Мусоҳиба бо сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода
— Муҳтарам Баҳром Исмоилзода! Дар оғоз мехостем дар бораи вазъи маориф ва дар умум, муассисаҳои таълимии пойтахт маълумот медодед.
— Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (199 адад бо дарназардошти мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои типи нав) бо фарогирии 274920 нафар хонанда фаъолият дошта, аз шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 147 адад мақоми ноҳиявию шаҳрӣ (буҷетӣ), 10 адад мақоми ҷумҳуриявӣ (буҷетӣ), 12 адад тобеи ташкилоту идора ва 30 адад хусусӣ ба ҳисоб мераванд.
Аз шумораи умумии 199 муассисаи таълимӣ 37 адади онро муассисаҳои типи нав ташкил менамоянд, ки 20 адад мақоми литсейро доро буда, фаъолияти онҳо ба самти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ нигаронида шудааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 11 479 омӯзгор дарс медиҳанд.
— Тавре ки медонем, тайи 10 — 15 сол дар қатори дигар пешравиҳо дар самти таълиму тарбия низ тағйироти назаррас ба вуқӯъ пайваст. Вазъи моддию техникии муассисаҳои таълимии пойтахтро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосатан Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, бо мақсади рушди бонизоми соҳаи маориф сол аз сол маблағгузории соҳаи маорифи пойтахтро зиёд намуда истодаанд, ки рушди устувори соҳаро таъмин менамояд.
Муваффақиятҳои соҳаи маорифи пойтахт дар ду сол, пеш аз ҳама, вусъат ёфтани бунёду сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав, яъне гимназия, литсейҳо, ҷорӣ гаштани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа, дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хидматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути “Барномаи электронии “eDonish” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба шумор меравад. Дар меҳвари диққат қарор доштани донишомӯзии насли наврас, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таъ-лимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани барномаҳои гуногун ва роҳандозӣ намудани озмунҳои зеҳнӣ ва тафаккурро таҳрикдиҳанда байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, зиёд шудани теъдоди ғолибони олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳурӣ, байналмилалӣ ва ғолибони озмунҳои гуногун аз ҳисоби хонандагон, аз ҳама ҷиҳат дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқату баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон, мураббиён аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, ин иқдомоти созанда идома дорад.
— Аз рӯи мушоҳидаҳо шогирдони таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе бо донишу ҷаҳонбинӣ ва қобилияту фаҳмиши худ ба комёбиҳои зиёд ноил гардидаанд. Дастоварду комёбиҳои хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахтро тайи солҳои охир шарҳ медодед.
— Ҳамасола ташкил ва баргузории олимпиадаҳо аз фанҳои таълимӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», озмунҳои шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ”, “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, озмунҳо баҳри ноил шудан ба номи пуршарафи гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистону Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва дигар озмуну мусобиқаҳои зеҳнӣ, аз қабили “Китоб — сарчашмаи рушди тафаккур” байни мураббиёну омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, “Беҳтарин кабинети методӣ” байни муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, “Доноякон” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инчунин, аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонидани ғолибон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо далели гуфтаҳои боло мебошад.
Боиси хурсандист, ки шумораи иштирокчиён ва гирандагони стипендияҳо сол аз сол зиёд шуда истодааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки соли таҳсили 2020-2021 баҳри дарёфти Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе 800 нафар довталаб ширкат варзида, 43 нафар гирандаи стипендия гаштанд. Соли таҳсили 2021-2022 зиёда аз 2000 дар озмун ширкат варзида, 312 нафар ғолибиятро ба даст оварданд ва соли равон аз шумораи 2500 нафар довталаб 320 нафар ғолиб гаштанд, ки мутаносибан 1700 нафар довталаб ва 277 нафар гирандаи стипендия зиёд гаштааст.
Шумораи довталабони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе низ имсол нисбат ба соли 2021 626 нафар зиёд гаштааст, ки хурсандибахш аст. Зеро соли 2022 шумораи довталабон 3941 нафар ва соли 2021 бошад 3371 нафарро ташкил медод.
