ДАСТОВАРДҲОИ АҲЛИ МАОРИФ АФЗУН МЕГАРДАД

Тавре ки медонем, 19 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин вохӯрии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ин рухдоди сиёсӣ дар матлаби «Баррасии масоили муҳимми глобалӣ», ки дар саҳифаи аввали ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми кишвар, дар шумораи навбатӣ (№30, 27 июли соли 2023) ба табъ расидааст, инъикос шудааст. Дар вохӯрии мазкур масоили гуногуни глобалӣ, аз ҷумла, дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, туризм, иқтисоди рақамӣ, самтҳои иттилооту коммуникатсионӣ, транзиту нақлиёт ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар саҳифаи 2-и нашрия навигариҳои иттилоотӣ, ки дар ҷумҳурӣ дар соҳаи маориф ба амал омаданд, ҷой дода шудаанд. Ба ин силсила вохӯрии вазири маориф ва илми кишвар бо сафири Ҷумҳурии исломии Эрон Муҳаммадтақии Собирӣ, баррасии татбиқи стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, таҳлилу натиҷагирӣ аз раванди амалишавии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва рӯйдоди фараҳбахши дигар – сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардидани довталабон –хатмкунандагони муассисаҳои таълимии кишвар, ки дар озмуни аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра сабқат намуданд, дохил мешаванд. Бояд хотиррасон намуд, ки дар ин озмун 34 нафар хонанда сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд. Соҳаи маориф серпаҳлу ва гуногунҷабҳа мебошад, аз ин рӯ, дар сохтори он, шаклҳои идораю таҳсил ва омӯзиш дар зинаҳои мухталифи таҳсилот дар иртибот бо дигаргунию пешрафт ва дастовардҳои омӯзандае, ки дар кишварҳои мутамаддин ба амал меоянд, таҳаввулоти назаррас ба мушоҳида мерасад. Таълимоти дуалӣ аз ҳамин гуна равандҳои навин аст, ки дар замони муосир истифода ва татбиқи он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ тақозои давр аст. Муҳтавою ғоя ва ҳадафи таълимоти зикршуда дар мақолаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Лутфия Абдулхолиқзода таҳти унвони «Таълимоти дуалӣ: Афзалият дар омода намудани мутахассисон», дар саҳифаи сеюми ҳафтанома инъикоси ҳамаҷониба ёфтааст. Дар саҳифаи чоруми нашрия матолиби хондание, аз қабили «Зебо ба сират шав…» (муаллиф, мухбири ҳафтанома Ҳотами Ҳомид), «Мастонаро мешиносед?» (муаллиф, муовини директори гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан Матлуба Тоҷибоева) ва «То ранҷ набарӣ», ки ба қалами рӯзноманигор Акбар Абдусамадов тааллуқ дорад, ба табъ расидаанд. Матолиби «Мастонаро мешиносед?» ва «То ранҷ набарӣ…» ба озмунҳои нашрия «Дарси муосир: маҳорат, малака ва таҷриба», инчунин, «Омӯзгор –машъалафрӯзи ҷомеа» пешниҳод гардидаанд. Саҳифаи 5-ро маводи интиқодию таҳлилии мухбири нашрия дар минтақаи Кӯлоб Шарифи Абдулҳамид – «Мутахассисони ҷавонро дастгирӣ мебояд» ва вокуниши корманди Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илм Бӯрибой Ҳайдаров ба мақолаи корманди нашрияи «Омӯзгор» Ҷангибеки Улфатшоҳ бо номи «Ҳадаф аз назорат чист?» зебу оро додаанд.
Таври маъмул, нашрия ба масоилу мушкилоти макотиби олӣ низ таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд, ки мусоҳибаи мухбири он Сайфиддин Мурод бо ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Қудрат Давлатзода зери унвони «Пайванди илму амал» ба муносибати эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар саҳифаҳои 6-7 мисоли гуфтаи мост. Мусоҳиба муфассал ва пурғунҷоиш буда, тамоми масоили донишгоҳ ва пешрафту дастовардҳои онро инъикос кардааст.
Дар саҳифаи 7, ҳамчунин, мақолаи рӯзноманигор Шаҳло Эшонова таҳти унвони «Таълиму тарбияро набояд кори саҳл пиндошт» ҷой дода шудааст, ки таҳлилӣ буда, соярӯшанҳои вазъи нобасомони адами шароит дар иддае аз оилаҳои тоҷик дар қиболи тарбияи фарзандонро дар бар гирифтааст. Рӯзноманигори заҳматкашу собиқадор, устод Ҳокими Сафар аз бунёди мактаби нав дар шаҳраки Обигарми шаҳри Роғун барои 350 нафар хонанда, ки дар соли нави таҳсил мавриди истифода қарор дода мешавад, бо номи «Иқдоми ватандӯстона» хабар додааст. Масъалаҳои тарзу шеваҳои шавқовари таълим ва методика зиннатбахши саҳифаи 8-и ҳафтанома мебошад. Дар ин саҳифа мақолаҳои омӯзгори химияи коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар Ф.Шарифова – «Таҷрибаи амалӣ муҳим аст» ва омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ Сурайё Шердилова – «Менеҷменти педагогӣ ва вазифаҳои он» ҷойгир шудаанд, ки пурмуҳтаво, ҷолиб ва хонданиянд. Мақолаи муфассали омӯзгори риёзии «Мактаби зеҳнии Торуан — Маҳмудов»-и шаҳри Исфара Бобохон Қаюмов — «Забони илму техника калиди фанҳост» омӯзанда ва дар сатҳи хеле хуб таълиф гардида, дар саҳифаи нуҳум ҷой дода шудааст. Бояд гуфт, устод Бобохон Қаюмов омӯзгори собиқадору пуртаҷриба буда, дар пешрафти таълиму тарбия ва умуман, соҳаи маорифи шаҳри Исфара хидматҳои назаррасе анҷом додааст. Мақолаи мавсуф андешаҳои тозаву ноб ва ибратомӯзро дар бар гирифта, баҳри такомулу ташаккули илмҳои дақиқ, аз ҷумла, математика хидмати шоиста хоҳад кард. Матолиби корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммадиқбол Атозода «Бозгашт аз «биҳишт» ба биҳишти воқеӣ» ва мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №16-и ноҳияи Ёвон Суханорои Муродбек – «Моҳияти илмии терроризм» ба мавзуи идеологӣ бахшида шуда, сарчашмаи хуби тарбиявӣ ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои тарбиявӣ аз ҷониби устодону омӯзгорон дар таълимгоҳҳо ба шумор меравад. Ин навиштаҳоро дар саҳифаи 10 дарёфт хоҳед кард.
Саҳифаи 11-и нашрия мақолаҳои Қатра-қатра ҷамъ шавад…»-и мухбирони ҳафтанома Ш.Раҷабзод ва С.Мӯсоева, инчунин, омӯзгорони МТМУ №10-и ноҳияи Айнӣ Ҳ.Алимзода ва Ҳ.Олимовро бо номи «Тоқдони чашми мо ҷойи китоби «Тоҷикон» дар бар гирифтааст, ки аввалӣ ба вазъи таълиму тарбия дар шаҳри Ҳисор ва дувумӣ ба гиромидошти 115-солагии муаррихи сатҳи ҷаҳонӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров бахшида шудаанд. Нашрия татбиқи асноди меъёру ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатии соҳаро ҳамвора мавриди таҳлил ва муаррифӣ қарор медиҳад. Муаррифии ҳуҷҷати муҳимтарини соҳаи маориф – «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар шарҳи тафсири сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Бадриддин Музаффарзода таҳти унвони «Ҳадафҳои пешгузоштаи Стратегия иҷрошавандаанд» дар таҳияи корманди нашрия Шодӣ Раҷабзод дар саҳифаҳои 12-13 ҷой гирифтааст, ки ҷолиб ва саривақтист. Маводи озмунии шоири шинохта, устод Муҳаммад Ғоиб бо номи «Мусофири гаронбор» ва сафарномаи рӯзноманигор Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ — «Устод Айнӣ ва мадрасаи Кӯкалтош» саҳифаи 14-и ҳафтаномаро оро додаанд, ки ҳар ду навишта ҳам лоиқи мутолиа ва андешаронӣ мебошанд. Корманди нашрияи «Омӯзгор», нависандаи соҳибистеъдод Шодӣ Раҷабзод, тавре медонем, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар бахши наср дар соли 2023 гардид. Тақризи доманадору пурмазмуни корманди ҳафтанома Ҳотами Ҳомид – «Қадами ҷиддӣ дар насри муосири тоҷик» ба китоби «Дасти боло»-и адиб шаҳодати пешрафту такомули ҳунарии Ш.Раҷабзод ба шумор меравад. Саҳифаи 16 бо навиштаи омӯзгори МТМУ №6-и ноҳияи Ш.Шоҳин Холмурод Ғиёспур таҳти унвони «Чӣ ҳол доред, бачаҳо»? ва эълонҳо анҷомбахши шумораи навбатӣ маҳсуб меёбад.
Дар умум, шумораи нави ҳафтаномаи «Омӯзгор» ҷолиб, пурмуҳтаво ва рангину шавқовар буда, дар он матолиби фаровони хонданӣ ба табъ расидааст.

Навбатдори масъул – Ш.Раҷабзод