Дар нишасти матбуотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ректори он Қудрат Давлатзода оид ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи якуми соли 2023 ба рӯзноманигорон маълумот дод. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 47 кафедраи донишгоҳ 502 нафар омӯзгор, аз ҷумла, як нафар академик ва се нафар узви вобастаи АМИТ, 36 доктори илм, 246 нафар номзади илм ба корҳои таълимию методӣ ва илмию амалӣ машғуланд. Ҳамзамон, 148 омӯзгор тибқи шартнома фаъолият менамоянд.
Бино ба гуфти ректор, донишгоҳ дар самти омодасозии кадрҳои илмию муҳандисӣ саҳми босазо дорад. Ҳоло муассиса неруи пуриқтидори кадрӣ ва илмӣ-техникии ҷавобгӯ ба талаботи муосир буда, вобаста ба рушди соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, технологияи иттилоотӣ, шабакаҳои алоқа, сохтмон ва меъморӣ ва ғайра корҳои таҳқиқотиро ба роҳ мондааст.
Ректор афзуд, ки панҷ Шурои диссертатсионӣ аз рӯи ихтисосҳои марбута ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ намуд, ки фарогири 13 ихтисоси PhD ва 13 ихтисоси илмии анъанавӣ мебошад. Дар маҷмуъ, дар Шурои диссертатсионӣ, шуроҳои дисертатсионии дигар муассисаҳои ҶТ ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 18 устоди донишгоҳ рисолаҳои илмии худро ҳимоя намуданд, ки аз онҳо 17 рисолаи номзадӣ ва як рисолаи докторӣ мебошад.
Оид ба фаъолияти байналмилалии донишгоҳ Қ.Давлатзода иттилоъ дод, ки донишгоҳ ҳамкориҳоро дар ин самт ривоҷ дода, дар маҷмуъ, бо 125 донишгоҳ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар робита ба ин, бо ташаббуси раёсати муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ барои татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 20220-2040), инчунин, дар асоси «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2021-2025 конференсияи 29-уми байналмилалии илмӣ-техникии «радиоэлектроника, электротехника ва энергетика бо иштироки намояндагони беш аз 22 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз кишварҳои Россия, Тоҷикистон. Миср, Ӯзбекистон ва ғайра ба тариқи маҷозӣ баргузор карда шуд.
Айни замон дар донишгоҳ 845 нафар донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Туркия, Россия ва ҶИЭ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Соли таҳсили 2022-2023 ДТТ ба номи академик М.С.Осимиро 24 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Афғонистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон хатм намуданд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ аз донишгоҳ як қатор шогирдон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар даври ниҳоӣ ширкат намуда, ба даври шаҳрӣ роҳ ёфтанд. Бино ба иқрори ректор, дар донишгоҳ 12 нафар ба гирифтани стипендияи ба номи академик М.С.Осимӣ лоиқ гардидаанд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