Бояд зикр кард, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар сабқати хонандагони хушзеҳн, хонандагони пойтахт 1178 медал ба даст оварданд.
Имрӯзҳо хонандагони пойтахт бо хонандагони бештар аз 90 кишвари дунё қувваозмоӣ карда, ба пирӯзиҳои назаррас соҳиб гашта истодаанд. Аз ҷумла,дар соли 2022 хонандагони пойтахт дорои 248 медал аз олимпиадаҳои байналмилалӣ буда, 647 медали дигарро дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ) ба даст овардаанд.
Ин нишондод дар шашмоҳаи аввали соли 2023 434 медалро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, бояд иброз дошт, ки бори нахуст дар шаҳри Душанбе баргузор намудани даври навбатии олимпиадаи байналмилалии “Мактаби байналмилалии информатика барои наврасон” (ISI Junior-2022) миёни наврасони то 15-сола ва баргузории олимпиадаи даставии хонандагон барои дарёфти “Ҷоми пойтахт” барои мустаҳкам гаштани ҳаракати олимпӣ, фаъол гаштани мусобиқаҳои милливу байналмилалӣ ва барои ба вуҷуд овардани заминаҳо баҳри рушди тафаккури мантиқии хонандагон мусоидат намудааст.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2022 нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз шаҳри Душанбе аз 95 ҷойи ифтихорӣ 33 ҷойро ба даст оварда, соҳиби ҷойи аввал гаштанд.
Дар даври ниҳоии озмуни “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” аз 77 нафар ғолиб шаҳри Душанбе 33 ҷой ва 3 адад Шоҳҷоиза, дар маҷмуъ, 36 нафар ғолиб дошт, ки 12 нафар аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ буда, нисбат ба соли сипаригардида 2 нафар зиёд мебошанд.
Баргузории нахустозмуни шаҳрии шеър ва суруди беҳтарин “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе!” ва инчунин, ҳамасола баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони “Шукуфаҳои пойтахт” барои дарёфти истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз заминаи мусоиде фароҳам овардааст.
Дар самти пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамасола “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” гузаронида шуда, дар заминаи он Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ баргузор карда мешавад.
Инчунин, бо мақсади дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва таҳқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат) фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии насли наврас тайи се сол аст, ки дар шаҳри Душанбе олимпиада аз фанни технология ташкил ва баргузор карда мешавад. Ёдовар бояд шуд, ки ин таҷрибаи нахуст дар қаламрави кишвар буда, баҳри касбинтихобкунии хонандагон шароити мусоид фароҳам овардааст.
Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар ҳамкорӣ бо олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз рӯйи 6 номинатсия ва баҳри амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” озмуни шаҳрии “Забон донӣ-ҷаҳон донӣ” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкилу баргузор карда мешавад, ки ихлосмандони зиёдеро пайдо намудааст.
Мақсад аз баргузории озмунҳои мазкур, пеш аз ҳама, ҷалби кӯдакону наврасон ба илмомӯзиву забондонӣ ва хониши асарҳои бадеӣ аст.
Дастовардҳои хатмкунандаи соли таҳсили 2021-2022 низ назаррас буда, 13 нафар хонандаи синфи 11 муассисаи таълимиро бо медали тилло хатм намуданд.
— Барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дар макотиби он чӣ тавр амалӣ мешаванд? Манзури мо барномаҳои давлатии компютеркунонии таълимгоҳҳо, хариду таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоту абзорҳои техникӣ, физикию химиявӣ, биология ва амсоли инҳо мебошад.
— Иҷрои минбаъдаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» таҳти назорат қарор гирифта, амалишавии он давра ба давра таъмин гардида истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои талаботи қарори болозикр тавассути маблағгузории Сарраёсати маориф дар соли 2023 93 адад кабинети фаннӣ, аз ҷумла, 24 адад математика, 24 адад география, 15 адад физика, 15 адад химия, 15 адад биология бо маблағи 5 миллиону 76 ҳазору 616 сомонӣ озмуни харид эълон карда шуда, моҳҳои наздик ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда мешавад.
