МАҚОМИ ОМӮЗГОР ТАНҲО ДАР ЗАМОНИ ШУРАВӢ БАЛАНД БУД?

Аслан, дар хусуси қадру манзалат ва обрӯю нуфузи омӯзгор ҳамчун фарди фарҳангӣ ва зиёии заҳматкаш басо гуфтаанду навиштаанд. Вале моро мушоҳидаҳое хос водошт, ки дафъатан дар ин мавзуъ андешаҳои худро баён намоем. Имрӯз сару садоҳое баланд шудаанд, ки аз рӯйи таъбири “ҳар чӣ пеш омад, хуш омад” ҷавонони навакак аз паси мизи донишҷӯйӣ бархоста, дар муассисаҳои таълимӣ ба сифати омӯзгор ба фаъолият оғоз кардаанду гӯё сатҳу сифати таълим то андозае паст гардидааст. Ҳатто дар маъракае шахси соҳибамалу шинохтае рӯйи суханро ҷониби дигар кашида, шабеҳи “тароша аз бом” аз он изҳори нигаронӣ ва норизоиятӣ кард, духтару писароне, ки дар коллеҷу донишгоҳ ва донишкадаҳо ғоибона (ба таври фосилавӣ) таҳсил мекунанд, ҳамзамон, дар таълимгоҳҳо аз ину он фан ба хонандагон сабақ меомӯзонанду донишу тафаккури созгор ба замони муосир надоранд.
-Ҳама соҳиби гап, ҳама “ман муаллимам” гуфта, фарзандони моро таълим медиҳанд,- изҳор дошт он мард ва афзуд, ки ба миқдор диққат дода истодаему ба сифат не. Муаллимӣ пешаи сангину заҳматталаб аст, оё ин ҷавонони камтаҷриба аз уҳдаи касби пуршарафи педагогӣ баромада метавонанд?
Бешак, ман хомӯширо авло надонистам ва ба марде, ки шикояту гилагузорӣ намуда буд, бо эътироз посух додам: Воқеан, ин вазъ, ки шумо мавриди баррасӣ қарор додед, як раванди табиӣ ва ногузир аст. Сухан сари он меравад, ки ба ин масъала набояд яктарафаву сатҳӣ ва ба таври инкоргароӣ (нигилистона) назар кард. Қабл аз ҳама, таъкид бояд кард, ки ҷалби мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ аз рухдодҳои хубест, ки аз он истиқбол бояд кард, на норизоиятӣ. Аммо масъалаи то кадом дараҷа ба талаби замон ҷавобгӯ будани фаъолияти омӯзгории ҷавонон ва сатҳи донишу маҳорат ва қобилияти педагогии онҳо таҳлил, мушоҳида ва хулосабарорию натиҷагирии доманадор ва пайваста бо далелҳои муътамадро тақозо мекунад. Бо даст афшондану ба таъбири устод Садриддин Айнӣ “саридастакӣ” ҳукми қотеъона баровардан, ки мутахассисони ҷавон ҳоло лоиқи кори омӯзгорӣ нестанд, иштибоҳ ва камоли мушаххасану дақиқан нарасидан ба ғаври мушкили мазкур мебошад.
Дуруст аст, ки дар зиндагӣ на ҳама дар лаёқату истеъдод, фаҳму дарк ва ҷаҳонбинию тафаккур баробару ҳамсанганд, тавре дар урф мегӯянд, “панҷ ангушт баробар нест”. Ва аммо ин маънои онро надорад, ки рӯйи фаъолияти омӯзгорони ҷавон носанҷидаву дарк накарда, хатти бутлон кашем. Воқеан, имрӯз донишҷӯёни коллеҷу макотиби олӣ (бештар духтарон), ки ба таври фосилавӣ таҳсил мекунанд, дар таълимгоҳҳо ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс медиҳанд.
