ПАЙВАНДИ ИЛМУ АМАЛ

Мусоҳиба бо ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Қудрат Давлатзода
– Муҳтарам Қудрат Давлатзода! Тавре ки мо медонем, донишгоҳи шумо таърихи деринаи ибратомӯз дорад. Мехостем дар хусуси донишгоҳ, сохтор ва ҳайати устодону омӯзгорони он маълумот медодед.
– Нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии техникии Тоҷикистон — Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо Қарори Шурои вазирони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ таҳти №14 аз 6-уми январи соли 1956, барои таъмин намудани соҳаҳои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои муҳандисӣ, ҳамчун Институти политехникии Сталинобод таъсис дода шуда, соли 1962 Институти политехникии Тоҷикистон ва соли 1997 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ номгузорӣ шудааст. Донишгоҳ дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз мактабҳои олии техникии минтақа ва собиқ Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфта, дар омода намудани мутахассисони муҳандисӣ-техникӣ барои ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он саҳми калон гузоштааст. Дар давоми 67 соли фаъолияташ донишгоҳро қариб 100 000 мутахассиси соҳаҳои гуногуни техника ва технологияи муосир хатм намуда, барои рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ самаранок фаъолият намуда истодаанд. Аз байни хатмкардагони донишгоҳ олимони шинохташудаву маъруфи ҷаҳонӣ, арбобони хидматнишондодаи давлатию ҷамъиятӣ, кормандони шоистаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба камол расида, дар рушду шукуфоии ҷумҳуриямон саҳми басазо гузоштаанд, ки боиси ифтихори донишгоҳ мебошанд.
Имрӯз ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии базавӣ дар омода намудани кадрҳои муҳандисӣ дар соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, меъморӣ, нақлиёт ва алоқа дар ҷумҳурӣ пазируфта шуда, дар рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳурии азизамон саҳми назарраси худро гузошта истодааст. Дар ҳайати донишгоҳ Донишкадаи политехникӣ дар шаҳри Хуҷанд, коллеҷи техникӣ дар шаҳри Душанбе, 7 факултет дар сохтори асосӣ – энергетика; сохтмон ва меъморӣ; механикӣ ва технологӣ; нақлиёт ва инфрасохтори роҳ; технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; иқтисодиёти соҳаҳо ва идораи ДМТБ-АДАБ-ДТТ фаъолият менамоянд. Дар 36 кафедраи тахассусии донишгоҳ аз рӯйи 103 ихтисос 8675 нафар донишҷӯ касб меомӯзанд. Ба онҳо 500 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба таълим медиҳанд, ки 287 нафарашон доктору номзади илм мебошанд. Дар донишгоҳ муассисаҳои таҳсилотии то таҳсилоти олӣ – литсей ва баъди таҳсилоти олӣ — таҳсилоти олии дуюм, докторантура, такмили ихтисос, аспирантура амал мекунанд.
Дар донишгоҳ барои таъмини шароити мусоиди таҳсили донишҷӯён 5 бинои таълимӣ бо 6000 ҷойи нишаст, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, марказҳои техникии муосир, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, марказҳои фарҳангию варзишӣ, хобгоҳҳо (барои 2000 донишҷӯ), минтақаи варзишию фароғатӣ дар дараи Варзоб омодаи истифода ва хидматрасонӣ мебошанд.
– Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф ва илм дигаргуниҳои азиме ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, донишгоҳу донишкадаҳо низ марҳала ба марҳала рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин самт донишгоҳи шумо чӣ муваффақиятҳо ба даст овардааст? Дар марҳалаҳои ба пешрафт расидан оё мушкилоту масоили мураккаб ҷой дош-танд? Агар чунин проблемаҳо мавҷуд буданд, пас, чӣ тавр пушти сар карда шуданд?
— Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тамоми мушкилоти давраи гузариш ва вазъияти буҳронии солҳои 90-умро аз сар гузаронидааст. Бо пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ робитаҳои илмию таълимӣ гусаста, пояи моддӣ-техникии таҳсил хароб шуда, бисёре аз омӯзгорону донишҷӯён донишгоҳро тарк намуданд. Қисме аз марказҳои илмию таълимие, ки барои ҷумҳурӣ мутахассис омода менамуданд, берун аз марзи ҷумҳурӣ монданд. Аз тарафи дигар, таъмини иқтисодиёти ҷумҳурии соҳибистиқлол бо мутахассисони зарурӣ тақозо менамуд, ки мутахассисон аз рӯйи тахассусҳои мавҷуда омода карда шаванд. Мавриди зикр аст, ки коллективи вақти донишгоҳ тавонист бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда раванди таълимро аз рӯйи ихтисосҳои мавҷуда нигоҳ дошта, тарбияи мутахассисонро аз рӯйи ихтисосҳои нав ба роҳ монад. Фаъолияти донишгоҳҳоро тибқи талаботи низоми бозаргонӣ роҳандозӣ намуда, барои рақобатпазирии мутахассисони омодашаванда дар бозори ҷаҳонию минтақавии кор чораандешӣ намояд. Дар ин самт донишгоҳ ба баъзе дастовардҳо ноил ҳам гардид.
