«ОМӮЗГОР» ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Дар шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор мудири шуъба пешниҳод намуд, ки ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 рафта, бо раванди таъмиру тармим ва омодагиҳо ба соли нави таҳсил шинос гардем. Дар саҳни таълимгоҳ бо сарвари он, бонуи серкору серташвиш Зулфия Солиҳова, ки таҷрибаи зиёди педагогӣ дорад, вохӯрдему вай моро ба дохили бино ҳидоят намуд. Муаллима гуфт, аз соли 1986 дар мактаби мазкур ба хонандагон аз фанни география сабақ омӯзонда, ҳамзамон, ба таълиму тадриси хонандагони синфҳои ибтидоӣ машғул аст.
Моҳе қабл сарварии таълимгоҳро ба зиммааш вогузор намуданд. Ба таъкиди номбурда, бинои таълимгоҳ соли 1957 бунёд гардида, куҳнаву афсурда гардидааст ва ба талаботи замон посухгӯ намебошад.
-Ҳоло омӯзгорон дар ҳамдастӣ бо сокинони деҳа ба рангу бор ва таъмиру навсозии синфхонаҳо машғуланд,- тавзеҳ медиҳад З.Солиҳова ва меафзояд, ки аз 14 синфхона 4-тояш ба таври мукаммал таъмир шуда, дар дигар синфхонаҳо ин раванд бо маром идома меёбад.
Воқеан, бинои мактаб барои 280 нафар дар як баст сохта шуда, айни ҳол дар он 778 нафар таҳсил мекунанд. Ҷойи нишаст намерасад. Дар тӯли зиёда аз 60 сол бино ё синфхонаи изофие сохта нашудааст.
Ба таъкиди сарвари мактаб, тибқи нақша-чорабиниҳо ба муносибати таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ, сохтмони бинои нави муассиса дар назар аст.
-Мо аз робитаи доимӣ ва дастгирии сокинони деҳа, соҳибкорони ҳимматбаланд ва раиси АВО Фахриддин Ниёзов хеле миннатдорем,- мегӯяд З.Солиҳова ва илова мекунад, ки дар корҳои ободонӣ ва таъмиру тармими таълимгоҳ соҳибкорон Рустам Саидов, Раззоқ Саидов, Баҳриддин Солиҳов, Олим Камолов, Фаридун Ҷомиев, Ҳаким Усмонов ва дигарон саҳми шоиста мегузоранд. Аз ҷумла, чанде қабл соҳибкор Баракатулло Камолов мактабро бо 240 адад мизу курсӣ таъмин намуд. Мактаб дорои 23 адад компютер, 2 адад тахтаи электронӣ мебошад, вале аз теъдоди компютерҳо танҳо се адад мавриди истифодаи хонандагон қарор дораду бас. Дар хусуси иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ сухан ронда, сарвари таълимгоҳ иттилоъ дод, ки хонандаи синфи 11 Муҳиба Раҷабова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни биология сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Хонандаи синфи 9 Шоҳсанам Холмуродова дар олимпиадаи сатҳи минтақавӣ аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи дуюм ва хонандаи синфи 7 Юсуф Назиров аз фанни математика ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд. 27 нафар довталаб аз муассисаи таълимии мазкур дар озмуну олимпиадаҳо ширкат намуданд. Мактаб бо 97 дарсад китобҳои дарсӣ таъмин буда, дар китобхонаи он 3724 нусха китоби бадеӣ мавҷуд аст. Соли ҷорӣ синфи 9-ро 92 нафар ва синфи 11-ро 67 нафар хатм намуда, тариқи ММТ 29 нафар аз қайд гузаштанд. Дар умум, 36 нафар ба коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар дохил шуданд. Ду нафар дар Олмон, се нафар дар Федератсияи Россия ва ду нафар бо ихтисоси низомӣ ба макотиби олии ин кишварҳо дохил гардиданд. Соли гузашта 8 нафар хонанда дар мактаб гирандагони стипендияи Президентӣ маҳсуб шуда, имсол 5 нафар ба озмуни стипендияи мазкур пешниҳод гардидаанд.
