ДАСТОВАРДҲО: АЗ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ ТО МАКТАБИ ОЛӢ

1-уми августи соли ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Раҳим Саидзода – вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазир, сардорони раёсат, шуъба ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 52 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм иброз намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар доираи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи кори Ҳукумати мамлакат, нақшаи кори Вазорати маориф ва илм, консепсияву стратегияҳо ва барномаву дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати кишвар, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм корҳои назаррасро дар ин давра ба анҷом расонид.
Боиси сарфарозист, ки аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои соҳаи маориф, илм ва стипендияҳо 20% зиёд карда шуд.
Пӯшида нест, ки рушди устувор ва самаранокии ислоҳоти соҳаи маориф ба афзоиши маблағгузорӣ вобаста аст. Соли 2023 барои соҳаи маориф 7 млр. 210 млн. 355 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2022 13% зиёд буда, 5,7%-и Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ ва 18,9%-и буҷети давлатиро дар бар мегирад.
Дар соли 2023 дар қалам-рави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 312 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 68138 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 30 муассисаи таълимӣ ва бинои илова дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 8632 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Вазорати маориф ва илм сохтмони 16 иншоот вогузор гардидааст. То ин давра, дар 5 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар 10 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, лоиҳакашии 1 иншоот соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Таҳсилоти томактабӣ дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 707 расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 адад зиёд мебошад.
Теъдоди муассисаҳо дар ВМКБ 26 адад, вилоят Суғд 277 адад, Хатлон 162 адад, шаҳри Душанбе 161 адад ва НТҶ 81 ададро ташкил медиҳад.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2111 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 68891 кӯдак таъсис дода шудааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022 301 марказ ва 17626 кӯдак зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ 139 муассисаи томактабии хусусӣ ва 16 маркази хусусии инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 171416 нафар ё 16%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 1757 нафар мураббии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз такмили ихтисос гузаронида шуданд.
Соли таҳсили 2022-2023 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3967 ададро ташкил медиҳад.
Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 126 354 нафар, аз ҷумла, 81 822 нафар занро ташкил медиҳад.
Дар ин давра тартиби ташкили таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби эътироф ва муайян намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои таҳсилоти умумӣ дар хориҷи кишвар таҳия ва тасдиқ карда шуданд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар сифати таҳсилот ба 51,3% ва аз худ, барномаҳои таълимӣ ба 99,8 % баробар мебошад.
Имсол низ таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида истодааст.
Дар даври дуюми озмун 47 ҳазору 51 нафар, аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1482 нафар, шаҳри Душанбе 4904 нафар, вилояти Суғд 19042 нафар, вилояти Хатлон 11186 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 10437 иштирок намуданд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 9192 нафар зиёд аст.
Аз шумораи умумии довталабон 3506 нафар, аз ҷумла, аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 278 нафар, шаҳри Душанбе 405 нафар, вилояти Суғд 1146 нафар, вилояти Хатлон 1170 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 507 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Дар доираи эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ҷумҳурӣ 24 олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.
Дар маҷмуъ, ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11-и муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар соли 2023 нишон дод, ки дар ин сабқатҳои илмӣ 8244 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, 3927 нафар аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4317 нафар аз муассисаҳои таълимии типи нав (мактабҳои Президентӣ, литсей ва гимназияҳо) иштироки фаъолона намуданд, ки ин вобаста ба иштироки хонандагон дар ҳаракатӣ олимпӣ нисбат ба соли 2022 1714 нафар (20,8 фоиз) зиёд мебошад.
Натиҷаи ҷамъбасти олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ дар соли 2023 маълум намуд, ки аз 8244 хонанда 2933 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ (147 медали тилло, 573 медали нуқра ва 2213 медали биринҷӣ) гардиданд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2022 200 ҷойи ифтихорӣ (6,8 фоиз) зиёд буда, дар умум, аз ҷиҳати сифат 35,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи якуми соли равон вобаста ба баргузории ҳар кадом аз олимпиадаҳои фаннии умумиҷаҳонӣ ва байналмилалӣ барои муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 даври интихобии олимпиадаҳои байналмилалӣ бо иштироки 750 нафар хонандаи болаёқат баргузор шуд, ки 156 нафар хонанда ба даври ниҳоӣ роҳхат ёфта, то имрӯз 119 нафари он дар даври ниҳоии олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ (медали нуқра 1 ва медали биринҷӣ 15) гардиданд.
