Дарсро дар фарҳангҳои тафсирии педагогӣ шакли ташкили кори омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ қаламдод кардаанд.
Ин шакли таълим ҳамеша яксон набуда, вобаста ба талаботи ҷамъият ҳамеша тағйир меёбад. Дар шароити тараққиёти пуравҷи техникаву технология, болоравии истеҳсолоту иҷтимоиёт ва иттилоот маорифу дидактика ҳам пеш меравад ва шаклу воситаҳои нави корбарӣ ба миён меояд. Дар чунин шароит шахс (одам) ба проблемаҳои гуногун дучор меояд. Аз ин рӯ, барои ҳалли бомуваффақияти онҳо на танҳо дониш, балки ҷаҳонбинии васеи ҳаматарафа, тафаккури ҳамаҷониба инкишофёфта, маҳорати мустақилона афзун гардондани дониши хеш ва дар шароити мухталиф истифода бурда тавонистани он ниҳоят зарур аст.
Ин талабот ё сифатҳо вазифаи асосии мактабу маорифанд, ки маҳз дар дарс поягузорӣ мешаванд. Таснифоти шаклҳои дарс, ки дар муассисаҳои таълимӣ аз тарафи омӯзгорон дастгирӣ меёбад, дар кадом шакле, ки бошад, бояд пеш аз ҳама, вазифаи он бояд муайян карда шавад. Мазмуну мундариҷаи дарс ба вазифаҳои гуногунсоҳаи он бояд мутобиқ бошад. Барои дарси имрӯза ҳарҷониба муайян кардани вазифаҳои он муҳим аст. Вазифаи асосии дарс ташаккул додани маҳорату малакаи хонанда буда, дар қисми дуюми нақшаи дарсии омӯзгор дар ҳар дарс сабт меёбад. Аммо имрӯз омӯзгор бояд ташаккул додани маҳорати умумии фаъолияти интеллектуалиро (таҳлил, хулосабарорӣ ва ҷамъбасту арзёбии дуруст) ҳадафи дарси худ қарор диҳад. Муаллим ҳангоми тайёр шудан ба дарс бояд ба муайян кардани сохт ва мазмуну мундариҷаи он ҳаматарафа фикр кунад, маълумоти заруриро дар атрофи ғояҳои асосии он ҷустуҷӯ намояд. Ҳарчанд барномаву китобҳои дарсӣ аз нав тартиб дода шаванд ҳам, ба кашфиёти босуръати илму техникаи муосир расида наметавонанд. Маълумот оид ба кашфиёт, таҷриба, ихтироъҳои нав ба хонандагон тавассути воситаҳои гуногун: радио, телевизион, шабакаҳои интернетӣ, нашрияҳои гуногун, матбуоти бачагона дастрас мешаванд. Аз ин рӯ, дар вақти дарс вобаста ба мавзуъ омӯхтани маводи илова, тамошои театру кино, консерт, осорхона низ аз аҳаммият холӣ нест. Ҳангоми дарс зарур аст, ки маълумотҳои аз сарчашмаҳои гуногун гирифташуда шавқовар бошанд.
Дарс аз ҷиҳати сохту шакл ва принсипҳои асосии он ҳамон вақт самара медиҳад, ки равиш ё метод чӣ гуна истифода шудааст. Донишманде фармудааст: «Агар хонанда дарсро надонад, ин айби методика аст».
Методика тарз, усул, роҳ, восита-усули назарӣ ва амалии ташкили бонизоми фаъолияти одамон дар ҳалли масъалаҳои гузошташуда мебошад.
Дар мактаб шакли ба хонандагон додани дониш дар дарс роҳи фаҳмонидан буд, ҳаст ва мемонад. Ин бешубҳа, яке аз шаклҳои басо самарабахши ба насли наврас додани таҷрибаи ҷамъбастшудаи инсоният мебошад. Ин шакл чунин воситаҳои шаклҳои кор мисли баёни шифоҳии омӯзгор, намоишдиҳӣ, кор бо китоб, машғулиятҳои лабораторӣ, назорат ва ғайраро фаро мегирад. Истифодаи оқилонаи воситаҳои техникӣ ва асбобҳои аёнӣ ва маводи дидактикӣ низ ба фоидаи кор аст.
