Ҳамасола баргузор шудани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» маҳз ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон ва ба ин васила, ба шинохту дарёфти истеъдодҳои нодир ва ташаккули минбаъдаи онҳо диққат додан, ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар мебошанд.
Бо мақсади муайян ва ошкор кардани вазъи омӯзиши фанҳои мазкур, ҳамчунин, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва дар маҷмуъ, ҳолати фаъолияти маҳфилҳои назди марказҳои таҳсилоти иловагии назди шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мувофиқи нақшаи кории Вазорати маориф ва илм дар нимсолаи якуми соли равон масъалаи мазкур аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, натиҷаи он дар ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода баррасӣ гардид.
Дар раванди санҷиш ба масъалаҳои вазъи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо назардошти мустақилияти идоравию молиявӣ, заминаҳои моддию техникӣ, таъминот бо таҷҳизоти муосири замонавӣ, маводи таълимию методӣ ва омӯзгорони касбӣ, вобаста ба талаботи замон, ташкили маҳфилҳои фаннӣ, махсусан, маҳфилҳои фаннии самти фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ, омӯзиши забонҳо, таъриху ҳуқуқ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шароитҳои мавҷуда ва сатҳу сифати кори маҳфилҳо, иҷрои қонуну қарор ва барномаҳои дахлдор низ диққат дода шуд.
Аз омӯзиш, таҳлил, муҳокима ва баррасии масъалаи мазкур ошкор гардид, ки кор на дар ҳамаи марказҳои таҳсилоти иловагии мавриди санҷишу омӯзиш қарор дода шуда, мувофиқи талаботи замон ва меъёрҳои муқарраргардида ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди мустақилияти идоравию молиявӣ доштани аксари муассисаҳои таҳсилоти иловагии мавриди санҷишу омӯзиш қарор гирифта, дар пешбурди раванди таълим монеаҳои зиёде пешорӯи фаъолияти онҳо қарор дорад.
Пеш аз ҳама, синфхонаҳои таълимии барои кори маҳфилҳо ҷудошуда нокифоя буда, қисми зиёди маҳфилҳои назди марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекунанд. На ҳамаи роҳбарони маҳфилҳо вобаста ба самти кори маҳфилҳо ихтисосманду соҳибтаҷрибаанд. Аксари роҳбарони маҳфилҳо ва қисме аз кормандони марказҳои таҳсилоти иловагӣ шахсони муштараккор (соатбайъ ё ҳамҷоякор) мебошанд. Самти кори қисме аз маҳфилҳо муайяну мушаххас набуда, ба ном мавҷуд будани баъзе аз маҳфилҳо эҳсос шуд.
Заминаҳои моддию техникии аксари марказҳои таҳсилоти иловагӣ номукаммал буда, бо таҷҳизоти муосири корӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва алоқамандӣ бо шабакаи байналмилалии интернетро надоранд. Воҳидҳои кории барои марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷудошуда нокифоя буда, фаъолият ҷавобгӯи талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ намебошад. Аксари оинномаҳои марказҳои таҳсилоти иловагӣ ниёз ба такмил ва таҷдиди назар доранд. Нақшаҳои корию тақвимӣ, барномаҳои таълимӣ ва кории шӯроҳои омӯзгориву методӣ қонеъкунанда нестанд. На ҳамаи масъалаҳои ба нақша гирифтаи кории нимсолаву солонаи марказҳо дархӯри самти таҳсилоти иловагӣ буда, вобаста ба натиҷаи иҷрои онҳо ва тадбирҳои андешидашуда дар шакли ҳисоботу протокол ва қарорҳои ҷаласаҳои баргузоршуда маводи мушаххас мавҷуд аст. Барои мисол аз 19 чорабинии нақшавии солонаи маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Балҷувон ҳамагӣ вобаста ба иҷрои як чорабинӣ маълумот пешниҳод шуд. Ошкор шуд, ки қисме аз марказҳои таҳсилоти иловагӣ нақшаву барномаҳои хоси самти таҳсилоти иловагиро надошта, бо маводи таълимӣ, методӣ, тавсиявӣ ва таҷҳизоти муосири замонавӣ таъмин нестанд.
Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040, «Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” низ иқдоми мушаххасе рӯи кор наомадааст. Вобаста ба иҷрои иқдоми мазкур танҳо дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлобу ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Восеъ (қисман) маҳфилҳо ташкил карда шудаанд. Дар марказҳои таҳсилоти иловагии дигар ноҳияҳои минтақаи мазкур ба ташкили маҳфилҳои фаннии самти фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ диққат надодаанд.
Ташкили маҳфилҳои омӯзиши “Забони русӣ” ва “Забони англисӣ” яке аз иқдомҳои амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” буда, на ҳамаи марказҳо ба ташкили чунин маҳфилҳо ва омӯзиши иловагии забонҳои русию англисӣ диққат додаанд. Ба ташкили маҳфилҳои самти “Забони русӣ” агар дар марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлобу ноҳияҳои Данғараву Восеъ ва Муъминобод диққат дода бошанд, пас дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлобу ноҳияҳои Фархор, Шамсиддин Шоҳину Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҳфилҳои омӯзиши “Забони англисӣ” амал дошта, дар назди марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Темурмалику Балҷувон ва Ховалинг ба омӯзиши иловагии забонҳои русиву англисӣ ва иҷрои барномаи давлатӣ диққат надодаанд.
Воҳидҳои кории барои аксари марказҳои таҳсилоти иловагӣ ҷудошуда, дар маҷмуъ нокифоя буда (марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон ҳамагӣ бо 7 воҳиди корӣ таъмин мебошанд!), бо назардошти талаботи чунин низоми таълим бояд бештари он воҳидҳои корӣ ҳадафнок ва ба самти таҳсилоти иловагӣ сафарбар гарданд. Ғайримақсаднок истифода шудани воҳидҳои кории марказҳои таҳсилоти иловагӣ дар фаъолияти қисме аз муассисаҳои таълимӣ ба мушоҳида расид.
Масалан, аз 14 воҳиди кории барои Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Темурмалик ҷудошуда, ҳамагӣ 5,5 воҳиди корӣ, аз 63,5 воҳиди кории барои маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Кӯлоб ҷудошуда, 35 воҳиди корӣ ва аз 7 воҳиди кории барои маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Балҷувон ҷудошуда, ҳамагӣ 2 маҳфил барои кори маҳфилҳо ҷудо шудааст. Ҳадаф аз ташкили марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва воҳидҳои кории ҷудошуда, пеш аз ҳама, диққат додан ба ташкили кори маҳфилҳо ва ҷалби бештари хонандагон аст, на ғайримақсаднок истифода шудани воҳидҳои кории ҷудогардида.
Мутаассифона, вобаста ба иҷрои Фармон ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» ва баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ягон иқдоми мушаххасе пайгирӣ нашудааст. Ҳол он ки омодагӣ ба баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ андешидани тадбирҳои иловагӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, такмили захираи луғавӣ, рушди ҷаҳони маънавӣ ва дар ниҳоди хонанда ташаккул додани майлу рағбат ба омӯзиши фанҳои дилхоҳ, шинохт ва дарёфту муаррифии лаёқатмандону соҳибистеъдодҳо ва ҷалбу тавсияи онҳо ба омӯзишу азхуд кардани ихтисосҳои барои рушди ҷомеа зарур, ки яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, мебошад.
Раҷабалӣ САНГОВ,
корманди Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти
иловагии ВМИ ҶТ
