ЗЕБО БА СИРАТ ШАВ…

– Ҳар як халқу миллат анъанаҳои милливу хоси худро дорад. Яке аз онҳо тарзу шеваи пӯшидани либоси миллист, ки аксар вақт намояндаи онро маҳз бо ҳамин пероҳанаш мешиносанд. Ин ҳам як рукни миллӣ ба шумор меравад. Воқеан, анъанаҳои миллӣ ва истифодаи он дар замони муосир басо муҳим аст. Мутаассифона, аксар вақтҳо мушоҳида менамоем, ки бархе аз мардуми мо ба ин масъала кам таваҷҷуҳ менамоянд. Ба қадри арзишҳои миллӣ намерасанд, ба анъанаҳои халқҳои дигар, бахусус, либоспӯшии онҳо тақлид мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, таъкид намуданд: “Мо вазифадорем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи башарият таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ карда, талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳанг ва дину оинҳои халқу миллатҳои гуногунро ҳамчун ҷузъҳои таркибии тамаддуни башарӣ эътироф намоем ва ба онҳо эҳтиром гузорем”.
Ба мушоҳида мерасад, ки як қисми насли наврас ва насли ҷавон пас аз тамошои кинофилмҳои хориҷӣ, бахусус, филмҳои туркӣ ба тарзи либоспӯшӣ, ороиши рӯйю мӯй ва ҳатто ба номгузории фарзандонашон ба онҳо тақлид мекунанд.
Фикр мекунам, тарбияи хонаводагӣ дар ин масъала басо муҳим аст. Тақлиди кӯр-кӯрона ба тарзи либоспӯшии бегона вақтҳои охир, дар ҳақиқат, ба як навъ сабқат табдил гардидааст. Агар волидон ба ин масъала ҳар чӣ бештар монеъ нагарданд, пас пеши роҳи ин номуназзамиро гирифтан хеле душвор мегардад. Ин нукта дар асари безаволи Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» низ таъкид гардида, бо расму суратҳо либоси ниёгони мо нишон дода шудааст. Яъне, месазад, ки аз ин гуна дастурҳо вобаста ба замон истифода бурда, унсурҳои либоси миллиамонро такмил бахшем ва дар ин масъала ба ифрот роҳ надиҳем.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки як гурӯҳи занону духтарон эътиқодро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳи сиёҳ арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд.
Албатта, ба ҳар як чизи нав якбора одат кардан душвор аст, лекин вақти он расидааст, ки акнун ба анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла, ба тарзи либоспӯшии хеш диққати ҷиддӣ бидиҳем, яъне ҷаҳониён донанд, ки мо миллати мутамаддин ва дорои анъанаву суннатҳои дерини худ мебошем.
Дар ин раванд дарк ва омӯзиши фазилат ва ҳикмате, ки либоси миллии ҳар як халқу миллатро дар худ таҷассум менамояд, василаи муҳимми бақову ҳастии он ба шумор меравад. Агар либоси миллатҳо моҳияти хоси худро намедошт, чаро яке дароз, дигаре кӯтоҳ, сеюмӣ васеъ ва чорумӣ муносиб дӯхта мешавад? Ҳикмати дигари либос он аст, ки ранги онро вобаста ба маросимҳо интихоб мекарданд, яъне либосе, ки дар тӯю сур ва сӯгу азодорӣ ба бар мекунанд, ҳам фарқ доранд. Ин ҳама бозгӯи он аст, ки либоси миллӣ рукни муҳимми ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги ҳар як миллату халқият будааст, ҳувияти онҳоро дар замони ҷаҳонишавӣ таъмин менамояд. Ҳар шахсе, ки ба дараҷаи камолоти худшиносии миллии худ расидааст, дарк мекунад, ки нигоҳ дошта тавонистани арзишҳои миллӣ зарур ва риоя кардани онҳо ҳам қарзу ҳам ифтихор аст. Ҳамин ҷузъи фарҳанги миллӣ – либосро, ки моро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ менамояд.
Дарвоқеъ, агар дурусттар андеша намоем, ба бар кардани куртаҳои атласу адрас ва чакан ба ҳусни духтарон ҳусн зам мекунад. Ба тақлиди дигар бонувони аврупоӣ дода шуда, фаромӯш мекунем, ки ҳам анъанаҳои миллиро аз даст медиҳем, ҳам дар буҷаи хонавода (қимматанд) зарар ворид мекунем ва ҳам аз нигоҳи тиббӣ ба бадани хеш (истифодаи либосҳои синтетикӣ) зиён мерасонем.
Гузаштагони мо либоси одӣ ба бар мекарданд ва дар пӯшидани он хеле завқи баланд доштанд. Ҳоло чӣ? Аксаран либосҳои миллиро ба бар кардан намехоҳанд ва гумон мекунанд, ки ҳамин рафторашон дуруст аст.
Албатта, то ин дам ҳамаи ниҳодҳои марбут ба таълиму тарбия тамоми қувваю маҳорати хешро дар муассисаҳои таҳсилоти томактабиву асосӣ, миёнаи умумиву макотиби олӣ барои он истифода мебаранд, ки сари роҳи ҳар гуна бесару сомонӣ гирифта шавад. Ба ҳар сурат, ба андешаи инҷониб, агар масъулони шуъбаҳои кор бо занон ва оила, шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳӣ, нозирони минтақавӣ, бахшҳои ҷавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо ва дигар ниҳодҳои шаҳру ноҳияҳо масъулиятро аз ҳарвақта дида бештар ҳис кунанд, кор ранги дигар хоҳад гирифт. Агар аз сӯйи онҳо корҳои тавзеҳӣ зиёдтар дар самти риояи либоси миллӣ роҳандозӣ гардад, нуран алонур хоҳад шуд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»