ҲАДАФҲОИ ПЕШГУЗОШТАИ СТРАТЕГИЯ ИҶРОШАВАНДААНД

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»-ро бо мақсади амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф, ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, мутобиқ намудани фаъолияти низоми маорифи кишвар ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот, таҳкими заминаи ҳуқуқии рушди бомароми соҳаи маорифи мамлакат таҳия намудааст.
Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 аз 5 боб ва 231 модда иборат мебошад, ки дар асоси нақшаҳои миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023, 2024-2026 ва 2027-2030 татбиқ мегардад.
Инчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки замимаи 1-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023 аз 5 боб, чорабиниҳои ба нақшагирифташуда 147 бандро дар бар гирифтааст.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи протоколҳои ҷаласа гурӯҳи кории назди муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.03.2023, №01/2, 11.05.2022 №12, 14.06.2022, №14 14.07.2022 №20, 03.08.2022 №21, 09.11.2022 ва дар соли 2023 10.01.2023 ва 03.05.2023, №11, дар маҷмуъ 8 бор баррасӣ гардида, ҳар як раёсату шуъбаи дахлдор муваззаф гардиданд, ки оид ба иҷрои бандҳои стратегияи зикргардида чораҳои зарурӣ андешида, аз корҳои анҷомдодашуда маълумоти таҳлилӣ, асоснок, дақиқ ва мушаххас ба раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм манзур созанд.
Дар хусуси рафти иҷрои «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526), Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023) сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода чунин изҳор дошт:
Оид ба банди 1. Бо дастгирии давлату ҳукумат дар муқоиса ба панҷ соли охир дар зинаи таҳсилоти томактабӣ аз лиҳози таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таъсис ва барқарорсозии муассисаҳои таълимӣ, афзоиши фарогирии теъдоди кӯдакон, таҳкими пояи кадрӣ ва моддию техникӣ чандин баробар боло рафта, сифати нигоҳубин, таълиму тарбия рӯ ба беҳбуд ниҳодааст.
Бахусус, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак (аз таваллуд то 7(6) — солагӣ), Низомномаи намунавии муассисаи таълимии томактабӣ, Барномаи тарбия, таълим ва инкишофи кӯдакони синни томактабӣ «Рангинкамон»”, Барномаи кӯтоҳмуддати омодагии кӯдакони 5-7(6) — сола ба мактаб (барои 3 моҳ), Барномаи омодагии пешазмактабии кӯдакони 5-7(6) — сола» (барои 9 моҳ), Барномаи таълимӣ-тарбиявии Маркази инкишофи кӯдакон ва Барномаи омода намудани кӯдакони 6-7 — соларо ба таҳсил дар синфи 1 (бо давраи таълимии якмоҳа) ва як қатор дастурҳои методию таълимӣ қабул гардиданд, ки заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди зинаи таҳсилоти томактабиро муайян менамоянд. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ имкон медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи ин зина беҳтар гардида, ҳар чӣ бештар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Бо мақсади фароҳам овардани имконоту шароити фаро гирифтани кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи сеюм аст, ки «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» (аз 22 июни соли 2019, №316) қабул гардид, ки дастрасии таҳсилоти томактабиро барои кӯдакон таъмин намуда, ҷиҳати таъмини хидматрасонии амалию самарабахш дар муассисаҳои таълимии томактабӣ шароит фароҳам меорад.
Мутахассисон ҷиҳати таъмини иҷрои банди зикршуда корҳои зерро анҷом доданд: Кормандони Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ Л.Иматзода, Ш.Котибова ва Н. Мирхонова тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2022, №490 ва №491 оид ба иҷрои бандҳои стратегияи мазкур ва “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба гурӯҳи корӣ ворид гардида, дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар самти муайяншудаи зинаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамоянд. Тибқи банди мазкур, “Низомномаи Марказҳои инкишофи кӯдакон” таҳия гардида, ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардид.
Бо мақсади иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №490 аз 20.04.2022 оид ба иҷрои банди 1, Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мутахассисон Л.Иматзода, Ш.Котибова ва Н.Мирхонова дар ҳайати гурӯҳи корӣ “Стандарти инкишоф ва омӯзиши барвақтии кӯдак аз таваллуд то 7(6)- сола”-ро бознигариву такмил намуда, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2022, №491 “Низомномаи Марказҳои инкишофи кӯдакон” таҳия ва ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карданд.