Дар маҷмуъ, 4809 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ то имрӯз дар даврҳои якум ва дуюми 20 олимпиадаи байналмилалӣ тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ (онлайн) иштирок намуда, 710 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар назди 84 маркази таҳсилоти иловагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 61919 нафар таълимгиранда ба маҳфилҳо фаро гирифта шуданд.
Дар робита бо ин, аз 3967 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар назди 1998 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 8753 маҳфил аз фанҳои гуногун бо фарогирии 136,414 хонанда ташкил гардид, ки аз ин миқдор 54773 нафари онҳоро духтарон ташкил намуданд. Дар маҷмуъ, 198333 хонанда ба маҳфилҳо фаро гирифта шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи марказҳои таҳсилоти иловагӣ 198 озмун, 48 мусобиқа, 12 олимпиада, зиёда аз 60 семинар — машварат ва дигар чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ бо ҷалби падару модарон ташкил ва баргузор шуданд.
Дар мавсими тобистони соли 2023 фаъолияти 1958 истироҳатгоҳ, бо фарогирии 178671 нафар наврас ба нақша гирифта шуда, айни ҳол бомаром идома дорад.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Муассисаи давлатии «Коллеҷи саноат ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Левакант» ва «Дар бораи Муассисаи давлатии «Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд» тасдиқ карда шуд.
Ҷиҳати таҳияи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Озмуни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар 5 самт (фанҳои гуманитарӣ, фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, тайёрии ҳарбӣ, санъату фарҳанг ва тиббӣ) баргузор шуд.
Мусобиқаи маҳорати варзишӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 30 майи соли 2023 дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд, ки дар он 5 муассисаи равияи варзиш ва ҳарбӣ иштирок намуд.
Барои баланд бардоштани сатҳи дониши таълимгирандагони зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, ба роҳ мондани таълим аз рӯйи системаи дуалӣ солҳои 2018-2020 дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии Олмон — «Ҷайзет» тибқи барномаҳои пилотӣ ихтисосҳои саноати хӯрокворӣ амалӣ гардиданд.
Дар ин давра бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи замони муосир ва ба танзим даровардани фаъолияти онҳо 17 санади меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва тасдиқ гардида, қисме аз онҳо дар садади баррасӣ қарор дошта, қисме барои тасдиқ ба ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. 10 санади меъёрӣ таҳия ва тасдиқ гардида, 1-тои он дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Лоиҳаи 5 санади меъёрӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва 2 санади меъёрӣ баъд аз баррасӣ дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Инчунин, лоиҳаи 2 санади меъёрӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ирсол гардид.
Шумораи хатмкунандагони равия ва ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 12 754 нафарро ташкил медиҳад, ки 4 217 нафари онҳо гурӯҳҳои буҷавиро хатм намуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҷиҳати дохил гардидан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар даври якум ва даври дуюм 74601 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, бе дарназардошти ғолибони озмуни квотаи Президентӣ ва 14080 хатмкардаи синфи 9-ум аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд. Аз ин 51711 довталаби дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 7412 хатмкардаи синфи 9-ум ба тақсимот роҳ ёфта, сазовори номи донишҷӯ гардиданд.
Дар ҳамин давра озмуни довталабони квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 61 шаҳру ноҳияи кишвар баргузор гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷамъбасти олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Пояи давлат намонад бе маориф устувор…» баргузор карда шуд. Дар он 437 донишҷӯ аз рӯйи 14 фанни таълимӣ иштирок намуданд.
Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон моҳи майи соли ҷорӣ бо иштироки намояндагони вазорат ва хадамоти кадрии раёсати маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсимоти хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ибтидоӣ ва олии касбӣ баргузор шуд.
Дар асоси тақсимот ба 4347 нафар хатмкардаи муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (3142 нафар дорои маълумоти олии касбӣ, аз ҷумла, 741 нафар тибқи квотаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1205 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ) роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин гардиданашон дастрас гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ вазорат ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар ҷаласаҳои комиссияҳои байниҳукуматӣ дар 13 давлат иштирок намуда, роҳбарияти он дар зиёда аз 30 вохӯрӣ бо сафирони сафоратҳои муқими Тоҷикистон ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилали, ки дар ҷумҳурӣ ва берун аз он фаъолият доранд, ширкат варзид.
