Дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи “Таҳсилоти томактабӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳал” мизи мудаввар баргузор гашт.
Ноиби президенти АТТ Ирина Каримова дар бораи зарурати масъалагузорӣ, натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат дар ин самт, аз ҷумла, табодули таҷриба бо кишвари Ӯзбекистон чанд сухани муҳим гуфт. Зикр шуд, ки соли 2009 ғояи таъсиси Маркази инкишофи кӯдак ба миён омада, фарогирии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ то андозае таҳрик дод.
– Он замон фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ҳамагӣ 6-7%-ро дар бар мегирифт, ки ин дар муқоиса бо кишварҳои дигар воқеан, кам буд (айни ҳол 16%), – изҳор кард И.Каримова. – Мо барои ҳалли ин мушкилӣ чанд ташкилотро ҳам ба ҳамкорӣ даъват кардем. Ниҳоят, бо дастгирии ЮНИСЕФ платформаи рақамии таҳсилоти томактабии “Сандуқчаи зулбиё” (филми аниматсионӣ) омода ва ба истифода пешниҳод гашт.
Зикр шуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 дар доираи татбиқи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдак барои рушди сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» ва ҷиҳати роҳандозӣ намудани шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз мутахассисони соҳаҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва молия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом доданд. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини вазир Зиёдулло Абдулзода таҷрибаи ҳамтоёни кишвари ҳамсояро тайи чанд рӯз омӯхтанд. Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ хеле пешсаф буда, 71.8% кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Шаклҳои алтернативии фарогирӣ хеле зиёд буда, аз шумораи умумии кӯдакон 67,5% дар ин намуди муассисаҳо фаро гирифта шудаанд.
Ҳадафи сафар табодул ва омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишвари ҳамсоя дар ҷодаи роҳандозии шаклҳои алтернативии фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ ба шумор меравад. Мудири бахши томактабии Вазорати маориф ва илм Қ.Муҳиддинзода дар бораи вазъи фаъолияти ин муассисаҳо дар кишвари ҳамсоя, мавқеи сектори давлатӣ дар пешбурди самти мазкур, ҳамзамон, мавриди таваҷҷуҳи онҳо қарор гирифтани таҷрибаи мо дар масъалаи роҳандозӣ гардидани марказҳои инкишофи кӯдак, таҳияи стандарди давлатӣ ва маводи методӣ чанд сухани муҳим гуфт.
– Танҳо дар ин самт дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 120 нафар дар 21 раёсату шуъба кор мекунад, – гуфт ӯ. – Дар кишвари ҳамсоя шаклҳои гуногуни алтернативӣ фаъолият мекунанд ва сабаби фарогирии бештар ҳам маҳз ҳамин аст. Таваҷҷуҳи ҷомеа ба таҳсилоти томактабӣ зиёд аст, ин ҳам сарчашма мегирад, аз ҳатмӣ ва ройгон будани таҳсилоти томактабӣ. Аммо онҳо воситаи арзёбӣ, стандарти омӯзишӣ, ки мо таҳия кардаем, надоранд ва аз ин ҷиҳат кори моро пазируфтанд. Мо шурои координатсионӣ дар назди муовини Сарвазир дорем, фарогирӣ дар онҳо аз 3-солагӣ аст, ки ин ҳама ба онҳо писанд афтод. Мо Стандарт дорем, онҳо Талаботи омӯзиши барвақтии кӯдак. Онҳо танҳо барномаи таълимӣ доранд ва дар асоси он ба муассисаҳои томактабӣ иҷозат дода шудааст, ки барномаи худро таҳия кунанд. Мо бояд шаклҳои алтернативиеро интихоб кунем, ки ба шароитамон созгор бошанд.
Таъкид шуд, ки таҷрибаи пештар – сарпарастии муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби сохторҳои давлативу хусусӣ роҳандозӣ гардад, рафъи мушкилоти фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ осон мегардад. Ҳамчунин, иқдоми ҳамкорӣ миёни сектори давлатӣ ва хусусӣ шоистаи дастгирист. Дар Тоҷикистон ҳамагӣ як муассисаи томактабӣ бо ин равиш фаъолият мекунад. Ба гуфти Қ.Муҳиддинзода, бартарии ин амал дар он аст, ки чунин муассисаҳо имкони қарзи дарозмуддати (10-сола) имтиёзнок (ё 1 -фоиза) пайдо карда, тӯли се сол аз андоз озод ва бе иҷозатнома фаъолият карда метавонанд. Танҳо дар асоси шартнома бо Агентии таҳсилоти томактабӣ 40 дарсади кӯдакон аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд, маводи методиро ҳам давлат таъмин мекунад. Баъди ин фаъолияти муассиса арзёбӣ мегардад ва агар мувофиқи талабот бошад, он мақоми давлатӣ мегирад.
Фаъолияти Маркази инкишофи кӯдакон, албатта, солҳои охир вазъро дар мо беҳтар гардондааст, аммо ба гуфтаи сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Ҷаҳонгир Бобоҷон, заминаи ҳуқуқии ин марказҳо пойбарҷо нест. Ӯ аз мухолифати қонун ва асноди меъёрӣ нигаронӣ карда, зарурати тағйирот даровардан ба онҳоро муҳим баррасӣ кард. Дарвоеъ, Низомномаи Намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 ба тасвиб расидаанд. Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, соли 2013 ба тасвиб расида бошад ҳам, то соли 2020 чор маротиба таҷдид назар гашт, аммо номувофиқатӣ рафъ нагардид. Яъне, дар Қонун Маркази инкишофи кӯдак ба намуди муассисаҳои томактабӣ шомил дониста шудааст, ки дар ин сурат шахси ҳуқуқӣ бояд маҳсуб ёбад. Аммо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тибқи Низомномаи худ (моддаи 5) дар сурати доштани иҷозатнома (литсензия) барномаи таълимии таҳсилоти томактабиро метавонад амалӣ намояд.
