БОЗГАШТ АЗ «БИҲИШТ» БА БИҲИШТИ ВОҚЕӢ

21-уми майи соли равон боз як гурӯҳ шаҳрвандони кишварамон, ки дар боздоштгоҳу бошишгоҳҳои муҳоҷиратии махсуси давлати Сурия нигоҳдорӣ мешуданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар хабарномаи расмӣ омадааст, ки ин гурӯҳ бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан оварда шуда, ба зиндагии осуда раҳнамун гардиданд.
…Давлати исломии Ироқ ва Шом, ки як ташкилоти ифротию террористӣ ва сохташудаи кишварҳои абарқудрати ғарбӣ мебошад, аз соли 1999 ба сифати ҷамъияти таблиғотӣ, баъд аз соли 2011 ба сифати ҷомеаи сиёсии муътариз арзи ҳастӣ намуда, дар як муддати кӯтоҳ бо силоҳҳои ҷангии сохти Амрикову Аврупо муҷаҳҳаз шуда, шаҳру вилоятҳои азимро дар қаламравҳои Ироқ ва Сурия таҳти назорати худ гирифт ва хилофати бо ном исломиеро таҳти роҳбарии Абубакр — ал — Бағдодӣ 5 майи соли 2014 эълон намуд. Ин халифаи худхонда соли 2004 аз тарафи артиши Амрико боздошт шуда, 11 моҳ дар лагери амрикоии КЭМП-Букка нигоҳдорӣ шудааст. Инчунин, иттилоъ низ ҳаст, ки гӯё Абубакр — ал — Бағдодӣ собиқ полковники артиши Ироқ дар замони Саддом Ҳусейн буда, Донишгоҳи шаҳри Бағдод ба номи Саддом Ҳусейнро дар риштаи улуми исломӣ хатм кардааст ва ному насаби аслияш Иброҳим Аввод Иброҳим Алӣ ал-Бадрӣ мебошад.
Баъд аз ҳузур ва дар замони мавҷудияти худ ин гурӯҳи террористӣ ва пайравони он бо қоидаҳои асримиёнагӣ, ки зидди фарҳангу маънавият, илму маърифат ва асолати миллӣ равона шуда буд, зулму ситамҳои вахимро болои инсонҳо раво донистанд.
Ин гурӯҳҳои террористӣ бо баҳонаи пайравӣ аз дину мазҳаб мактабу маорифро макрӯҳ, илму маърифатро мамнуъ, ҳунару мусиқиро ҳаром, ҳуқуқҳои инсониро поймол ва занону духтаронро ба мисли асрҳои миёна бардаву ғулом гардонида, ҳуқуқҳои фитрии инсонҳоро ба таври комил поймол мекарданд. Дар минтақаи таҳти ҳокимияти террористони доишӣ ҳеҷ зан ё духтар ҳуқуқи маънавии интихоби касб, ҳунар, хондану аз бар намудани илм ва ҳатто имкони интихоби шавҳари худро, ки як бахши асосии зиндагию умри инсонӣ мебошад, надошт.
Ин гурӯҳҳои террористӣ аз тариқи таблиғоти интернетӣ, ваъдаҳои зиёду тахайюлӣ, «ҷаннати ҷовидону биҳишти барин» ва зиндагии борифоҳ дар рӯи заминро дар марҳилаи солҳои 2011-2015 ба инсонҳои сустирода ваъда намуда, аз 103 давлати дунё ба минтақаи Сурия ва Ироқ одамонро ҷалб намуданд. Террористон одамонро вобаста ба зеҳну шуурашон таҳти таблиғоти мағзшӯёна карор дода, инсонҳоро аз ҳолати маъмулӣ хориҷ ва ба марҳилаи кинаву кудурат ва ҷангу ҷидол ворид менамуданд. Баъд аз ин барои шаҳрвандоне, ки аз рӯи ҳавову ҳавас ба ин гурӯҳҳои террористӣ шомил шуда буданд, тамриноти низомӣ дода, истифодаи силоҳ, таҳаррукоти ҷангӣ ва қатлу кушторро меомӯзониданд.
Аз ин тариқ, гурӯҳҳои террористӣ дар қаламравҳои Ироқ ва Сурия қатлҳои дастаҷамъии одамонро анҷом дода, аз ҳисоби занону кӯдакони ақаллиятҳои мазҳабӣ дар ин қаламрав бозорҳои ғуломфурӯшӣ бунёд намуданд. Махсусан, пайравони мазҳаби шиа ва курдҳои язидӣ аз тарафи гурӯҳҳои террористӣ ба таври ваҳшиёна азияту озор додаву мардони онҳо ба қатл расонида шуда ва занону духтаронашон ба канизӣ ва ғуломӣ гирифта мешуданд. Бозорҳои бардафурӯшӣ дар замони ҳузури террористони ДОИШ дар шаҳрҳои Риққа ва Мавсил пайдо шуда, занону духтаронро вобаста ба синну сол, ҳусну ҷамол, бокира ё ғайрибокира буданашон ба фурӯш мегузоштанд.
Амалкарди гурӯҳҳои террористиро дар Ироқу Сурия коршиносони ҳуқуқи инсон ва низоъшиносони байналмилалӣ бадтарин навъи муносибат бо инсон дар таърихи муосир унвон намудаанд. Террористони ДОИШ ҳатто инсонро зинда ба оташ кашида, кӯдаконро дар қафасҳои оҳанин гирифта, зери об ба ҳалокат мерасониданд.
Ин гурӯҳҳо, ки арзишҳои инсонию миллӣ, фарҳангию маънавиро барои худ душман медонистанд, ҳар касеро, ки онҳоро ба раҳму шафқат, илму маърифат ва сулҳу салоҳ даъват мекард, ба қатл мерасониданд. Маҳз ин террористон яке аз донишмандони ҷаҳоншумул, муҳаққиқи варзидаи ҳунари меъмории шаҳри бостонии Палмира Холид Асадро, ки барои фарҳанги башарӣ корҳои мондагори илмӣ анҷом дода буд, дар 82 — солагияш ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд.
Исломи ноб, Қуръони карим, аҳодиси набавӣ ва мазҳаби ҳанафӣ куштани як мӯрро, ки ба инсон озор нарасонад, манъ карда, қатли як инсони бегуноҳро ба қатли кулли инсониятбаробар донистааст. Ҳатто дар замони ҷангҳои оғози ислом ва халифаҳои он ҳамеша занону кӯдакон, пирон, асирони ҷангӣ ва афроди ғайринизомӣ ҳамеша дар амон буданд, вале пайравони ДОИШ ба исми Худову расул занону кӯдаконро ба қатл расонида, ваҳшатро бар ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон доданд.
Ҷаҳолату торикӣ ва манқуртизм дар миёни террористони доишӣ ба ҳадде боло гирифт, ки арзишҳои исломию қуръонӣ ва динию мазҳабӣ як тараф, ҳатто эҳсосоти инсониро гум карданд.
Ин раванд ба мисли як маризии мафкурахӯр ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки барои шикасти терроризм иқдом намуданд. Баъд аз шикасти гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишварҳо ва кушта шудани аксари сарбозонашон, занону кӯдакони худи террористони ДОИШ бесоҳиб монданд ва дар урдугоҳу бошишгоҳҳои махсус нигоҳдорӣ мешуданд.
Аксари кишварҳои ҷаҳон ҷиҳати муқовимат бо терроризм ва дарси ибрат шудан барои дигар шаҳрвандон аз баҳри табааҳои худ гузаштанд. Ва ё шаҳрвандонашонро барои солҳои дароз ба маҳбас кашида, қисми зиёдро ҳукми қатлу ҷазои абад муқаррар намуданд. Вале кишвари Тоҷикистон, таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлатамон ин шаҳрвандонро, ки аксаран бо роҳи фиреб ба ин майдонҳои ҷанг кашонда шуда буданд, афв намуда, ба Ватан, ба оғӯши гарми хонадони худ бозгардониданд.
Агар ба таври дигар бигӯем, ин шахсон занону кӯдакони террористоне ҳастанд, ки барои расидан ба «биҳишт» ба майдонҳои ҷанг рафтаву дар набардҳо нобуд шуданд. Аксари ин кушташудаҳо, ҳатто кафану ҷаноза нашуда, қабр низ надоранд. Гузашта аз ин, занону кӯдакони онҳо ғарибу овора гардида, зери зулму шиканҷаи гурӯҳҳои террористӣ монда, бо ҷаҳолати зиёд манбаи таскини шаҳвати террористони бедиёнат мегардиданд.
Ниҳодҳои марбути Созмони Милали Муттаҳид ва Дидбони ҳуқуқи башар занон ва кӯдаконро баъд аз таҳқиқу бозрасӣ бегуноҳ ҳукм намуданд ва то андозае онҳоро қурбониёни ҷангҳои мазҳабӣ донистанд.
Дар чунин вазъияти пурдаҳшат занон бо кӯдаконашон аз «биҳишт»-и тахайюлӣ безор шуда, орзуи омадан ба оғӯши Ватани маҳбубамонро мекарданд. Ҳатто хору хаси Ватанро аз қасрҳои Ироқу Сурия боло медонистанд.
Ба пиндори банда, сабақҳои сарнавишти пурдаҳшати ин шахсон моро водор менамояд, ки қабл аз ҳар тасмим на як рӯзу як сол, балки андешаи ояндаи зану фарзандонро дошта бошем, зеро пайравӣ аз таблиғоти террористон инсонро ба куштан ва зану фарзандашро ба ғуломию бардагӣ мебарад. Пас, бузургтарин ҳадяи тақдирро, ки Ватани соҳибистиқлолу босубот аст, бояд бишиносем ва ба ҳастияш шукргузор бошем, зеро танҳо Ватан аст, ки моро мепазирад ва дар оғӯшаш бузург месозад, чунон ки ин занону кӯдаконро ҳеҷ як давлат напазируфт. Танҳо Тоҷикистон аст, ки онҳоро соҳибӣ кард ва бо оғӯши боз ба сӯи худ хонд.
Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
сардори Маркази таҳсилот
ва инноватсияҳои китобдории Китобхонаи миллии Тоҷикистон