Барои мо, махсусан, ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳ 17 апрели соли 2007 тақдирсозу ҳалкунанда буд. Суҳбатҳои самимона бо кормандон, суханронии пурмуҳтаво дар вохӯрии тантанавӣ ба муносибати ҷашни 50-солагии донишгоҳ, таҳия ва қабули “Барномаи рушди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои солҳои 2008-2015”, ба марҳалаи сифатан нави рушди донишгоҳ заминаи боэътимод гузошт.
1 сентябри соли 2013, ҳангоми ташрифи навбатияшон ба донишгоҳ Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар марҳалаи кунунии инкишофи ҷомеа ба нишондиҳандаҳои сифатӣ, ба ҳар чӣ бештар вобаста ба талаботи соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат омода намудани мутахассисон ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ диққат дода шавад.
– Мехостем донем, ки донишҷӯёни донишгоҳ пас аз хатми муассиса дар куҷо ба кор ҷалб мешаванд. Умуман, масъалаи бо кор таъмин гардидани хатмкунандагони донишгоҳ комилан ҳал шудааст?
— Дар суханронӣ ва суҳбатҳояшон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр намудаанд, ки дар сохтмони НОБ-и Роғун мутахассисони хориҷӣ хеле кам кор мекунанд. Корҳоро асосан, мутахассисои маҳаллӣ, ки аксар хатмкардагони ДТТ ба номи М.С. Осимӣ мебошанд, иҷро менамоянд. Дар майдони сохтмони иншооти энергетикӣ, корхонаҳои бузурги саноатӣ, шоҳроҳҳои байналмилалӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ, тандурустию маориф хатмкардагони ДТТ ба номи М.С. Осимӣ бевосита фаъолият доранд. Тибқи маълумот, аксари мутахассисони соҳаҳои энергетика, сохтмон, нақлиёту роҳсозӣ ва коммуникатсия хатмкардагони Донишгоҳи техникӣ мебошанд.
– Тавре ки медонем, самти асосии фаъолияти донишгоҳ омода намудани мутахассисони муҳандисӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту алоқа ва амсоли ин маҳсуб мешавад. Мегуфтед, ки заминаҳои моддию техникии донишгоҳ дар кадом поя қарор дорад?
— Таъмини сифати хуби касбӣ ва сатҳи баланди илмии мутахассисони омодашаванда дар Донишгоҳи техникӣ бе ташкили пояи мустаҳками моддӣ-техникӣ имконнопазир аст. Бо дарназардошти ин, раёсати донишгоҳ барои бо таҷҳизоти наву замонавӣ таъмин намудани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ тадбирҳои мушаххас анҷом додааст. Ҳамаи таҷҳизоти озмоишгоҳҳои умумитаълимӣ нав карда шуданд. Бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ҳиндустон дар донишгоҳ ба маблағи як миллион доллари ИМА маркази муҳандисӣ-техникии муосир таъсис дода шуд, ки дар минтақа беҳтарин дониста мешавад. Бо истифода аз имконоти лоиҳаҳои байналмилалӣ ва маблағгузориҳои хориҷӣ дар донишгоҳ лабораторияҳои омӯзишии манбаъҳои ғайрианъанавию барқароршавандаи энергия, биноҳои каммасрафи энергия таъсис дода шудаанд. Оғози омода намудани таҷҳизоти таълимӣ дар худи донишгоҳ низ дар назар аст.
Ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” соли 2022 бо Қарори Шурои олимони донишгоҳ “Соли муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои кафедраҳои тахассусӣ” эълон гардида буд. Ҳамин тариқ, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар доираи амалӣ шудани лоиҳаҳои байналмилалӣ бунёди марказ ва озмоишгоҳҳо сурат гирфтанд, ки барои мустаҳкам намудани пояҳои моддӣ – техникии донишгоҳ мусоидат менамояд. Аз ҷумла, «Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии чопи 3D (Cezeri Lab)» — дар доираи қарордод оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан» — дар доираи созишномаи кумаки техникӣ миёни Донишгоҳи касбӣ – техникии идораи шаҳрсозии Тянҷин ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, «Озмоиш-гоҳи моделсозӣ дар сохтмон» — лоиҳаи ERAMCA, маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+, «Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ» — лоиҳаи DigEco, маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ERASMUS+, «Маркази омӯзиш оид ба асосҳои бехатарии истеҳсол ва истифодаи балонҳои оксиген» — Лоиҳаи USAID бунёд гардиданд.