Дар соли 2022 тибқи талаботи қарори болозикр 87 адад, аз ҷумла, 13 адад кабинети физика, 12 адад кабинети биология, 12 адад кабинети химия, 25 адад кабинети география ва 25 адад кабинети математика ба маблағи умумии 5 миллиону 178 ҳазору 590 сомонӣ тибқи дархости Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории озмуни харид амалӣ гардида, тибқи дархости шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.
Маврид ба зикр аст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 1962 адад кабинети фаннӣ мебошанд, ки нисбат ба соли гузашта 108 адад зиёд аст. Аз ҷумла, 163 кабинети физика, 181 кабинети математика, 155 кабинети химия, 146 кабинети биология, 86 кабинети ибтидоии ҳарбӣ, 146 лингофонӣ, 181 забони хориҷӣ, 113 таърих, 112 география, 285 технологияи иттиллотӣ, 72 суруд ва мусиқӣ, 137 технологияи меҳнати писарона, 147 кабинети меҳнати духтарона, 33 санъати тасвирӣ ва 5 адад шоҳмот мебошад.
Дар маҷмуъ, муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе дорои 2127 адад кабинети фаннӣ, 15638 адад компютер, 1906 адад тахтаи электронӣ, 1999 проектор, 8495 адад камераи мушоҳидавӣ мебошанд.
— Яке аз зинаҳои асосӣ ва бунёдии таълиму тарбия зинаи таҳсилоти томактабӣ маҳсуб меёбад. Вазъи муассисаҳои таълимии томактабӣ, сатҳу сифати таълиму тарбия ва дастовардҳои онҳоро чӣ тавр метавон баҳогузорӣ намуд?
— Дар шаҳри Душанбе 161 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо теъдоди 31 471 тарбиятгиранда фаъолият менамояд. Аз шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ 96 адад буҷетӣ, 12 адад тобеи ташкилоту корхонаҳо ва 53 адад хусусӣ мебошанд. Аз ҷумла, 31 гурӯҳи инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе фаъолият доранд.
Айни замон дар шаҳри Душанбе 167 ҳазору 504 нафар кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Душанбе 1825 нафар мураббӣ ва кормандони соҳаи омӯзгорӣ фаъолият доранд.
Бо мақсади ташкили фазои ягонаи таълимӣ барои муайян кардани кӯдакони синни томактабии дорои сатҳи баланди рушди зеҳнӣ дар доираи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгирӣ ва мусоидат ба рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва эҷодии кӯдакон дар раванди иҷрои супоришҳо аз самтҳои гуногуни таълимӣ (рушди маърифатӣ, рушди нутқӣ, омодагӣ ба савод, муошират ва рушди бадеию эстетикӣ) ҳамасола озмуни шаҳрии «Доноякон» ташкил ва баргузор карда мешавад.
Дар ҳошияи озмуни зикршуда ва бо дарназардошти таҷрибаи андӯхтаи 3-сола дар рафти баргузории озмуни зеҳнии “Доноякон” дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ташкил ва баргузории нахустозмунҳои шаҳрии “Ахтаракони ҳисоб” ва «Ҷаҳондонӣ аз забондонист» байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ тарҳрезӣ гардидааст.
— Дар пойтахт навъи (тип)-и гуногуни муассисаҳои таълимӣ (мактаби Президентӣ, литсей-интернати Президентӣ, литсейю гимназияҳои давлатӣ барои хонандагони болаёқат, ҳамзамон, мувозӣ бар онҳо муассисаҳои таълимии хусусӣ мавҷуданд, ки фаъолияти самарабахш доранд. Мехостем дар хусуси пешравию комёбиҳои ин таълимгоҳҳо андешаҳои худро баён мекардед.
— Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 199 адад буда, аз он 147 адад буҷетӣ, 12 адад тобеи ташкилоту идора, 30 адад хусусӣ мебошанд. Навъи муассисаҳои таълимӣ: 7 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 12 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 адад мактаби ғоибона, 1 адад мактаби махсуси душвортарбия, 8 адад мактаб-интернат, 15 адад гимназия, 20 адад литсей ва 134 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад. Шумораи хонандагон 274 920 нафарро ташкил медиҳад.