Ҳамзамон, 15 марти соли 2023 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид, ки дар он ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи ин кишвар иштирок намуд.
Роҳбарияти вазорат дар Форуми 8-уми солона оид ба илм, технология ва фанноварӣ, ки рӯзҳои 3-4 майи соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню–Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуда, дастовардҳои соҳаи маориф ва илми кишварро муаррифӣ намуданд.
Тадбири дигари сатҳи байналмилалӣ иштироки роҳбарияти вазорат дар ҷаласаи Шурои директорони ташкилоти Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE ҶПИ) рӯзҳои 7–8 июни соли 2023 мебошад, ки ҳамкорӣ бо ташкилоти мазкур имкон фароҳам меорад, ки сармоягузорӣ ва грантҳои хориҷӣ ба соҳаи маориф ва илми кишвар зиёд гардида, дар ислоҳоти соҳаи маориф ва илми кишвар заминаи муфидро ба вуҷуд орад.
Дар давраи ҳисоботӣ як қатор санадҳои нав ба имзо расонда шуда, лоиҳаҳои нави санадҳои ҳамкорӣ барои баррасии вазорату идораҳо пешниҳод шуданд. Аз ҷумла, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба эътирофи мутақобилаи унвон ва дараҷаҳои илмӣ, лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи шартҳои фаъолияти мактаби миёнаи таҳсилоти умумии Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон, Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди хайриявӣ ва башардӯстонаи Зойид бин Султон ал-Наҳён оид ба амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони 5 мактаб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин давра 214 довталаб дар зинаҳои гуногуни таҳсилот ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмуни Стипендияи байналмилалии Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” пешниҳод намуданд. Дар натиҷаи даври якуми қабули имтиҳон 46 нафар ғолиби озмуни Стипендияи “Дурахшандагон” дар зинаҳои гуногуни таҳсилот дар соли таҳсили 2023-2024 гардиданд.
Дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Украина, Сербия, Венгрия, Корея, Руминия, Австрия, Малайзия, Шоҳигарии Кувайт, Тайланд ва Подшоҳии Марокаш барои таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ квотаҳои таҳсилӣ дар соли 2023 пешниҳод намудаанд.
Дар давраи сипаришуда Вазорати маориф ва илм вобаста ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2023 дар ҳамкорӣ бо АМИТ тадбир мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Натиҷаи ҷамъбасти даври якуми озмун нишон дод, ки дар он 163 892 нафар иштирок намуда, 30 918 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Ҳамчунин, даври якуми озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» моҳи феврал дар муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоту муассисаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот доир шуд. Дар даври якум 140 787 нафар иштирок намуда 19 735 нафар ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт. Даври дуюми озмун моҳи июн дар маркази шаҳр ва ноҳияҳо баргузор гардид.
Айни замон тибқи ҳисоботи оморӣ дар ҷумҳурӣ 5340 нафар мутахассиси дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 865 (16,2%) нафар доктори илм (аз ин 131 нафар занон (15,14% )), 4370 нафар номзади илм ва 105 нафар доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисос мебошанд.
Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки аз рӯи 180 ихтисоси анъанавӣ ва 180 ихтисоси доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳоро ба ҳимоя қабул менамоянд. Дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба комиссия 470 диссертатсия ворид гардида, ҳимояи 255 тасдиқ гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли 2023 дар ҷумҳурӣ 17 шурои диссертатсионӣ, ки дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаву фаъолият менамоянд. Дар шуроҳои мазкур дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 45 нафар, аз ҷумла, 5 нафар рисолаи докторӣ ва 40 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ кормандони илмӣ-таҳқиқотии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 63 унвон маводи чопӣ таҳияву ба табъ расонида, 3 конференсияи илмӣ-амалӣ, 2 мизи мудаввар, 3 семинари омӯзишӣ ташкил ва баргузор намуданд.
Дар ин давра олимону мутахассисони Пажуҳишгоҳи рушди маориф дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 11 дастури методӣ, 54 мақолаи илмӣ ва 15 мақолаи оммавӣ бештар нашр карданд.
Инчунин, вобаста ба масъалаҳои муҳимми соҳа ва аз натиҷаи таҳқиқотҳои педагогӣ 17 конференсияи илмӣ-амалӣ, 20 семинари илмӣ-методӣ ва 3 мизи мудаввар баргузор намуда, дар 14 конференсияи илмии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироку суханронӣ карданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бори аввал 13 курси такмили ихтисос тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар онҳо 268 нафар омӯзгори фаннӣ ва кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф фаро гирифта шуданд.