– Айни замон дар Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ шахси ҳуқуқӣ нест, – таъкид намуд Ҷ.Бобоҷон. – Ин ҳолат тақозо мекунад, ки ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид гардад (моддаҳои 15-16). Азбаски мактаб низоми томактабиро дар худ дошта наметавонад, Маркази инкишофи кӯдак неву гурӯҳҳои барвақтӣ лозим. Тартиби инро бояд муайян кунем.
Масъалаи дигар дар зимн ба тағйироти қонун вобаста аст. Ба таъкиди И.Каримова, дар ҳоле ки мо Кодекси маорифро омода дорем, тағйирот ба қонун зарурат надорад.
– Ғайр аз ин, мо бояд ба назар гирем, ки мо мактабҳои камнуфус дорем, Барнома барои ақаллиятҳо ҳам лозим, оё метавонем, ин корҳоро анҷом диҳем? – изҳори нигаронӣ кард ӯ. – Мумкин аст, тартиби амалӣ кардани ин амалро дар асоси фармоиши вазир ҳам ҷорӣ кард.
Дар моддаи 7-и Қонуни ҶТ “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ” Маркази инкишофи кӯдак ҳамчун як намуди муассисаҳои томактабӣ зикр шудаасту халос, (моддаи 7) шарҳи дигаре нест. Аз ин рӯ, ин қонун ҳам бояд таҷдиди назар гардад. Муҳаммаддовуд Саломиён дар тақвияти андешаҳои зикршуда иброз дошт, ки то ҳанӯз волидон моҳияти таҳсилоти томактабиро намедонанд ва ё намехоҳанд, ки фарзандонашон ба боғчаҳои кӯдакона раванд.
– Фаразан, мо муассисаи томактабиеро дидем, ки барои сад нафар пешниҳод шудааст, аммо ҳамагӣ 20 нафар кӯдак фаро гирифта шудаасту халос, – гуфт ӯ. – Дигар омили кам будани фарогирӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сатҳи таъминоти молиявии оилаҳо дар маҳалҳо мебошад. Агарчи кам ҳам бошад, пардохти маблағ барои волидон дар деҳот гаронӣ мекунад. Ба андешаи ман, пеш аз ҳама, монеаҳо ва номувофиқатиҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бояд бартараф карда шаванд. Дар ҳамин ҳол, марказҳои рушди кӯдак дар назди мактабҳо ғайрирасмӣ бошад ҳам, натиҷа дода истодаанд. Дар шаҳри Душанбе алҳол марказҳои шахсии рушди кӯдак таъсис ёфта истодаанд. Маълум аст, ки ин марказҳо беманфиат нестанд, зеро агар волидон манфиати ин марказҳои хусусиро дарк накунанд, албатта, фарзандашонро ба он ҷо намесупоранд. Агар ба ин марказҳо аз ҷониби давлат имтиёзҳои бештар дода шавад, ҳавасмандӣ бештар гашта, кӯдакон ҳам зиёдтар ҷалб мешаванд. Фикр мекунам, мумкин аст, ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ имконият дода шавад, ки барномаҳоро мувофиқ ба имконияташон таҳия намуда, дар шуъбаҳои маориф тасдиқ намоянд.
Дар “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” доир ба шаклҳои алтернативӣ, бахусус, марказҳои инкишофи кӯдак, ки дар онҳо хароҷоти кам барои фарогирии бештари кӯдакон дида мешавад, монеа зиёд аст. Аз ҷумла, “мақоми давлатӣ надоранд ва аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ карда намешаванд. Аз ин сабаб, собиқаи кории омӯзгорони маркази инкишофи кӯдак дар дафтарчаи меҳнатӣ қайд карда намешавад ва аз имтиёзҳои иҷтимоӣ ба мисоли рухсатии меҳнатии пулакӣ маҳруманд. Бо ин сабабҳо масъалаи ҷалби омӯзгорони ботаҷриба ва нигоҳдошти онҳо дар марказҳои инкишофи кӯдак мушкил аст.”
Директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ А.Наҷмиддиниён дар робита ба мавқеи Пажуҳишгоҳи рушди маориф дар ҳалли масъалаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фаъолияти шуъбаи махсус дар ин ниҳод, мушкилот ва дурнамои соҳа андешаронӣ кард. Ба таъкиди мавсуф, тибқи лоиҳа пурсишномае бо падару модарон гузаронда шуд.
– Маълум шуд, ки низоми муайяни фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдак дар мо нест, – таъкид кард ӯ. – Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода аз таассуроташон дар кишвари ҳамсоя, ки таълими хонагӣ дар он ҷо бештар аст, ба мутахассисон дастуру супоришҳои судманд доданд, ки иҷрои онҳо аз ҳар яки мо таваҷҷуҳи хосаро металабад.
Ба таъкиди Тӯтихон Девоншоева – мутахассиси соҳа аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ҳанӯз дар соли 2004 ҳангоми таҷдиди назар шудани Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ҳатмӣ будани омодагии кӯдакони синни калони мактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва баробар ба омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ гардондани маоши мураббиён пешниҳод шуда буд, аммо пешниҳод қабул нагардид.
Саидаи ФАЗЛ,
“Омӯзгор”