Бояд зикр кард, ки аз 30 адад муассисаи таълимии хусусӣ (10460 нафар хонанда) 5 адад муассисаи ибтидоӣ, 1 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 10 адад гимназия, 5 адад литсей ба ҳисоб мераванд.
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ҷой доштани талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба таҳсилоти босифат, зарурати ҳарчи бештар ба истифода додани муассисаҳои таълимии типи нав (гимназия, литсей)-и давлатӣ ва ҷалб намудани бахши хусусӣ ба ҳамаи зинаҳои таҳсилот пеш омада, ҷиҳати ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи маориф, ба низом даровардани фаъолияти онҳо ва мутобиқ сохтани барномаҳои таълимии дар ин муассисаҳо татбиқшаванда ба талаботи аҳолӣ ва стандартҳои муайянкардаи давлат чораандешӣ шуда истодааст.
Аксар муассисаҳои таълимии типи нав (гимназия, литсей) ва инчунин, муассисаҳои таълимии хусусии шаҳри Душанбе бинобар сабаби вазъи хуби таъминоти моддӣ-техникӣ, доштани омӯзгорон ва мураббиёни бомаҳорат, сатҳу сифати хидматрасониҳои таълимӣ таваҷҷуҳи сокинони пойтахтро ба худ ҷалб намудаанд.
— Бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба фароҳам овардани шароити ба замони муосир созгор барои муҳассилини муассисаҳои таълимии пойтахт таваҷҷуҳи дилсӯзона зоҳир карда мешавад. Хусусан, бунёду ба истифода додани биноҳои нави таълимгоҳу кӯдакистонҳо аз ин қабил амалҳои мондагор ба шумор меравад.
— Бояд зикр кард, ки ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Душанбе аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо бунёду азнавсозии 17 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 3056 ҷой ва 12 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 392 нафар хонанда дар як баст ба нақша гирифта шуда, сохтмони аксари онҳо оғоз гардидаанд.
— Дар хусуси робитаи сарраёсати маориф ва дар маҷмуъ, раҳбарияти муассисаҳои таълимии пойтахт бо Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муваффақиятҳои хатмкардагони таълимгоҳҳои қаламрави шаҳр тайи солҳои охир маълумот медодед. Оё раванди шомил гардидани хатмкунандагони мактабҳои шаҳр ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва хориҷ аз он қонеъкунанда аст?
— Дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои тасилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хориҷи кишвар дар соли 2022 аз шумораи умумии 12 550 нафар 9867 нафар дохил шудааст, ки 79%-ро дар бар мегирад. Аз 20 287 нафар хатмкунандаи синфи 9 бошад, 3616 нафар 17, 8 %-ро дар бар мегирад.
Дар соли 2023 аз 12187 нафар хатмкунандаи синфи 11-и муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 11 001 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии дохил ва хорҷи кишвар барои идомаи таҳсил ҳуҷҷат супоридаанд, ки 90,3%-ро ташкил менамояд. Аз ин 9576 нафар тариқи Маркази миллии тестӣ, 1192 нафар хориҷи кишвар, 233 нафар муассисаҳои қудратиро дар бар мегирад. Айни ҳол бошад, раванди имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ идома дошта, натиҷааш то моҳи сентябр муайян мегардад.
— Масъалаи калидию асосии замони ҳозира тарбияи хонандагон дар руҳияи худшиносию эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба ормонҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати ба амалҳои номатлуб даст назадан ва нагаравидан ба ҳар гуна тарғибу таблиғи гурӯҳҳои хатарзои террористию экстремистӣ (бахусус, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ) аз ҷониби сарраёсат ва маъмурияти таълимгоҳҳо дар ҳамбастагӣ бо мақомоти интизомӣ ва дигар сохторҳои иртиботманд чӣ корҳо анҷом дода мешавад?