– Бо дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) эълон гардидааст, ки бевосита ба донишгоҳи шумо ва ихтисосҳое, ки дар он омӯзонида мешавад, робитаи зич дорад. Дар робита ба дастури Сарвари давлат дар донишгоҳ чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
— Барои татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ нақшаи чорабиниҳои илмӣ-амалӣ таҳия карда шудааст, ки дар доираи он ба роҳ мондани конференсиҳои илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, мизҳои мудаввар, озмуни “Ихтироъкорони ҷавон” амалӣ шуда истодаанд. Ҳамчунин, барои омода кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар донишгоҳ 5 Шурои диссертатсионӣ таъсис дода шудааст, ки соли ҷорӣ 17 рисолаи номзадӣ (доктор PhD) ва як рисолаи докторӣ дар он ҳимоя шудаанд.
Барои нашри натиҷаи тадқиқоти илмӣ, маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» фаъолият дорад, ки ҳар ду бахши он дар феҳристи маҷаллаҳои тақризии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст. Давоми шаш моҳи соли 2023 зиёда аз 80 мақолаи илмӣ-тадқиқотии аз ҷониби аспирантон, унвонҷӯён, докторантон ва олимони донишгоҳ пешниҳодгардида, чоп шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар баробари нашри мақолаҳо дар маводи конференсияву маҷаллаҳои илмии донишгоҳ фаъолияти олимони донишгоҳ дар самти интишори мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаву нашрияҳои тақризии байналмилалӣ, аз ҷумла, “Scopus, Web of Sciens” (дар шаш моҳи соли 2023 21 мақола) ва ғайра назаррас аст.
– Иштироки донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ чӣ гуна аст? То ҷое ки мо иттилоъ дорем, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои “Илм – фурӯғи маърифат”, “Ихтироъкорони ҷавон” ва ғайра иштирок намуда, муваффақияту комёбиҳо ба даст овардаанд. Дар ҳамин бора маълумот медодед.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола озмуни “Донишҷӯ — пешрафти илму техника” баргузор мегардад, ки дар он донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок мекунанд. Имсол дар ин озмун 3 донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” олимону донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, 13 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта, ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Ҳамчунин, дар Донишгоҳи байналмилалии нафту газ ба номи Ягшигелдӣ Какаев олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни информатика баргузор гардид, ки дар он шогирдони донишгоҳи мо низ иштирок доштанд ва сазовори панҷ ҷойи ифтихорӣ гаштанд, ки ин боиси ифтихори на танҳо донишгоҳ, балки ҷумҳурӣ мебошад.
Моҳи майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба муносибати “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни ҷумҳуриявии “Барномасози беҳтарин” баргузор гардид, ки дар ин озмун донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ сазовори ду ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Рӯзҳои 19 — 20 майи соли ҷорӣ дар литсейи касбии саноат ва кимиёи шаҳри Леваканд барои дарёфти ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Олимпиада аз рӯйи 5 номинатсия: “Математика”, “Физика”, “Химия”, “Технологияҳои иттилоотӣ” ва “Географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографӣ” доир гашт. Дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
– Дар охир мехостем, перомуни робитаву ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо дигар донишкадаву донишгоҳҳои хориҷи кишвар иттилоъ медодед.
– То имрӯз ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо 132 муассисаи олии кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Олмон, Италия, Хорватия, Литва, Эстония, Лаҳистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷопон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо созишномаҳои дуҷонибаро ба тасвиб расонида, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо роҳ мондааст.
Яке аз самтҳои асосии мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникӣ ва иқтидори илмии донишгоҳ таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мебошад. Дар ин самт ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ ҳамкориҳоро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Ҳайати профессорию омӯзгории донишгоҳ якҷо бо шуъбаҳои дахлдор дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ фаъолона кор карда, бо як қатор ташкилоти байналмилалӣ, ба монанди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии рушд, Бонки аврупоии рушд ва таҷдид, раёсати Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, Лоиҳаи USAID, Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ), ТЕМПУС, МНТЦ, ERASMUS+ ва ғайраҳо ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст.

Суҳбаторо
Сайфиддин МУРОДОВ,
“Омӯзгор”