳрванди хориҷӣ аз 11 мамлакати ҷаҳон дар муассиса таҳсил мекунанд.
Соли таҳсили 2020-2023 бисту панҷ корманди донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар конференсияҳои гуногуни илмӣ-назариявӣ, ҳамоишу машварат ва фаъолияти муштараки илмӣ ба хориҷи кишвар сафар карда, дар навбати худ, намояндагони чил мамлакати ҷаҳон аз хориҷи дур ва наздик ба донишгоҳ ташриф оварданд. Айни ҳол донишгоҳ бо мамолики хориҷӣ 181 шартномаи ҳамкорӣ дар самти корҳои илмӣ ва илмию методӣ, аз ҷумла, бо Федератсияи Россия, дигар кишварҳои ИДМ, Осиё ва Аврупо дошта, дар соли таҳсили 2022-2023 16 шартнома бо донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Беларус, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон ба тасвиб расондааст. Соли 2023 донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ аз рӯйи барномаи таълимӣ дар самти ихтисосҳои «Математика», «Физика», «Химия», «Биология» ва «Информатика» бо муваффақият гузашт.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»