Агар норасоии омӯзгоронро дар бахши аъзами муассисаҳои таълимӣ ба эътибор бигирем, ба фаъолияти педагогӣ машғул гардидани мутахассисони ҷавон дар ин росто чӣ бадӣ дорад? Омили асосӣ ва калидӣ дар ин боб на ба таври фаровон ба кор пазируфта шудани омӯзгорони ҷавон, балки то чӣ андоза аз ҷониби раҳбарони муассисаҳои таълимӣ тарбия ва ёрии методӣ расондан ба онҳо маҳсуб мешавад. Дар ин хусус зиёд навиштему мукарраран таъкид менамоем, ки дар таълимгоҳҳо аз ҷониби директору ҷонишини вай доир ба бахши таълим мувофиқи нишондоди меъёрӣ ба дарсҳои мутахассисони ҷавон даромадан, камбуду норасоӣ ва муваффақиятҳои онҳоро хотиррасон кардану маслиҳатҳои судманд додан муҳим ва таъсиргузор мебошад. Ҳамчунин, таври маъмул, вобаста намудани омӯзгорони собиқадору соҳибтаҷриба ба мунтахассисони ҷавон ба салоҳи кор мебошад. Аз ин хотир, қазовати бебунёд дар бораи дар мактабҳо зиёд шудани сафи омӯзгорони ҷавон аз рӯйи инсоф намебошад. Дар ҳамин масъала мушоҳидаи дигаре, ки вақтҳои охир маро ба андеша мувоҷеҳ намудааст, бардошту афкори иддае аз афродест, ки пайваста аз даврони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ёд меоранду ҷиҳатҳои хубу омӯзандаи мактабу таҳсили хонандагонро дар он айём таърифу ситоиш мекунанд. Ҳароина, ин ки сохтори таълиму тарбия ва низоми маориф дар даврони Шуравӣ беҳтарину муваффақтарин ба шумор мерафт, ҳеҷ ҷойи радду бадал ва нигарониро дар пай надорад. Вале на ҳама паҳлуҳои раванди таълиму тарбияи он замон дар сатҳи баланд қарор дошту ба тарбияи инсони комилу созанда мусоидат мекард. Ҳоло бисёр мешунавем, ки ашхоси солманд ва миёнасол як мушоҳидаи худро такрор ба такрор таъкиду хотиррасон мекунанд:
— Муаллим дар замони Шуравӣ соҳибмартабаву обрӯманд ва ба гуфтае, “гули сари сабади маъракаҳо” ҳисоб меёфт. Ҳамин ки муаллимро дар роҳ ё кӯчаи деҳа дучор меомадем, аз тарс намедонистем, худро ба куҷо занему пинҳон шавем. Аз муаллим метарсидем. Ҳоло чӣ? Ҳама муаллим шудаанд, ба қадри ин гурӯҳи маърифатпарвар намерасанд.
Воқеан, дар ин ҳукму мулоҳиза ҳеҷ нофаҳмӣ вуҷуд надорад. Оре, ҳамин тавр буд ва ин ҳақиқатест, ки наметавон онро рад кард ё нодида гирифт. Аммо моро андешаи қолабию шахшудае, ки бузургию маснади баланди омӯзгорро дар заминаи эҳсоси тарс бозгӯйӣ мекунад, ба изтиробу ташвиш оварда. Мазмун, аз муаллим он замон ба хотири машғулиятҳои пурмуҳтаво ва шахси дарёдилу пурмеҳр буданаш, бар ивази муҳаббату дӯст доштан метарсиданд! Тарс омили болидарӯҳӣ ва ифтихор набуду нест. Дар ҳама давру замонҳо бузургону нобиғагон ва мутафаккирону ҳакимони тамаддуни олам, аз ҷумла, намояндагони адабиёти классикии форсу тоҷик тарсро ҳамчун падидаи манфӣ ва маҳдудкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба боди интиқод кашидаанду мазаммат намудаанд. Бахусус, достонҳои “Шоҳнома”-и безавол ва осори манзуми ҳикматбори Муҳаммад Иқболро пеши назар орем, кифоят мекунад бигӯем, ки “мушт намунаи хирвор”. Ҳисси тарсе, ки нафарони алоҳида дар хусуси муаллимон дар даврони Шуравӣ меоранду аз он бо тафохур ёд меоранд, ба ҷуз нотавонию аҷз дар қиболи тарбияи насли наврас аз ҷониби мактаб, волидон ва дигар сохторҳои марбут ба тарбия чизи дигаре нест.