Дар ин давра дар донишкадаву филиалҳо 580 курси такмили маҳорати касбӣ бо фарогирии 13280 нафар ва 106 семинари махсус бо иштироки 2786 нафар баргузор шуд. Дар маҷмуъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 дар курсҳои нақшавию ғайринақшавӣ, омӯзишӣ ва семинарҳои махсус 22929 нафар такмили тахассус намуда, маҳорату малака ва дониши касбии худро сайқал додаанд.
Дар ин муддат дар маҷмуъ, аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандони ДҶТИБКСМ ва филиалҳои он 8 китоб, 151 мақолаи илмӣ-методӣ ва оммавӣ, 29 дастур ва модулҳои таълимӣ таҳия шуда, 17 конференсия, 45 мизи мудаввар ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карда шуд.
Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ 12 кабинети методии шуъбаҳои маориф, 39 муассисаи таълимии томактабӣ ва 27 маркази инкишофи кӯдакро мавриди омӯзиш ва расондани кумаки методӣ қарор дода, ба зиёда аз 90 нафар мудир, сармураббия, мураббия ва омӯзгор -мураббиён дар самти коргузорӣ ва ҳуҷҷатдорӣ, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ”, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025”, фарогирии кӯдакони синни томактабӣ, фаъолияти кабинети методӣ, ёрӣ ба мутахассисони ҷавон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами мураббиён, мазмун ва мундариҷаи кор кумаки методӣ расонид.
Дар самти таҳсилоти умумӣ “Дастурамали аз синф ба синф гузарондан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Тартиб ва шакли аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 ва солҳои минбаъда” таҳия гардид. Бори аввал нақшаи таълимии мазкур дар шакли маҷмуъ таҳия гардида, низоми ягонаи истифодаи соатҳои таълимиро дар тамоми шаклҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ба танзим медарорад.
Дар ин давра даври ҷумҳуриявии озмуни «Барномасози ҷавон» дар ҳамкорӣ бо ҶСП «Индиго Тоҷикистон» баргузор гардид.
Аз ҷониби мушовирони Маркази технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ платформаи «Фотеҳҷон» таҳия гардидааст, ки айни замон дар он 3000 савол ва ҷавоб аз соҳаҳои мухталиф ворид карда шудааст.
Дар ин давра оид ба харитакунонии муассисаҳои таълимӣ дар марказ зиёда аз 130 корманди марказ ва бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки мушовирони миллӣ оид ба асосҳои истифодаи платформа ва барномаи мобилӣ семинар ва корҳои тавзеҳӣ баргузор шуд. Дар нимсолаи якуми соли 2023 харитакунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба анҷом расид.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 180 дастхати адабиёти таълимӣ ва методӣ ворид шуд. Ба Шурои миллии таҳсилот барои баррасӣ баъд аз таҳлилу ташхис 178 дастхати адабиёти таълимӣ ва бадеӣ пешниҳод гардид. Дар ин давра ба ҷаласаҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 86 унвон адабиёти таълимӣ барои баррасӣ пешниҳод шуд.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 77 унвон китоби дарсӣ бо теъдоди умумии 3 млн 792 ҳазор нусха барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баъд аз ташхис ва таҳриру тасҳеҳи имлоию адабӣ ва техникӣ ба озмуни чоп пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади иҷрои қарори ҷаласаи машваратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 30.01.2023 аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дар баробари «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2023», инчунин, 38 унвон китоби дарсӣ аз руйи эҳтиёҷоти шуъбаҳои маориф иловатан ба нақшаи мазкур ворид гардид.
Дар нимсолаи якуми соли 2023 ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат 89 унвон китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 475 ҳазору 750 нусха таъмин карда шуд, ки ин 51 фоизи дархостро ташкил мекунад.
Айни ҳол дар ширкатҳои ватанӣ 82 унвон китоби дарсӣ ба миқдори 3 млн 167 ҳазор дар рафти чоп қарор доранд, ки то оғози соли таҳсил ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо фиристода мешавад.
Ҳамчунин, дар нишаст аз ҷониби намояндагони ВАО саволҳои зиёде пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми онҳо вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас доданд.
Наврӯзи ҶУМЪАМУРОД,
Аҳмадшоҳи МАСЪУД,
кормандони Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон