НАВИШТАҲОИ ҶОЛИБИ ШУМОРАИ НАВБАТӢ

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, босуръат обшавии пиряхҳо мебошад. Дар сармақолаи шумораи №31-и «Омӯзгор» (аз 3 августи соли 2023) бо номи «Кишвари захираҳои бузурги об» сухан аз ҳамин хусус меравад. Чун ҳарвақта дар саҳифаҳои 2 ва 3 дар бораи ҷаласаву чорабиниҳои вазорат, ободкориҳои соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баррасии китобҳои дарсӣ ва дигар масоил матолиб ба нашр расидааст. Навиштаҳои «Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ наояд»-и Саидаи Фазл (корманди нашрия), «Навбаҳори бехазон бошад китоб»-и Моҳинав Ниёзова, омӯзгори коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, «Фаъолияти мактабҳо бояд ҳадафнок бошанд»-и корманди сохаи маориф Р.Сангов, «Пешравиҳо дар ҳамаи самтҳо»-и мухбири рӯзнома дар минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамид хонданбоб буда, ҳаёти воқеии соҳаи маорифро инъикос кардаанд.
Бояд гуфт, ки нашрияи «Омӯзгор» дар самти таблиғу ташвиқи нишастҳои матбуотӣ дар муассиаҳои таҳсилоти олии касбӣ саҳмгузор аст. Зери рубрикаи «Натиҷагирӣ» аз нишастҳои матбуотии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ навиштаҳои муаллифони худии нашрия доир ба ин мавзуъ чоп гардидааст.
«Муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти томактабиро омода намоем», «Вусъати корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ», «Хатар ба ҷомеаи дунявӣ» аз ҷумлаи он мақолаҳоест, ки муҳиму саривақтӣб буда, роҳҳои ҳалли мавзуи матраҳгардидаро нишон додаанд. Зери рубрикаи «Баррасӣ», таҳти унвони «Дастовардҳо: Аз таҳсилоти томактабӣ то мактаби олӣ» аз нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илм ба хонандагони нашрия иттилоъ дода шудааст. Ин навишта тақрибан тамоми масъалаҳои марбут ба соҳаи маорифро мавриди ҳаллу фасл қарор додааст.
Як қатор навиштаҳои «Омӯзгор» ба рӯзгори омӯзгорони варзида дахл доранд, ки дар ин навиштаҳо заҳмати онҳо ба қалам дода шудааст. Матлаби Ҳ. Содиқов – «Калиди муаммоҳои таълим (ноҳияи Мастчоҳ), «Зиндагие ҳикматбор» (муаллиф Хайрулло Раҳимов), «Фурӯғи ҷодаи таълим» (муаллиф Осими Оқил), «Ба дарс, бо китобу дафтар» (муаллиф Қурбоналӣ Раҳимов) аз зумраи ҳамин гуна навиштаҳост.
Як қисми зиёди матолиби нашргардида бештар методӣ ва проблемавӣ буда, ба беҳтар кардани усулҳои таълим, сифати таҳсилот, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳо бахшида шудаанд. Ҳамчунин, дар як қатор навиштаҳои дигар оид ба масъулияти падару модар, тарбияи зебоипарастӣ, ватандӯстии шогирдон аҳамияи ҷиддӣ дода шудаст. Масалан, мақолаи Ш. Раҷабзод – «Мақоми омӯзгор танҳо дар замони Шуравӣ баланд буд?», «Шахси меҳварии ҷомеа» (муаллиф Асҳобиддин Шералӣ, директори литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе) ва монанди ин ба масъалаҳои ҳаётан муҳими соҳаи маориф бахшида шудаанд.
Чунонки хонандагони «Омӯзгор» иттилоъ доранд, нашрия дар чанд соли охир озмунҳои зиёдеро роҳандозӣ карда, матолиби зиёдеро ба чоп расонда буд ва ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии «Омӯзгор» қадрдонӣ шуда буданд. Инак чанд моҳ аст, ки озмунҳои навбатии рӯзнома таҳти унвони умумии «Дарси муосир: Маҳорат, малака ва таҷриба» бо номи «Омӯзгор – машъалафрӯзи ҷомеа», «Тоҷикистон – сарзамини пиряхҳо», «Тоҷикистон — диданист» идома дорад. Нашри мақолаҳои озмунӣ идома дорад ва дар шумораи нав зери рубрикаи «Калиди муаммоҳои таълим» дар робита ба озмуни «Дарси муосир: Маҳорат, малака ва таҷриба» мақолаи таҳлилии Ҳ. Содиқов (омӯзгори мактаби рақами 24, ноҳияи Мастчоҳ) ҷой дода шудааст.
Дар маҷмуъ, ҳайати эҷодии рӯзнома бар он кӯшидаанд, ки бо пешниҳоди шумораи навбатии худ матолиби ҷолиби диққату хонданиро ба мухлисони ҳафтанома пешкаш намоянд.
Навбатдори шумора Ҳ. Ҳомид