ХАТАР БА ҶОМЕАИ ДУНЯВӢ

Ба ҳама маълум аст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистони тозаистиқлол дучори ваҳшонияти саркардагону аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ гардид.
Саркардагону аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ аз замоне, ки бунёд ёфт ва ба фаъолият шуруъ намуд, ба ҷуз ташкили намоишу майдоннишинӣ, моҷароҷӯӣ, ниқорталабӣ, қонуншиканӣ, фишороварӣ, таҳдиду зӯроварӣ дигар кори «хайру савобе» ба мардуми тоҷик накардааст. Ғояи асосии ин ташкилоти террористӣ ва саркардагони он, орзуву иқдомҳои аҳриманӣ буду ҳаст. Онҳо бо ин кирдору ниятҳои бад доимо хостори моҷаро ва миёни мардум ба иғвогарию дасисабозӣ ном бароварданд.
Хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ ва рафтори хушунатбори наҳзатиҳои ифротӣ ба руҳу равони миллати тоҷик таъсири бад расонид. Наҳзатиҳо сохтори сиёсиро фалаҷ гардонида, ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расониданд. Ҳамаи ин рафтору кирдори разилонаи саркардагону пайравони ташкилоти террористии наҳзати исломӣ буд, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта бо чашми сар диданду таҳаммул карданд.
Имрӯз ҳам саркардагони фирорӣ ва дигар аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои интернетӣ ба иғвогарию дасисабозӣ даст зада истодаанд. Бо мақсади пинҳон доштани ақидаҳои ифротӣ-террористии худ наҳзатиҳои бегонапарасту ватанфурӯш аз демократия, дунявият ҳарф зада худро «ғамгусор»-и халқ вонамуд месозанд. Аммо ба ҳама маълуму равшан аст, ки ин палидони наҳзатӣ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, бо ташкил намудани чунин барномаҳои иғвоангези онлайнӣ мехоҳанд ҷавононро гумроҳ намуда, ба муқобили давлату миллати хеш барангезанд.
Таърих гувоҳ аст, ки саркардагону аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ аз рӯзҳои аввали фаъолияташон то ҳол душмани халқу миллат, душмани ваҳдату амният ва душмани фазои орому осудагии Тоҷикистон буданд ва боқӣ хоҳанд монд.
Имрӯз сиёсати Тоҷикистонро тамоми давлатҳои ҷаҳон дастгирӣ менамоянд, ки ин муваффақияти бузургу беназир маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, ҳар як инсони худогоҳу ватандӯст бояд бо ақл аз рӯи ҳақиқат хулосабарорӣ намуда ба дасисабозию иғвогарии хоинони миллат дода нашуда, аз пайи ободию созандагӣ ва анҷоми рисолати хеш дар назди Ватан бошад.
Ф. ҒАФФОРЗОДА,
омӯзгор,