— Дар соли таҳсили 2023 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба комёбиҳои зиёде ноил гардид, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ ректори муассиса, доктори илми иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода. — Аз ҷумла, бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Пешвои миллат бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ДИПТ ва ташаббуси роҳбарияти ДМТ дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ – таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин марказ асарҳои Роҳбари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои эшонро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ гардидааст.
Соли ҷорӣ бинои хобгоҳи донишҷӯён пас аз таъмири мукаммали фарогир ба хонаҳои истиқоматӣ табдил дода шуда, ба 39 нафар омӯзгор ва корманди ҷавони ба манзили истиқоматӣ ниёзманд тақсим карда шуд.
Бино ба иттилои ректор, ДМТ тибқи гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо гирифтани 236 хол сазовори ҷойи якум ва соҳиби ҷоиза шуд.
Қобилҷон Хушвақтзода доир ба ҷараёни омӯзиши фанҳо дар донишгоҳ иттилоъ дода, афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ ихтисосҳои бехатарии иқтисодӣ, иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал дар факултети иқтисод ва идора, технологияи саноати дору дар факултети фарматсевтӣ ва кафедраҳои тибби оилавӣ, ҷарроҳии дуюм дар факултети тиббӣ ва биотехнология дар факултети биология таъсис дода шуд.
Зикр гардид, ки вобаста ба иҷрои протоколи ҷаласаи назди ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода «Оид ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ (махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ) дар кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ ва роҳҳои беҳтар сохтани он» нақшаи чорабинии донишгоҳ таҳия гардида, дар соли таҳсили 2022- 2023 аз ҳисоби донишҷӯёни курси якуми ихтисоси ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ як гурӯҳи англисӣ ва вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар факултети химия гурӯҳи академии таълимаш ба забони англисӣ барои курси якум таъсис дода шуд.
Гуфта шуд, ки дар соли гузашта донишгоҳро 338 нафар бо баҳои аъло хатм намуданд, ки 269 нафар хатмкардаи шуъбаи рӯзона, чор нафар хатмкардаи шакли таҳсилоти фосилавӣ, даҳ нафар хатмкардаи таҳсилоти дуюми олӣ ва 55 нафар хатмкардаи зинаи таҳсилоти магистратура мебошанд.
Бино ба гуфти ректор, дониш-ҷӯёни донишгоҳ 15 июли соли 2023 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар озмуни байналмилалӣ миёни иштирокчиёни ИДМ зери унвони «Барои хизматҳо дар соҳаи маориф» сазовори ҷойи якум гардиданд. Барои дарёфти нахустпатент аз ҷониби устодону кормандони донишгоҳ ба Маркази миллии патенту иттилоот ёздаҳ арзнома пешниҳод гардида, мавриди баррасӣ қарор дорад.
Чунонки ректор изҳор дошт, дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи шаш номинатсия бо иштироки 178 донишҷӯ, магистрант, омӯзгорон баргузор гардид, ки аз ин шумора 50 нафар ба даври дуюм (ноҳиявӣ) роҳхат гирифтанд. Дар моҳи май даври ноҳиявии озмуни мазкур сурат гирифт, ки аз рӯи шаш номинатсия донишгоҳ сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ гардид.
Маълум гардид, ки имрӯз факултетҳои тиббии донишгоҳ бо 30 беморхонаи шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дорад. То охири сол дар ДМТ боз 2 кафедра ифтитоҳ меёбад.
Ректори ДМТ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки моҳи октябри соли ҷорӣ донишгоҳ 75-сола мешавад ва доир ба ин сана чорабиниҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст.