Солиёни дароз дар мактаб метод ё усули репродуктивӣ истифода карда мешавад, ки он хонандагонро барои такрори чандинкаратии донишҳои ба онҳо омӯзонидашуда ва шаклҳои аз тарафи омӯзгор пешниҳодкардашуда фаъол мегардонад.
Баъдтар барои ташаккул додани мустақилӣ, рушди тафаккур ва эҷодкории хонандагон усул ё методи проблемавӣ (масъалагузорӣ) ба амал омад, ки ҳоло ҳам истифода мешавад. Дар истифодаи ин метод худи омӯзгор ба ҷустуҷӯ машғул шуда, ба хонандагон намунаи фикрронии илмӣ-тадқиқотиро нишон медиҳад.
Ҳар як усул барои ҳалли вазифаҳои асосии худ ногузир буда, ҳеҷ гоҳ яке ҷойи дигареро гирифта наметавонад. Дар асри гузашта усулҳои таълимию методии Липетский, Шаталов, Амонашвили буданд, ки аз байн рафтанд. Сабабҳои аз байн рафтани ин усулҳо шояд дар ин буд, ки талаботи ин методҳо дар бисёр минтақаҳо иҷронашаванда буд. Бо мурури замон дар соли таҳсили 2016-2017 татбиқи муносибати босалоҳият дар таълим ҷорӣ гардид. Тағйир ёфтани низоми таҳсилот дар навбати худ усул ё методҳои навро ба миён овард. Имрӯзҳо қисми зиёди омӯзгорон истифодаи усули интерактивӣ (байниҳамдигарӣ – байни омӯзгору хонанда)-ро истифода мебаранду тавсияҳо медиҳанд. Талаботи асосӣ оид ба истифодаи ин усул он аст, ки машғулиятҳо кори дастаҷамъӣ аст, ҳамаи иштирокчиён – хонандагон баробаранд. Дар истифодаи ин усул истифодаи кори гурӯҳӣ, бозиҳо, баҳсу мунозираҳо аз манфиат холӣ нест.
Мувофиқи талаботи дидактика мо, асосан, ду шакли таълими умумӣ ва фардиро истифода мекунем, ки ба ин васила ҳамаи принсипҳои асосии дидактика: илмият, пайдарҳамӣ, шуурнокӣ, фаъолӣ, аёният, алоқамандии назария, дастрасии таълим, характери тарбиявӣ ва моҳияти башардӯстона доштани таълим амалӣ карда мешавад.
Мақсади асосии гузариш ба таҳсилоти босалоҳият ташаккули дониши назарии хонанда, рушди худтарбиядиҳӣ, худомӯзӣ, дарёфти мавқеи хеш дар зиндагӣ ва рушди шахсияти комил мебошад. Барои иҷрои ин ҳама вазифаҳо дар мактаб дарс меҳвари асосист. Омӯзгорро ҳангоми банақшагирии дарс зарур аст, одоби муошират, мақсадҳои дарс, қисми асосии дарс, анҷому ҷамъбаст ва ғояи асосии онро муайян созад ва дар интихоби усулу метод дақиқназарона муносибат намояд. Ба қавле, дар 45 дақиқаи дарс ба ҷо овардани 45 амалу кор зарур аст.
Зарурати таҷдиди низоми таҳсилот вазифаҳоеро ба миён гузошт, ки бидуни иҷрои онҳо кори таълиму омӯзгорро самарабахш донистан нашояд. Дар дарси муосир омӯзгор баҳри тарбия ва инкишофи андешаи миллӣ, худшиносию ватанхоҳии шогирдон музаффариятҳои Тоҷикистонро ба далелу бурҳонҳои саҳеҳ бояд нишон дода ҳисси ифтихори ватандориро дар шогирдон афзун намояд.
Чун дар назар аст, ки дар оянда ба таълими 12-сола мегузарем, дар дарсҳо бояд ба масъалаи интихоби касб ва таълимоти касбӣ бештар эътибор дода шавад.
Ин талаботу вазифаҳо ҳамон вақт амалӣ мешаванд, ки агар омӯзгор пешаи хешро дӯст дорад ва пайваста омӯзад.
Ҳ. СОДИҚОВ,
омӯзгори мактаби №24,
ноҳияи Мастчоҳ
