Асоси фанҳои дақиқро математика ташкил медиҳад ва беҳтар кардани таълими ин фан хеле зарур аст. Хеле афсӯс, ки қисме аз шогирдон ба омӯзиши математика шавқу завқ надоранд ва онро фанни “мушкилу дилгиркунанда“ мешуморанд. Ин ҳолат якчанд сабаб дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки хонанда то ба ҳол аҳаммияти математикаро дар ҳаёти ояндаи худ дуруст дарк накардаасту падару модар ҳам ба ин масъала эътибори ҷиддӣ зоҳир накардаанд. Дуюм, ин фан аз тарафи омӯзгор “мушкилу дилгиркунанда“ таълим дода шуда, он ба ҳаёт ва зиндагии ҳаррӯзаи хонанда кам вобаста карда мешавад. Хонанда аз формулаву теорема, қоидаву қонунҳо, графикҳову ҳисобкуниҳои бисёр монда мешавад.
Аммо агар омӯзгор соҳибтаҷрибаю эҷодкор бошаду дарсро шавқовар ва равшану дастрас баён намояд ва назарияро ба амалия вобаста созад, шогирдон ин фанро дӯст медоранд. Ин гуна устод дар давоми дарс ва берун аз он ҳар як хонандаро омӯхта, барои инкишофи қобилияти эҷодии онҳо замина мегузорад ва дар дилашон меҳру муҳаббати фанни математикаро ҷойгир мекунад. Хонандагоне ҳастанд, ки дар онҳо бештар зеҳни мантиқӣ – риёзӣ инкишоф ёфтааст ва зарур аст, ки ин қобилияти онҳоро омӯзгор ривоҷу равнақ диҳад. Онҳо ҳисоб кардан, ҳал кардани ҳар гуна масъалаҳо, бозиҳои риёзиро дӯст медоранд, ба чистону муаммоҳои математикӣ бештар мароқ зоҳир менамояд ва мафҳумҳои математикиро медонанд.
Солҳои зиёд аст, ки шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара бо донишҳои хуби математикӣ ва фанхои дақиқ дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур гаштаанд. Чунки барои тарбияи ин хонандагон омӯзгорони соҳибтаҷриба, муассисаҳои дорои шароити хуб ва падару модарони ғамхор мусоидат мекунанд. Таҷрибаи МҒД “Мактаби зеҳнии ТОРУАН – Маҳмудова” ва дигар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара нишон медиҳад, ки барномаҳои таълимии мо ҳамаи заминаҳоеро доранд, ки шогирдонро ба ҳадди кофӣ ба дошишҳои зеҳнию маънавӣ мусаллаҳ созанд. Дар муассисаи мо ба масъалаи таълим ва тарбияи босамари тафаккури математикии хонандагон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба ғайр аз дарсҳои асосӣ чорбиниҳои зиёди беруназсинфӣ аз фанни математика ташкил карда мешавад. Мунтазам озмунҳои “Ҳисобдони беҳтарин”, “Истеъдоди ман”, “Моделсози беҳтарин», “Кори лоиҳавии беҳтарин аз фанни математика “, “Илм — фурӯғи маърифат”, олимпиадаи фаннӣ баргузор мешаванд, ки дар онҳо хонандагон фаъолона иштирок мекунанд. Таҷрибаи дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ баъзан дар дарсҳои забони русӣ ва англисӣ омӯхтани мавзуъҳои фанни риёзӣ бо ин забонҳо афзалияти худро нишон дода истодааст. Инчунин, хонандагон ҳафтае ду бор дарси математикаро дар синфи технологияи иттилоотӣ мехонанду мисолу масъалаҳоро дар компютер ҳал мекунанд. Мо мақсад гузоштаем, ки хонандагони синфҳои якум ва дуюм ҷадвали зарбу каратро зудтар аз худ намоянд. Хонандагони синфҳои 3-5 аз усулҳои ҳисоби математикӣ бе истифодаи қаламу коғаз ва калкулятор истифода бурда тавонанд. Имсол дар озмуни “Истеъдоди ман” ва “Моделсози беҳтарин” 112 нафар хонандаи боистеъдод иштирок доштанд. Боиси хурсандист, ки қариб нисфи онҳо ба фанҳои табиӣ, дақиқ ва техникӣ таваҷҷуҳ доранд. Аз онҳо 16 нафар қобилияти моделсозӣ, 24 нафар иҷрои таҷрибаҳои физикӣ ва химиявӣ, 8 нафар рассомӣ ва нақшакашӣ ва 5 нафар иҷрои муаммои мураккаби математикиро намоиш доданд. Таълими салоҳиятнок ба усулҳои гуногун амалӣ гардонида мешавад, ки яке аз онҳо пешниҳоди лоиҳаҳо мебошанд.
Барои хонандагони мо иҷрои лоиҳаҳо доир ба мавзуи “Даромад ва хароҷоти оилаи мо дар як моҳ”, “Бо ҳазор сомонӣ аз бозор 10 маводи хӯрокиро барои оила харидорӣ намоед”, “Нақшаи ҷойгиршавии хонаҳо ва иншооти ёрирасон дар ҳавлии мо”, “Сохтани коғазқутиҳо барои меваву сабзавот, ки шакли призмаву пирамида доранд” ва ғайраҳо хеле шавқовар буд.
Мавзуи таълиму тарбияи тафаккури математикӣ ва техникӣ, дарёфт ва рушди хонандагони дорои истеъдоди математикӣ доимо ҳам аз ҷиҳати назарӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ диққати олимон ва омӯзгоронро ба худ ҷалб кардааст. Барои ояндаи кишвар ҳам камолоти зеҳнӣ ва ҳам камолоти маънавии ҷавонон муҳим аст.
Даргоҳи аслии маърифати зеҳнӣ муассисаи таълимист. Маҳз муассисаи таълимист, ки ба инсон аз ҳамаи манбаъҳои ҳаёт асосҳои донишро медиҳад. Ӯро ба дарки дурусти зиндагӣ, интихоби пешаи оянда омода мегардонад. Ҳоло тамоми системаи маорифи ҷумҳурӣ ба усули фаъоли таълим ва салоҳиятнокӣ гузаштааст. Чоп шудани китобҳои нави дарсӣ, маводи таълимии “Роҳнамои фаннӣ”, бозомӯзии омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос, тағйиру иловаҳо ба барномаҳои таълимӣ, нашри маводи методӣ барои иҷрои ин мақсади асосӣ равона карда шудааст. Дар ҳақиқат, бисёр ҳодисаҳои табиатро бо ёрии забони математикӣ баён кардан мумкин аст. Забони математикӣ аз забони гуфтугӯии ҳаррӯзаи мо бо он фарқ мекунад, ки он забони хеле осон барои кӯтоҳу дақиқ баён кардани мафҳумҳои гуногун ва вобастагиҳо дар ҳамаи фанҳо мебошад… Он забони илму техника ва забони байналхалқӣ ҳам мебошад.
Онро дар тамоми дунё мефаҳманд. Дар замони имрӯза математика дар пешравии фанҳои табиӣ ва гуманитарӣ ҳиссаи арзанда дорад. Бисёр кашфиёти бузург дар соҳаи фанҳои табиӣ маҳз бо усулҳои математикӣ ба даст оварда шудаанд. Ғайр аз ин, ҳоло дар бисёр давлатҳои пешрафта барномаи “Математика барои ҳама” амалӣ шуда истодааст. Мақсади ин барнома он аст, ки хатмкунандаи муассисаи таълимӣ ва мутахассиси оянда бояд соҳиби тафаккури математикӣ бошад. Айни замон зарур дониста намешавад, ки хонанда тамоми формулаю теоремаҳои математикиро аз худ карда бошад, балки бо усулҳои тафаккури математикӣ дар дигар фанҳо ва ихтисосҳо кори худашро пеш барад. Математика тафаккури мантиқиро дар инсон инкишоф медиҳад. Тафаккури математикӣ раванди дониста гирифтани хосиятҳои умумию муҳимми ашёи муҳити атрофу ҳодисаҳо, алоқа ва муносибатҳои байни онҳо мебошад. Омӯзиши математика зеҳни хонандаро такомул дода, ҷаҳонбиниашро васеъ мекунад. Математика дар хонандагон дақиқкорӣ, масъулиятнокӣ, вазифашиносӣ, покизакорӣ ва боинтизомиро тарбия мекунад.
Таҷрибаи кори муассисаҳои пешқадам нишон медиҳад, ки барномаҳои таълимии мо ҳамаи заминаҳоеро доранд, ки шогирдонро ба ҳадди кофӣ ба донишҳои зеҳнию маънавӣ ва математикӣ мусаллаҳ созанд. Гап танҳо сари сифати таълим, сифати дониши ҳосилкардаи шогирдон ва муносибати эҷодкоронаи омӯзгор ба касби худ аст. Бояд дониши шогирдони мо ҳаққонӣ, мувофиқи баҳои мегузоштаи мо бошаду онҳо тавассути ин маълумот қудрати таҳлил ва дарки мантиқии воқеиятҳои рӯзро дошта бошанд.
Бобохон ҚАЮМОВ,
омӯзгор,
шаҳри Исфара
