Аз таърихи пайдоиш то ба имрӯз олимони зиёде дар бораи илми менеҷмент ақидаҳои хешро иброз намуда, онро ба таври худ маънидод намудаанд. Ба маънии том «менеҷмент» ҳамчун илм дар бораи санъати идоракунӣ, яъне иборат аз принсипҳо, тарзу усул ва шаклҳои идоракунӣ бо мақсади истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда фаҳмида мешавад. Роҳбар, яъне менеҷер дар ҷараёни идоракунӣ мебояд дорои қобилияти сухангӯӣ, ташкилотчигӣ, ҳамзамон, донишманд ва маҳорати дарки ҳама гуна муаммоҳои марбут ба идоракуниро дошта бошад.
Вазифаҳои менеҷмент ҳамчун илм, коркард, ба роҳ мондани тафтишҳои эксперименталӣ ва дар амал истифода намудани муносибатҳои илмӣ, принсип ва методҳое, ки кори боэътимоду самаранок, устувор ва дурнамои хуби гурӯҳро бо роҳи истеҳсоли моли рақобатпазир таъмин менамояд, маҳсуб мешавад.
Мақсади ниҳоии менеҷмент ҳамчун амалия, таъмини фаъолияти мақсаднок ва дурнамои муассиса бо роҳи банақшагирӣ, ташкилӣ, мотиватсия, назорат ва қабули қарори идоракунӣ мебошад.
Вазифаи муҳимтарини менеҷмент, ташкили истеҳсоли мол ва хидматрасонӣ бо дарназардошти талаботи истеъмолгар дар асоси захираи мавҷуда мебошад. Илова бар ин, ба вазифаҳаи менеҷмент дохил мешаванд:
— ҳавасмандгардонии кормандон бо роҳи муҳайё намудани шароити хуб ва системаи пардохти музди меҳнат;
— муайян кардани захираҳои зарурӣ ва сарчашмаҳои таъмин намудани он;
— коркарди стратегияи ташкилот ва татбиқи он;
— муайян намудани мақсадҳои ташкилот;
— тартиб додани системаи чорабиниҳо баъди ноил шудан ба мақсад; ҷустуҷӯи доимӣ ва омӯзиши бозори нав;
— назорат аз болои самаранокии фаъолияти ташкилот ва мақсадҳои пешгузоштаи он.
Қонунмандӣ ва принсипҳои фаъолият
Қонунҳои тараққиёти иқтисодӣ моҳият ва мазмуни объективӣ доранд, зеро новобаста ба майлу хоҳиши одамон амал мекунанд. Дар ин ҳолат вазифа аз он иборат аст, ки талаботи объективонаи онҳоро бошуурона ва ҳамаҷониба ба эътибор гирифта, дар фаъолияти рӯзмарраи худ, ки бо истеҳсолот ва мақсади асосии он – баланд бардоштани сатҳи зиндагонӣ дар асоси истифодаи пурсамари сарватҳои маҳдуди иктисодӣ, аз ҷумла, неруи корӣ истифода баранд. Идоракунӣ яке аз воситаҳои асосии истифодаи қонунҳои умумӣ ва махсуси иқтисодиёт мебошад, ки фаъолияти кормандонро барои ноил шудан ба сатҳи баланди самаранокии истеҳсолот ва ҳадафҳои ниҳоии фаъолияти иктисодӣ ҳидоят мекунад.
Идоракунӣ чор қонунмандии хоси худро дорад:
— ягонагии низоми идоракунӣ;
— мутаносибии истеҳсолот ва идоракунӣ;
— мутамаркиз кардан ва идоракунии ғайримарказӣ;
— мутобиқ кардан ва ҳамоҳангсозии низомҳои идоракунанда ва идорашаванда.
Менеҷменти педагогӣ хусусиятҳои махсус дошта, аз идораи дигар муассисаю ташкилотҳо фарқ дорад. Он маҷмуи принсип, метод, шаклҳои ташкил ва роҳу усулҳои идораи раванди таҳсилот аст, ки ба такмили сифати он равона карда шудааст.
Барои ҳар як сарвари мактаб зарур аст, ки тамоюлҳои рушду инкишоф, раванди таълиму тарбияи мактабро сари вақт дарк намуда, тамоми фаъолияти мактабро мунтазам омӯхта, иттилои дуруст ва амиқро ба даст оварда, онро таҳлил кунад ва хулосаи даркорӣ барорад. Аз ин рӯ, барои раҳбарияти муассисаи таълимӣ идора ва системаи назорати дохилимактабӣ ниҳоят зарур аст. Он назорати ҷараёни таълиму тарбия, муайян кардани мақсад, мазмун, тарз ва воситаҳои санҷишро дар бар мегирад. Баъди доир намудани тадбире зуд натиҷаашро таҳлил кардан ба мақсад мувофиқ аст, то ки пеши роҳи ғалату норасоиҳо гирифта шавад.
Сурайё ШЕРДИЛОВА,
омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи ДҶТИБКСМ
