ТАҶРИБАИ АМАЛӢ МУҲИМ АСТ

Бо пешрафти техникаву технология ҷаҳонбинии хонандагону донишҷӯён низ хеле тағйир ёфта, бо усулҳои анъанавии таълим диққати онҳоро ба дарс ҷалб намудан амри муҳол аст. Бинобар ин, ҳар як омӯзгор новобаста ба он, ки фаъолияти ӯ аз даврони Шуравӣ оғоз ёфтааст ё баъд аз истиқлол, бояд усулҳои анъанавиро ба усулҳои нави таълим иваз намояд.
Агар омӯзгор саводи қавии тахассусӣ дошта бошад, вале дониши худро ба дигарон дода натавонад, ба мақсад намерасад. Таҷрибаи кории чандинсолаи омӯзгорӣ низ ба рафти дарс нақши муҳим дорад, зеро омӯзгори навкор аз усулҳои фаъоли таълим бохабар аст, вале тарзи ташкили дарс ва истифодаи ин усулҳо дар рафти дарс бе таҷрибаи корӣ барояш мушкил мегардад. Бино бар ин, омӯзгорони ҷавону навкорро мебояд, дар дарсҳои омӯзгорони таҷрибадор иштирок намуда, рафти дарси онҳоро таҳлил намоянд.
Дарсҳои назарӣ ба тариқи слайду кинофилмҳо ва видеороликҳо амалӣ гарданд ҳам, вале бидуни корҳои амалӣ номукаммаланд. Масалан, дар дарси химия дар мавзуи “Маҳлулҳо” агар омӯзгор слайд омода созаду видеороликҳоро оид ба мавзуъ нишон диҳад, вале донишҷӯ дар амалия таносуби компонентҳои ҳалкунанда ва ҳалшавандаро андоза карда натавонад, мавзуи нави дарси комил намегардад.
Ҳоло якчанд лаҳзаи дарси амалиро дар муассисаи коллеҷи тиббӣ-инноватсионии шаҳри Бохтар баррасӣ мекунем:
1). Дар гурӯҳҳои бахши дуюми кори дорусозӣ дар мавзуи “Спиртҳо. Спиртҳои якатома ва бисёратома” таҷрибаи химиявӣ баргузор шуд.
Омӯзгор спирти сеатомаи пропантрирол (глитсерин) ва перманганати калийро дар таҷриба истифода бурд. Дар натиҷаи таъсири байниҳамдигарии глитсерин ва перманганати калий чунин реаксия ба амал омад:
14 КMnO4 + 3 C3H8O3 → 12 H2O + 2 CO2 + 14 MnO2 + 7 K2CO3
Реаксия бо сӯзиш ва садо ба амал омад. Донишҷӯён ба ваҷд омада, сабаб ва натиҷаи реаксияро пурсон гаштанд. Омӯзгор ба донишҷӯён фаҳмонд, ки ин реаксияи сӯзиши глитсерин буда, таҳти таъсири оксидкунандаҳои қавӣ глитсерин бо ҳосил намудани гази карбонат ва об месӯзад. Баъди фаҳмонидани омӯзгор донишҷӯён рафти кор ва хулосаашонро дар дафтар қайд намуданд. Дар дарси дигар аз донишҷӯён рафти реаксияи байни глитсерин ва перманганати калий пурсида шуд. Донишҷӯён кори амалии гузаштаро ба хотир оварда, ҷавоб доданд, вале муодилаи химиявиро на ҳамаи онҳо тартиб дода тавонистанд, зеро таҳкурсии химиявӣ надоштанд, инчунин, муодилаи химиявии навиштаи омӯзгорро кӯр-кӯрона аз тахтаи синф рӯбардор карда буданд.
2. Таҷрибаи дар боло зикршударо боз дар гурӯҳи дигари бахши 2-юми кори дорусозӣ амалӣ гардониданд, вале бори дуюм бо усули дигар. Яъне, айнан ҳамин таҷриба дар назди донишҷӯён амалӣ шуд, вале рафти реаксияи гузаштаро омӯзгор шарҳ надод, балки ба худи донишҷӯён супориш дод, ки дар хона оид ба реаксияи баамал омада ва сабаби оташи дар натиҷаи реаксияи химиявии бавуҷудомадаро мухтасар рӯи дафтар оранд. Дар дарси дигар донишҷӯён оид ба реаксияи гузаронидашуда маълумот пайдо карда, мафҳуми онро шарҳ доданд ва ҳатто реаксияи гузаштаро бо муодилаи химиявӣ ишора намуданд, вале дар байни гурӯҳ донишҷӯёне низ буданд, ки супоришро иҷро намудаву муодилаи химиявии онро тартиб дода наметавонистанд. Онҳо аз ҷумлаи донишҷӯёне буданд, ки таҳкурсии химиявӣ надоштанд.
Хулоса, ҳар ду роҳи таҷрибаи амалишуда ба мақсад расид ва донишҷӯён дониши назарии худро афзун намуданд. Дар рафти мушоҳида чунин ба назар расид, ки таҷрибаи дуюм нисбат ба таҷрибаи якум самараноктар буд, зеро донишҷӯ мавзуъро гирифт, мустақилона ҷуста ёфт, омӯхт ва рӯи коғаз дарҷ намуд. Ба ин васила, дониши гирифтаи ӯ нисбат ба донише, ки омӯзгор ҳангоми фаҳмонидан ба донишҷӯ дод, мустаҳкамтар ва хотирмонтар буд, зеро ӯ худаш мустақилона кор карда, маълумотро на танҳо дар дафтар, балки дар хотир низ сабт намуд.
Дар рафти таҷрибаи омӯзгорӣ, дар муассисаҳои тиббӣ муайян гашт, ки фанни химияи таҳлилӣ нисбат ба дигар шохаҳои химия барои донишҷӯён душворфаҳм буда, бо лексияи одӣ онро ба донишҷӯён муфассалу мафҳум баррасӣ карда намешавад. Аз ҷониби омӯзгор мавзуъ хуб ва ба таври одӣ фаҳмонида шавад ҳам, пас аз чанд соати дарс мавзуи гузашташуда аз хотираи донишҷӯён меравад ва ҳангоми мустақилона хондани мавзуъ онҳо суханҳои омӯзгорро канда-канда ба хотир оварда, чизеро ки мехонанд, намефаҳманд. Пас, чӣ бояд кард? Албатта, бештар таҷрибаҳои одиву дастрас анҷом дода, ба донишҷӯ оид ба таҷрибаи амалишуда кори мустақилона бояд дод. Танҳо ҳамон вақт донишҷӯ мавзуъро хуб аз худ мекунад.

Ф. ШАРИФОВА,
омӯзгори химияи коллеҷи тиббӣ-инноватсионии
шаҳри Бохтар