КИШВАРИ ЗАХИРАҲОИ БУЗУРГИ ОБ

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 узви СММ гардидааст ва бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз кишварҳои фаъоле мебошад, ки ба масъалаҳои глобалӣ бетараф нест. Бояд гуфт, ки об барои тамоми мавҷудоти зинда дар рӯи замин унсури муҳим аст. Тибқи сарчашмаҳо, дар маҷмуъ, дар рӯи замин тақрибан 1400 миллион км3 об мавҷуд аст. Об 71 фоизи сатҳи ҷаҳонро фаро мегирад. Қисми зиёди оби замин ба уқёнуси ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Оби шӯр барои кишоварзӣ ва нӯшидан мувофиқ набуда, масъалаи таъмини сайёра бо оби тозаи нӯшокӣ мақсади 6-уми СММ аст, ки дар ҳалли он нақши Тоҷикистон бузург дониста шудааст. То имрӯз СММ бо ибтикори Тоҷикистон якчанд қатъномаро марбут ба об қабул кардааст.
Яке аз муаммоҳои муҳими сайёра зиёд гардидани партовҳои газҳои гулхонаӣ мебошад, ки тибқи таҳқиқотҳои олимон он ба системаи глобалии иқлим, аз ҷумла, тағйири гармӣ, намнокӣ, обу ҳаво, гардиши ҳаво ва уқёнус таъсири манфии худро мерасонад, ки яке аз оқибатҳои манфии он обшавии пиряхҳо мебошад. Ин сабаб шуда истодааст, ки ҳатто пиряхҳои бузурги Антарктида, Гренландия об шуда истодаанд. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки оби тоза асосан аз пиряхҳо ҳосил мешавад.
Ин масъала ба тамоми сайёра, аз ҷумла, ба мо низ марбут аст, чун пиряхҳои Тоҷикистон 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил дода, ин пиряхҳо низ об шуда истодаанд. Бузургтарини онҳо пиряхи Федченко мебошад, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст. Обшавии пиряхҳо боиси нигаронии тамоми кишвар гардида, дар робита ба он Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 27-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) суханронӣ намуда, таъкид доштанд: “Имрӯз захираҳои об зери таъсири ҷиддии тағйирёбии иқлим қарор доранд. Намунаи возеҳи ин падидаро дар обшавии босуръати пиряхҳои Тоҷикистон, ки то 60 фоизи захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, мушоҳида менамоем. То имрӯз аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон як ҳазораш пурра аз байн рафтааст.”
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд сол боз масъалаҳои мазкурро пайгирӣ ва мавриди баррасии аҳли ҷаҳон қарор медиҳад. Аз ҷумла, 3 сентябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки дар Женева баргузор гардид, суханронӣ карда, вазъи тағйирёбии иқлимро дар Осиёи Марказӣ таҳлил ва баррасӣ намуданд, ки дар он проблемаи ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ таҳлил шуда, таъкид гаштааст, ки ҳалли дурусти ин проблема ба кӯшиши якҷояи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ вобаста аст. Ҳамчунин, 16-17-уми декабри соли 2009 Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгаген, дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Консепсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим иштирок доштанд, ки дар он сарони беш аз 100 кишвари қудратманди ҷаҳон ширкат намуданд.
Воқеан, бо дарназардошти гармшавии иқлим таъсири ҷиддӣ ва босуръати обшавии пиряхҳо дар сайёра мушоҳида гардида, ин омил дар як вақт ба коҳиши истеҳсоли маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, камшавии захираҳои обӣ, норасоии оби ошомиданию ирригатсионӣ дар баъзе аз кишварҳои дунё сабаб мегардад.
Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои зулол ва минтақаи дорои пиряхҳои бузург ҳамеша дар фикри самарабахшу мақсаднок истифода гардидан ва ҳифзи ҷаҳонии ин манбаъҳост. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ давлати мо дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамин аст, ки тамоми ҷомеаи ҷаҳон кишвари моро таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Сарзамини мо аз нуқтаи назари ҷойгиршавии марзию маъмурӣ захираҳои бузурги обиро доро буда, бо ин нишондод бузургтарин иқтидори истеҳсоли энергияи сабзро соҳиб аст. Махсусан, сохтмони иншооти гуногуни соҳаи гидроэнергетика, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ гардида истодааст, мақсаду ҳадафи он истифодаи самараноки сарчашмаҳои обӣ буда, дар як вақт ба қонеъ намудани эҳтиёҷоти аҳолии дохили кишвар ва дигар давлатҳо ба неруи арзони энергияи барқ нигаронида шудааст.
Бибираъно СИДДИҚОВА,
омӯзгори гимназияи №5,
ноҳияи Ашт