ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДОМАНАДОР АСТ

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино аз рӯи панҷ ихтисос – кори табобатӣ, педиатрия, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа, стоматология ва фарматсевтӣ мутахассис омода менамояд. Дар ин хусус, дар нишасти матбуотӣ ректори он, профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ба рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки дар баробари ин, аз рӯйи 40 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ-таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос омода намудани мутахассисон ба роҳ монда шудааст. Дар донишгоҳ 12301 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки дар соли таҳсили имсола 2075 нафар донишҷӯ онро хатм карданд.
Рӯзноманигорон доир ба таҳсили муҳассилини хориҷӣ дар донишгоҳ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли хониши имсола 1936 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 23 давлати дунё дар сатҳи тодипломӣ, баъдидипломӣ ва баъдидипломии муолиҷавӣ, аз ҷумла, аз давлатҳои Россия, Канада, Зимбабве, ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ғайра таҳсил менамоянд. Дар донишгоҳ таҳсил бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда — 461, бо забони давлатӣ — 180, бо забони англисӣ -106 нафарро ташкил медиҳад.
Ректори донишгоҳ М. Гулзода диққати рӯзноманигоронро доир ба тайёр кардани кадрҳо барои соҳаи тандурустӣ ҷалб намуда, иттилоъ дод, ки ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. Роҳбарияти донишгоҳ барои амалӣ намудани мақсадҳои худ дар ҳамаи самтҳои фаъолият нақшаи чорабиниҳо таҳияву тасдиқ намуда, татбиқи онҳоро таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.
— Аз рӯи 22 ихтисос шуроҳои илмӣ фаъолият мекунанд, — гуфт М.Гулзода.- Мо тайёрем, ки дар ҳимояи рисолаҳои устодони дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар донишгоҳ мусоидат намоем. Ҳоло дар донишгоҳ ҳафт шурои диссертатсионӣ, як шуро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва шаш шурои дигар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар шуроҳои мазкури донишгоҳ вобаста ба ихтисосҳо 32 рисола (се рисолаи докторӣ, 29 рисолаи номзадӣ) ҳимоя гардид. Дар баробари ин, устодони донишгоҳ дар шуроҳои диссертатсионии берун аз донишгоҳӣ 12 рисолаи илмӣ (як рисолаи докторӣ, 11 рисолаи номзадӣ) ҳимоя карданд. Дар шашмоҳаи соли ҷорӣ, дар маҷмуъ, барои соҳаи тандурустии мамлакат 4 доктор ва 44 номзади илмро тайёр карда шуд.
— Яке аз ҳадафҳои дигари роҳбарияти донишгоҳ, — гуфт ректор, таълифи адабиёти нави таълимӣ ва беҳтар намудани дастрасии донишҷӯён ба маводи таълимӣ мебошад. Бо ин мақсад дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба китобхонаи донишгоҳ 87 номгӯй ва 6149 нусха адабиёти таълимии нав ворид карда шуд, ки аз ин 1500 нусхааш бо забони тоҷикист.