Чанд сол қабл дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар» ба тасвиб расид, ки аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа хуш пазируфта шуда, мувофиқ ба талаботи замон арзёбӣ гардид. Ин қонун яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият маҳсуб шуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мусоидат менамояд. Таълиму тарбияи насли ҷавон раванди масъулиятноку ҷиддӣ буда, тақдири насли оянда сифати он вобаста мебошад.
Уҳдадории волидон дар тарбияи фарзанд ва ҳамзамон нигоҳубини волидон аз ҷониби фарзандон дар пирӣ аз меъёрҳои муҳими ахлоқии мо маҳсуб мешавад. Ин масъалаест, ки аз Конститутсияи мамлакат маншаъ мегирад.
Воридшудани техникаву технологияи нав ба ҳаёти муосир тақозо мекунад, ки тарзу усули истифодаи самараноки он низ ба наврасону ҷавонон омӯзонда шавад, то он ҳамчун роҳнамо тавонад насли навро ба роҳи рост ҳидоят намояд. Масалан, тавассути ин раванд, дар радифи иттилооти зарурӣ ба мардум иттилоъ ва маводе низ дастрас мегарданд, ки ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо бегона буда, заминаи паст шудани ахлоқу одоб ва маънавиёти насли ҷавон ва паст шудани шавқу рағбати онҳо ба донишандӯзӣ мегарданд.
Дар тарбияи фарзанд нақши падару модар баробар мебошад. Яке аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти фарзанд мавқеи волидон дар тарбия аст. Фарзанд агар дар оила хислатҳои таҳаммулпазириву муҳаббат ба наздикон ва низому тартибро аз модар омӯзад, далериву шуҷоат, худшиносиву ватандӯстӣ ва устувориву суботро аз падар ба ирс мегирад. Ҳама рафтору муносибати калонсолон барои кӯдак намунаи ибрат мебошанд. Падару модар ҳамеша дар саргаҳи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии фарзандон қарор доранд. Фарзандон муносибати худро ба олами атроф аз дидгоҳи волидон муайян месозанд.
Барои ин қабл аз ҳама, худи волидон бояд аз чунин таълиму тарбия бархурдор ва бофаҳму идрок бошанд. Баъзе падару модарони нисбатан ҷавон ба таълиму тарбияи кӯдакон ба таври бояду шояд эътибор намедиҳанду танҳо барои худ зистан мехоҳанд. Онҳо фарзандонро таълиму тарбия намедиҳанд, балки танҳо дар паҳлуи фарзандон буданро масъулият мешуморанд.
Шаҳодат, модари ҷавон аз шаҳри Ваҳдат, ки 2 фарзанд дорад, дар мавриди тарбияи кӯдакон ақидаҳои худро чунин баён намуд: “Кӯдаконро тарбия мекунем” гуфта, онҳоро ба иҷрои амале маҷбур кардан лозим нест. Онҳо, ки калон шуданд, худашон ҳама баду некро фарқ мекунанд ва боз моро тарбия низ мекунанд. Чунин бетафовутӣ нисбат ба тарбияи фарзандон ба руҳияи онҳо низ таъсир гузоштаву онҳо низ чунин худбину бетафовут ба воя мерасанд. Зеро падару модар оинаи фарзандонанд ва онҳо дар симо ва рафтору кирдори волидон ояндаи худро мебинанд.
Зиёданд оилаҳое, ки солиёни зиёд падар дар муҳоҷират қарор доранду модар рӯзҳои дароз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ дар бозор мешинад ва ё ба кори дигаре машғул мешавад. Ҳамсуҳбати дигари мо Салтанат, модари панҷ фарзанди ноболиғ асту аз субҳ то шом дар бозор ба тиҷорат машғул аст. Фарзанди калониаш 11-сола ва хурдиаш 3-сола буда, чор нафар кӯдаки ноболиғи ӯ дар хона танҳо ва дар нигоҳубини фарзанди калониаш, гузошта шудаанд. Ӯ мегӯяд, маблағе, ки падари фарзандонаш мефиристад, ба эҳтиёҷоти оила намерасад ва ба замми ин, онҳо дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунанд. Агар бигӯем, ки фарзандон симои падарро тамоман аз ёд баровардаанду модарро низ қариб, ки намебинанд, хато намекунем, зеро модар субҳи зуд, вақти хоб будани онҳо аз хона берун мешаваду баъди шом, аксар вақтҳо ҳангоми хоб будани фарзандони хурдаш ба хона бармегардад. Дар чунин ҳолат чӣ гуна метавон дар хусуси таълиму тарбияи чунин кӯдакон ҳарф зад?
Бояд вобаста ба синну соли кӯдак бо ӯ рафтору муомила намуд. Масалан, дар хурдсолӣ ҳатман бо кӯдак бозӣ кардану ҳангоми мактабхонӣ бо ӯ дарс тайёр намудан, вақти ба машқу тамрин машғул шуданаш ҳамроҳаш тамрин кардани падар ё модар ҳатмӣ аст.
Ба фарзандон аз ҳад зиёд фишор овардану фармонравоии барзиёд низ самараи хуб намедиҳад. Бо фарзанд ҳамчун рафиқи худ муомила бояд кард. Вақте падару модар бо фарзандони худ дар бораи шавқу рағбати онҳо суҳбат мекунанд, онҳо худро узви ҷамъият ва одамони солимфикру зарурӣ эҳсос мекунанд ва кӯшиш мекунанд, то ҳама амалу рафтори худро дар машварату мувофиқа бо волидон анҷом диҳанд. Илова бар ин, аз фарзанд он кору амалеро тақозо намудан лозим аст, ки иҷрои онҳо аз ҷониби ӯ имконпазир аст.
Волидоне ҳастанд, ки ба ивази талаботи худ ба фарзандон подош доданро ваъда медиҳанд. Масалан, “Агар якто баҳои панҷ гирӣ, як сомонӣ медиҳам, дуто гирӣ, ду сомонӣ медиҳам” ва ё “Агар ба мағоза равӣ, бароят куртаи нав мехарам” ва монанди инҳо… Чунин тарзи тарбия дар кӯдакон хислатҳои тамаъҷӯиву чизпарастиро инкишоф медиҳад. Ба кӯдак бояд ҳамеша ҳаминро талқин намуд, ки хоҳишу талаботи волидонро бе тамаъҷӯӣ ва бидуни подоше иҷро намоянд. Нозукии масъалаи тарбия низ дар ҳамин ҷост, ки дар ин маврид мақоли “Ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар” ба кор намеояд. Фарзандон бояд танҳо ҳисси масъулиятшиносиро дарк карда тавонанду худро уҳдадор шуморанд. Онҳо бояд вазифаву масъулияти ҳар як узви оиларо низ дарк намоянд. Ҳар амалу рафтори кӯдак тадриҷан ба одатҳои ояндаи ӯ табдил меёбад.
Шаҳло ЭШОНОВА,
Рӯзноманигор