НАВБАҲОРИ БЕХАЗОН

Нақши китобхонаҳо дар баланд бардоштани савияи дониши хонандагону донишҷӯён хеле муҳим мебошад. Хусусан, имрӯзҳо, ки дар ҷумҳурӣ озмунҳои гуногун вобаста ба китобу китобхонӣ идома дорад, осори бадеии заруриро довталабон маҳз аз китобхонаҳо дастрас карда метавонанд.
Таъсиси Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ба соли 1953 рост меояд. Баробари ба фаъолият оғоз намудани омӯзишгоҳ китобхонаи он низ дари худро ба рӯи донишҷӯёну устодони омӯзишгоҳ боз намуд. Он замон китобхона дар таҳхонаи бинои мазкур ҷой гирифта буд.
Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсии кишвар омӯзишгоҳ ба коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматуллои Азиз тағйири ном карда, бинои он пурра аз таъмир бароварда шуд. Дар қабати биноҳои асосӣ бинои нав бо сохти замонавӣ қомат афрохт. Бо ташаббуси сарвари коллеҷ Азиззода Зубайдулло, ки ба китоб эҳтироми бузург зоҳир менамояд, китобхонаи коллеҷ дар бинои нав ҷой гирифта, бо ин дубора дари маърифату донишро ба рӯи донишҷӯёну устодон боз намуд.
Дар китобхона дувоздаҳ компютер, ки ба шабакаи интернетӣ пайваст ҳастанд, дар ихтиёри донишҷӯёну устодони коллеҷ гузошта шудаанд. Дар он 22 ҳазор китоб мавҷуд аст, ки аз он 15 ҳазор китоб ба шакли электронӣ дар ихтиёри дошинҷӯён вогузошта шудааст.
Ғайр аз китобҳои соҳавӣ дар китобхона китобҳои бадеии зиёд низ мавҷуданд, ки албатта, баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва васеъ намудани ҷаҳонбинии донишҷӯён ёрирасон мебошанд. Бояд қайд намуд, ки бо истифода аз китобҳои бадеӣ донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат меварзанд ва то ба даври ниҳоӣ роҳхат мегиранд.
Устодону донишҷӯёни ин даргоҳ имкони васеъ доранд, аз тозатарин матолибе, ки дар матбуоти даврӣ нашр мешавад, огоҳӣ пайдо намоянд, зеро маъмурияти коллеҷ ба чандин ҳафтаномаву маҷаллаи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ обуна мебошад.
Рафи китобҳо диққати моро ба худ ҷалб менамояд. Ба он наздик мешавем ва маҷмуи асарҳои нависандагони муосири тоҷикро мебинем. Китобҳои мазкур ба муносибати сисолагии Истиқлоли давлатӣ аз тарафи нашриёти «Маориф» ба чоп расидаанд. Ин аст, ки онҳо аз адади як шуруъ шуда, бо рақами сӣ хотима меёбанд. Ороиши китобҳо низ хеле ҷолиб аст.
Силсилакитобҳои мазкур аз асари ҷовидонаи устод Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо» шуруъ шуда, бо «Тазкираи мухтасари насри муосири бачаҳо» ба итмом мерасад.
Бояд зикр намоем, ки ҳаштод дарсади донишҷӯёни коллеҷро занону духтарон ташкил медиҳанд. Гуфтаи машҳурест, ки агар зан бомаърифт бошад, тамоми оила бомаърифат мешавад. Ҳамин аст, ки роҳбарияти коллеҷ ва маъмурияти китобхона пайваста мекӯшанд, бо баргузории маҳфилу озмунҳои гуногун донишҷӯёнро ба китобхонӣ ҳавасманд гардонанд. «Беҳтарин хонанда», «Беҳтарин китобхони сол» унвони озмунҳоест, ки дар коллеҷи мазкур миёни донишҷӯён ба таври ҳамешагӣ баргузор мешавад.
Имсол устодону донишҷӯён 70-солагии таъсиси коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳматулло Азизро ботантана ҷашн гирифтанд. Маҳз дар арафаи ин санаи муборак китобхона дар бинои навбунёд ҷой дода шуда, вазъи хидматрасонӣ хубтару беҳтар гардонида шуд.
Моҳинав НИЁЗОВА,
омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб