МОҲИЯТИ ИЛМИИ ТЕРРОРИЗМ

Калимаи “террор” лотинӣ буда, маънои даҳшат, ҳаросро дорад. Калимаҳои англисии “террор” ва фаронсавии “террорист” низ ҳамин маъноро дорад. Мафҳуми террор аз ҷониби Арасту барои ишора намудани навъи махсуси даҳшат, ки бинандагони фоҷиаро дар театри юнонӣ фаро мегирифт, ҷорӣ шудааст.
Дар охирҳои асри XVIII якобинчиёни Фаронса мафҳуми “террорист” ва “терроризм”-ро нисбат ба худ, вале ба маънои мусбат истифода мебурданд. Аммо дар ҷараёни Инқилоби бузурги Фаронса калимаи “террорист” мазмуни таҳқиромез пайдо намуда, ба муродифи калимаи “ҷинояткор” табдил ёфт. Солҳои 70-уми асри XX ин истилоҳ маънои универсалӣ пайдо кард ва акнун барои ифодаи зӯроварии ангезанок истифода бурда мешавад.
Вале терроризм ва террористон хеле пештар аз пайдоиши ин истилоҳот падид омаданд. Ба ҳар ҳол, гуфтан мумкин аст, ки терроризм ҳамчун зуҳуроти оммавии иҷтимоию сиёсӣ дар охирҳои асри XV пайдо шудааст. Баъзе муҳаққиқони терроршинос пайдоиши онро бо оғози Инқилоби бузурги Фаронса дар соли 1789 рабт медиҳанд. Он вақт аввалин бор терроризм ҳамчун усули амалиёти сиёсӣ ба сифати равиши зӯроваронаи ҳалли масоили сиёсӣ рӯи кор омада, аз тарафи инқилобчиёни тундрав барои нобуд кардани рақибони сиёсӣ истифода бурда шуд. Дар охири асри XX терроризм ба омили хеле тавонои ҷиноятӣ мубаддал гашт ва аҳаммияти ҷаҳонию байналмилалӣ касб намуд.
Бисёре аз муҳаққиқон бар онанд, ки фаъолияти сохторҳои террористӣ фақат мақсади сиёсӣ дорад. Г. Нонлау чунин мешуморад, ки терроризм навъи махсуси мубориза аст, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ кӯшиш мекунад мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро бо зӯроварӣ ё таҳдиди истифода аз зӯроварӣ барои амалҳои муайян маҷбур намояд.
Назарҳои гуногуни донишмандон ба табиати терроризм дар таърифоти мухталифи он инъикос меёбанд. Масалан, яке аз муҳаққиқони терроризм У. Лакер, зимни баррасии табиати он менависад, ки терроризм сабабу зуҳуроти зиёде дорад, ки бо анъанаҳои маданӣ, сохтори иҷтимоии ҷамъият ва хусусиятҳои дигари кишварҳои гуногун муайян карда мешаванд.
Моҳи сентябри соли 2003 дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Шурои Аврупо экстремизм ҳамчун “шакли фаъолияти сиёсие” таъриф ёфт, ки “ба таври мустақим ё ғайримустақим принсипҳои демократияро инкор карда, ба идеология ва амалияи таҳаммулнопазирӣ, бегонагӣ, ксенофобия, антисемитизм ва миллатгароии гузаро асос ёфтааст.
Бо вуҷуди он ки истилоҳи “экстремизм” ба тозагӣ дар илм ҷорӣ шудааст, аввалин нишонаҳои он дар ҷомеаи ибтидоӣ, дар замонҳои оғози ҷомеаи инсонӣ падид омадаанд.
Аввалин бор онро дар оғози асри XX ҳуқуқшиноси фаронсавӣ М.Лерой истифода бурдааст. Вай ҷонибдорони ҳизбҳои сиёсиеро экстремист меномид, ки кӯркӯрона, ҳатто мутаассифона, ба идеалҳои сиёсии худ бовар доштанд, яъне он вақт экстремизмро, пеш аз ҳама, бо фаъолияти сиёсӣ иртибот медоданд.
Тамоми таърихи инсоният бозгӯи он аст, ки қариб ҳама халқҳои ҷаҳон бо вазъияту зуҳуроти экстремалӣ дучор шудаанд, аз ин лиҳоз, экстремизм на барои Тоҷикистон ва на барои кулли ҷаҳон зуҳуроти тоза нест.
Терроризм ва экстремизм зери ниқобҳои гуногун ҷилвагар мешаванд ва бархе аз ин ниқобҳо дар назари нахуст, тамоман бо онҳо иртибот надоранд. Зимнан, ин зуҳурот чунон серпаҳлу ҳастанд, ки дар онҳо ҷузъҳои идеологӣ, динӣ, этникӣ ва бисёр паҳлуҳои дигар вуҷуд доранд.
Дар адабиёти муосири Ғарб беш аз сад таърифи терроризму экстремизм вуҷуд дорад. Ба гуфтаи А.В.Змеевский ва В.Е.Тарабрин, терроризм ва экстремизм зуҳуроти мураккаб, тағйирпазир ва серпаҳлу мебошанд.

Суханорои МУРОДБЕК,
мураббияи кӯдакистони №16,
ноҳияи Ёвон