Ҳамакнун суоле дар мағзи муаллифи ин сутур мечархад, ки агар тарс ҷавҳари тарбияи солимро ташкил медод, чаро бо сар задани ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ аксари онҳое, ки ба даст камон гирифтанду аз худ “қаҳрамон”-у “патриот” тарошиданд ва ба қатлу куштор рӯ оварданд, тарбиятдидагони ҳамон мактаб буданд? Магар на?! Пас, дар кадом паҳлу ё самти мактабу маорифи замони Шуравӣ дар ҷумҳурӣ хато ё иштибоҳи ҷиддие роҳ ёфта будааст, ки мо ба таърифу ситоишҳо саргарм шуда, аз он бехабар мондем. Аз ин лиҳоз, набояд тарсро омили пешрафт ё сарчашмаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ворастагию эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстӣ донист.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мундариҷаву ғояи тарбия ва консепсияи ташаккули насли наврас комилан тағйир ёфт. Тарбияи насли наврас ба ҷанбаи гуманистӣ такя карда, риояи ҳуқуқу озодиҳои хонанда ба ҷойи аввал баромад. 20 сол қабл аз ин дар матлабе бо номи “Табартарбия” бо сароҳат зикр карда будам, ки бояд дар муносибат ба хонандаи мактаб таҷдиди назар намуда, аз шеваҳои зӯргӯию фишор ва таҳқири шахси тарбиятгиранда иҷтиноб биварзем. Қисме аз омӯзгорон ва волидон забон ба даъвӣ кушоданд, ки тарбияи эҳсоси гуманистӣ ба ҳувияти миллат, хоса хонандаи мактаби муосир бегона буда, бояд аз таъзиру ҷазо истифода кард. Вале таҷрибаи рӯзгор дар марҳалаҳои баъдӣ нишон дод, ки хонандаи таълимгоҳ ба умқи муносибати инсондӯстона мерасад ва ба омӯзгорони гуманист эҳтиром мегузорад. Ин масъаларо ба он хотир гӯшзад карданием, ки омӯзгорони ҷавон ба шӯру ситез аз сари ҷаҳл ва хашму ғазаб ба шогирдон бо оҳанги хашин муносибат накунанд ва дили орзупарвару чун оби зулол софу назифи онҳоро ба таври якумрӣ нашикананд, ки доғест дар сарнавишти ингуна омӯзгорон. Дар пайи тарбияи омӯзгорони ҷавон ва дилгарм намудани онҳо ба таълиму тарбия дар мактабҳо, тавре борҳо хотиррасон кардем, эшонро бо имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла, бо замини наздиҳавлигӣ таъмин бояд кард. Қарори мазкури Ҳукумат дар рӯйи коғаз не, балки амалан бояд аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва шаҳраку ҷамоатҳо татбиқ карда шавад. Мутаассифона, ин қарор тайи 15-20 соли ахир ба таври бояду шояд иҷро нагардида, ҳавасмандию қадрдонии устодону омӯзгорон, хусусан, мутахассисони ҷавон аз тарафи раҳбарияти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳӣ низ ба таври қонеъкунанда ба роҳ монда нашудааст. Аҷобатро бубинед: ҳар гоҳ дар раёсату шуъбаҳои маориф аз хусуси қадрдонии омӯзгорони ҷавон ва аз имтиёзҳои муқарраргардида баҳраманд гардидани онҳо пурсон шавем, ба мо изҳор медоранд, ки ба омӯзгорони ҷавон ба муддати се сол даҳ дар сад ба маошашон маблағ илова карда мешавад. Охир, ин қарори Ҳукумат ва вазифаи мустақими шумост, ки дар иҷрои он ҳеҷ ҷойи тардид ва баҳонаҷӯйӣ нест, яъне, кори муқаррарие, ки бояд ба маош изофа кард.
Чаро дар аксар раёсату шуъбаҳои маориф ба омӯзгорони ҷавон тақдими Сипоснома ё Ифтихорномаро зарур намешуморанд? Мисолаш бисёр аст, ки зикру рақамзании он ҳама наоварда беҳ! Бармегардем ба масъалаи тарбияи хонандагон дар заминаи равандҳои гуманистию демократӣ. Дар ин роҳ ҳеҷ гуна баҳона ё фалсафатарошӣ дар бораи он ки танҳо бо зулму зӯр мешавад хонандаи имрӯзаро тарбия кард, набояд ҷой дошта бошад. Барои бо хонанда муносибати неку ҳамида ва инсондӯстонаро ба роҳ мондан бояд пайваста аз вазъи руҳию равонӣ ва шароити моддию молиявии хонадони онон хабардор буд. Боиси хушҳолист, ки дар таълимгоҳҳои кишвар дар ин самт воҳиди кории равоншинос (психолог) таъсис дода шудааст, ки дар раванди таълиму тарбия ба омӯзгорони фаннӣ ва роҳбарони синфҳо мадад мерасонад. Танҳо дар ҳамкорию ҳамбастагии роҳбари синф, омӯзгорони фаннӣ, равоншинос ва падару модари хонанда метавон дар ҳалли мусбат ва рафъ намудани мушкилоти баамаломада дар байни хонандаву омӯзгор ё хонандаю роҳбари синф ба мақсад расид. Дар ин ҷода ба омӯзгорону устодон, бавижа, мутахассисони ҷавон зарур аст, ки бештар ба омӯзишу мутолиаи осори илмӣ-назарӣ ва педагогию психологӣ машғул шуда, роҳу шеваҳои муассиру таконбахшро дар муносибат бо хонандаи мактаби муосир дарёбанд, доираи тафаккур ва ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд. Ба як сухан, бо замон ҳамқадаму ҳамнабз бошанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”