— Дар ин самт нақшаи вохӯриҳои намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Душанбе бо падару модарони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе (новобаста аз шакли моликият) ҷиҳати амалигардонии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо мақсади пешгирии муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон, шомилшавии наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нашъамандӣ, худкушӣ, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ, бемориҳои сироятӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин, гузаштани хонандагони синфҳои болоӣ аз муоинаи тиббӣ, риояи тарзи ҳаёти солим ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии наврасону ҷавонон ва ташаккули идеологияи солим миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, бо мақсади амалигардонии он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, 5, 17, 18, 22, 24, 28, 30, 40, 42, 49, 58, 77, 78, гимназияҳои №74, 124, 127-и ноҳияи Фирдавсӣ, №2, 15, 16, 20, 21, 23, 29, 31, 35, 36, 39, 48, 55, 100-и ноҳияи Шоҳмансур, №1, 4, 6, 7, 8, 10, 11, 12, 13, 52-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, №19, 25, 32, 33, 43, 47, 54, 56, 80, 81, 82, 84, 85, 86, 87, 89, 90, 91, 95, 101-и ноҳияи Сино бо иштироки кормандони сарраёсати маориф, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Хадамоти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо, масъулони ШВКД дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ, Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур бо падару модарон, омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа корҳои тавзеҳӣ баргузор намуд.
Инчунин, дар соли 2023 дар доираи нақшаи чорабиниҳои якҷояи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии масъулини сохторҳои зикргардида вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, 2, 5, 6, 7, 8, 11, 10, 12, 13, 34, 38, 44, 48, 51, 54, 55, 56, 58, 62, 71, 72, 80, 107, 108, 116, 119, 120, 123, 124, 114, 129, 130, 131-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ба муқобили омилҳои номатлуб якҷоя мубориза мебарем» вобаста ба масоили пешгирии ҳолатҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, инчунин, муноқишаҳои байнимактабӣ ва авбошии ноболиғон ибрози андеша намуданд.
Сарраёсати маориф бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар, эҳтироми падару модар ва калонсолон тарбия намудани ҷавонон ва наврасон дар соли 2023 тибқи ҷадвали алоҳида дар ҳамкорӣ бо Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе дар осорхонаи “Шарафи ҷангӣ ва меҳнатӣ” бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, пирони рӯзгордида ва олимон суҳбату вохӯриҳоро доир намуд.
Ҷиҳати ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ ва ба ин васила, дар руҳияи ватандӯстӣ, далерию шуҷоат тарбия намудани онҳо, дар вақтҳои фориғ аз дарсҳо вохӯрии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ бо адибону шоирони машҳуру маҳбуби кишвар ба роҳ монда шуд.
— Барои истироҳату фароғати мактабиён ва ҳавасмандгардонии онҳо чӣ шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд?
— Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид дар давраи истироҳати тобистона барои беҳдошти саломатии хонандагон, ҳамзамон, ҷалби онҳо ба саёҳату солимгардонӣ, тарбияи ватандӯстию завқи зебоипарастӣ, дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 1 майи соли 2023, №229 “Дар бораи “Ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар соли 2023” 4 истирорҳатгоҳи беруназшаҳрӣ ва 37 майдончаи солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ аз 12 июни соли 2023 оғоз гардида, дар даври якум ва дуюми истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, аз ҷумла, дар «Зимчурӯд»-и ноҳияи Шоҳмансур 560 нафар, «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ 424 нафар, «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ 450 нафар ва «Гулхан»-и ноҳияи Сино 462 нафар, дар маҷмуъ, 1896 хонанда дар 4 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ дар ду баст фаро гирифта шудаанд.
Инчунин, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе ва нақша 37 майдончаи истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуда, дар басти якум ва дуюм 720 нафар хонанда дар ноҳияи Шоҳмансур, 800 нафар дар ноҳияи Фирдавсӣ, 480 нафар дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 880 нафар дар ноҳияи Сино, дар маҷмуъ, 2880 нафар хонанда дар ду даври майдончаҳои истироҳатию солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ноҳияҳои шаҳри Душанбе фаро гирифта шуда, фарогирии басти сеюми майдончаҳои истироҳатию солимгардонӣ аз 10 июли соли 2023 оғоз гардида, 22 июли соли 2023 ба анҷом мерасанд.
Суҳбаторо
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»
