Боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як ҷавони бонангу номус, миллатдӯсту ватанпарвари тоҷик аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шуда буд. Ин ибтикори навбатии Пешвои миллат дар баробари ифтихору сарбаландӣ, дар ниҳоди ҷавонон ҳисси баланди масъулиятшиносиро дучанд мекунад.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расид, ҳамчун паймони бародариву ҳамдилӣ, ҳаммаромӣ, масъулияти баробар ва амиқ барои ҳаёти осоишта, ободии Ватан аз ҷониби ҷомеа шинохта ва эътироф шуда, оғози марҳилаи рушду нумуи миллати тоҷик гардид ва эҷодгари он Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ номи ҷовидонӣ касб намуд.
Ваҳдати миллӣ асолати маънавию ахлоқии халқ, симои дурахшони таърихӣ ва рисолати зиндагисози фарҳангофарини тоҷиконро кушод. Ҷомеаи Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвари сазовори хеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷодгар ва созандаи он гардид. «Мо онро аз касеву дигаре ба орият нагирифтем ва нусха набардоштем, балки бо дилу нияти неку виҷдони пок, бо мақсади худро шинохтан ва танҳо баҳри муҳайё намудани зиндагии озодона ва хушбахтона рӯи кор овардем. Рушду инкишоф, неъматҳои зиндагӣ аз берун барои мо ворид намешавад, онро дар замини аҷдодӣ, дар замири худ бояд рӯёнд» — зикр намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Инак, бисту чор сол аст, ки дар замони нави таърихӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ зиндагӣ дорем. Баъд аз ҳазор соли ҳукмронии аҷдоди бузургу хирадпешаамон — сулолаи Сомониён, ки марзу буми он як қисмати бузурги Шарқро дарбар мегирифт ва бо рушду инкишофи худ шуҳратёр буд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллӣ бо номи Тоҷикистон пайдо шуд. Агарчи он як пораи кӯҳи бузургеро мемонад, агарчи солҳои аввали истиқлол душвориҳои зиёде ба сар омад, аммо Тоҷикистон — ин кишвари офтобӣ барои мо азиз аст ва ояндаи дурахшоне дар пеш дорад.
Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихори фаъолият буда, кору пайкор, ҳар иқдому нияти неки ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Дар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар қаламрави мамлакат муҳити созанда ва бунёдкорӣ фароҳам омад. Ба ибораи дигар, ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва Ваҳдати миллии бадастомада дар ҳаёти ҷавонон низ таъсири бафайз гузошт. Ҷавонони кишвар дар партави нишондодҳои Пешвои миллат ва таҳкими ғояҳои сулҳу оштӣ ба ҳам омада, барои ободониву шукуфоии мамлакат саҳми худро мегузоранд. Ҷавонон низ дар қатори дигар табақаҳои ҷамъиятӣ эҳсос намуданд, ки танҳо Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад кишварро ба сӯи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад. Танҳо таҳлили ҳаёти чандсолаи ҷавонон бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рӯзгори насли ҷавон падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастанд. Дар канори таъсиси мақомоти давлатии танзими фаъолияти ҷавонон дастгирии ҷавонони лаёқатманд ва ҷалби онҳо ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ нуфузи бештаре пайдо намуд. Таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар байни олимони ҷавон, ки бевосита ибтикор ва иқдоми наҷиби худи Пешвои миллат буд, дар ҷалби бештари ҷавонон барои анҷоми корҳои таҳқиқотӣ ва рӯи кор омадани осор ва тадқиқоти судманди олимони ҷавон нақши таъсирбахш гузошт. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун пешбарандаи сиёсати давлат дар байни ҷавонон ва бо мақсади татбиқи амалии ин ормонҳо дастгирии ҷавонони лаёқатмандро дар ҳама риштаҳои дигар аз масоили меҳварии фаъолияти худ қарор дод.
Ҳосили ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз ҷавонони кишвар шукронаи фаро расидани рӯзҳои неку масъуд ва шароити хуби таҳсилу кор мекунанд. Айни ҳол ҷавонон аз файзи ваҳдати миллӣ ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат имкон пайдо кардаанд, ки роҳи ормонҳои худро тай намуда, аз таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ барои камолоти тахассусии худ баҳравар шаванд. Духтарону писарони навоҳии кӯҳистон тибқи квотаи Президентӣ дар макотиби олии дилхоҳи худ таҳсил намоянд. Аз дастовардҳои пешқадами илму техникаи ҷаҳони муосир истифода намуда, худро ҳамчун ҷавони ояндасозу худшинос барои ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Марҳабо ҚОСИМОВА,
дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотию
коммуникатсионӣ ва
барномарезии ДДҲБСТ