“ЛОЛА”-И ҲАМЕШАСАБЗ
Вақте ки мо ба ширхоргоҳ — кӯдакистони №8-и шаҳри Ҳисор ворид шудем, дар саҳни он тарбиятгирандагон бо ҷӯшу хурӯш ва шавқи беинтиҳо ба оббозӣ дар ҳавзҳои махсус машғул буданд. Ғайр аз ин, бо гурӯҳҳои алоҳида мураббиён бозиҳои гуногунро ба роҳ мемонданд. Тавре ба мо иттилоъ доданд, ба кӯдакистон тарбиятгирандагон аз дусолагӣ қабул карда мешаванд. Ҳоло дар ин муассиса 6 гурӯҳ мавҷуд мебошад. Маъмурияти кӯдакистон ба нақша гирифтааст, ки боз ду гурӯҳи дигарро вобаста ба талаботи сокинони шаҳр таъсис диҳад. Бинои кӯдакистон наву замонавӣ буда, дар ҳуҷраҳои он барои ҳар як гурӯҳ шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Гурӯҳҳо бо мизу курсӣ, ҷевонҳо, бозичаҳои ҳарранга ва васоити гуногуни аёнӣ таъмин мебошанд.
Аз телевизорҳои васеъэкран тарбиятгирандагон намоишҳои пурмуҳтаво ва филмҳои бачагонаро тамошо мекунанд. Ҷойи хоби кӯдакон салқин буда, бодгона (кондитсионер)-ҳо ҳаворо муътадил нигоҳ медоранд. Дар ҳар як гурӯҳ 30-36 нафар тарбиятгиранда ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. Ба кӯдакон мураббияҳо (6 нафар) ҳафтае се бор забонҳои русӣ ва англисиро меомӯзонанд. Ду нафар омӯзгор тариқи шартнома ба тарбиятгирандагон аз суруду мусиқӣ машғулият карда, ба онҳо навохтани пианино, доира, таблак, нақора ва дигар созҳои мусиқиро ёд медиҳанд. Ба ҷуз васоити таълимӣ ва барномаву дастурҳо, мураббияҳо ҳангоми ба роҳ мондани машғулиятҳо аз китобҳои методии Т.Девоншоева — “Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ…”, Н.Мирхонова — “Намунаи машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ барои кӯдакони синни томактабӣ”, Бибиҳафиза Маҷидова — “Педагогикаи томактабӣ” ва ғайра истифода мекунанд. Боиси хурсандист, ки соли равон мураббияи кӯдакистон Фариза Ғафурова дар даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол” иштирок карда, пирӯзӣ ба даст овард.
Сурайё Солиҳова – мудири ширхоргоҳ — кӯдакистони №8-и “Лола” зикр намуд, ки робитаи кӯдакистон бо волидони тарбиятгирандагон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи ҳамин ҳамкорию кумаки волидон мебошад, ки бо ибтикори ватандӯстонаи соҳибкор Нурулло Ҳусейнов чоҳи амудии замонавӣ бунёд ва кӯдакон бо оби нӯшиданӣ таъмин карда шудаанд. Ҳамасола дар таъмиру тармими кӯдакистон соҳибкорони маҳаллӣ Нуралӣ Пиров ва Алишер Ҳусейнов дасти мадад дароз менамоянд. Бояд хотиррасон кард, ки бо раҳбарии мураббияҳо тарбиятгирандагон дар маҳфилу чорабиниҳои гуногуни идонаи ноҳиявӣ фаъолона иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд. Либосҳои идонаро худи мураббияҳо дӯхта, вобаста ба синну соли кӯдакон омода месозанд.
Хулоса, вазъи кунунии таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаи томактабии “Лола” аз он мегӯяд, ки дастоварду комёбиҳои он бо талошу иродаи мураббияҳо афзунтар хоҳад шуд.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
Салима МӮСОЕВА,
“Омӯзгор”