Оид ба банди 2. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар самти томактабӣ таъмини шарикии давлат ва бахши хусусӣ маҳсуб мешавад. Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, таъмини шарикии бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027 таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Роҳҳои дигари ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи муассисаҳои томактабӣ, бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ бо ҷалби бахшҳои хусусӣ, ки ин падидаи нав дар муқоиса ба солҳои пешин рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Корҳои ободонӣ бо бахшҳои хусусӣ дар самти сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар манотиқи кишвар марҳала ба марҳала идома дорад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ 70 маркази хусусии инкишофи кӯдак ҳамчун шакли дигари фарогирии кӯдакони синни томактабӣ бо ҷалби 1562 кӯдак амал мекунад.
Ҳамчунин, айни ҳол дар ҷумҳурӣ 200 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва маркази инкишофи кӯдак, аз ҷумла, 130 муассисаи таълимии томактабӣ, 70 маркази инкишофи кӯдаки хусусӣ бо фарогирии 10593 кӯдак фаъолият менамояд, ки мувофиқан 18,6 фоизи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, 3,9 фоизи маркази инкишофи кӯдакро ташкил медиҳад.
Саҳми соҳибкорон ва умуман, сектори хусусӣ дар рушди таҳсилоти томактабӣ назаррас буда, аз 63 муассисаи томактабии дар 3 сол бунёдгардида танҳо 6 муассиса аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо боқӣ ҳама аз ҳисоби соҳибкорон сохта шудааст.
Оид ба банди 4. Дар ин маврид мутахассисони пажуҳишгоҳ хулосаву тавсияҳои хешро оид ба ворид намудани тағйирот ба меъёрҳои мавҷудаи санитарӣ-эпидемиологӣ барои таҳсилоти томактабӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод карданд.
Оид ба банди 6. Тибқи маълумоти омории дастрасгардида соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 21 муассисаи томактабӣ барои 3204 кӯдак сохта ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, дар нуҳ моҳи сипаригаштаи соли 2022 дар ҷумҳурӣ 10 муассисаи томактабӣ барои 1680 кӯдак сохта, ба истифода дода шуд. Маврид ба ёдоварист, ки муассисаҳои томактабии навсохт дар асоси талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунанда мутобиқ буда, талаботҳои зарурӣ ба назар гирифта мешаванд.
Дар ин замина, иншооти мазкур дар доираи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚС ҶТ 31-23-2021 «Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ», ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва бо фармоиши раиси кумита аз 14.12.2021 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.2022 ба қайд гирифта шудааст, сохта шудаанд.
Оид ба банди 7. Ҷиҳати беҳтар намудани такмили пояи моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Муассисаҳои томактабии ноҳияҳои Ҷайҳун ва Кӯшониёни вилояти Хатлон бо мақсади такмили вазъи моддӣ-техникии муассисаи томактабии ноҳия ҳамкориро бо волидон ва шахсони саховатпеша беҳтар намуда, муассисаҳои томактабии ноҳияро бо таҷҳизоти замонавӣ, мизу курсиҳо, тахтаҳои электронӣ, ҷевону қолинҳо ва бозичаҳо муҷаҳҳаз гардониданд.
Барои мустаҳкам намудани базаи моддӣ-техникӣ дар муассисаҳои томактабии ноҳияи Б.Ғафуров дар семоҳаи дуюми солӣ ҷорӣ баъд аз тасдиқ шудани сметаи муассисаҳо барои кӯдакон мизу курсӣ ва кати хоб харидорӣ карда шуд.
Харидории мизу курсичаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷониби шуъбаҳои маориф сурат гирифт.
Зикр кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои талаботи банди мазкур 30 адад мошинаи ҷомашӯйи харидорӣ шуда, дар муассисаҳои таълимии томактабии №№ 4, 5, 6, 8, 12, 15, 17, 31, 40, 41, 44, 45, 55, 56, 59, 64, 68, 71, 77, 78, 80, 81, 83, 85, 89, 90, 93, 110, 121 ва 149-и шаҳр насб карда шуд. Инчунин 180 кондитсионер харидорӣ гардида, дастраси муассисаҳои таълимии томактабии №№42, 46, 77, 80, 96, 112, 119, 123, 132, 136, 141, 144, 148, 150, 152, 156 ва 159-и пойтахт гардонида шуданд.
Ҳамзамон сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе соли 2021 тибқи талаботи банди мазкур 91 адад яхдони калонҳаҷм харидорӣ намуда, ба муассисаҳои томактабии №№31,42, 50, 56, 66, 68, 80, 96, 98, 113, 139, 141, 144, 148, 150, 156 ва 158-и ноҳияи Сино, №№1, 46, 64, 159 и ноҳияи Шоҳмансур, №№ 52, 53 ва 114-и ноҳияи Фирдавсӣ, №№ 3, 4, 5, 6, 8, 12, 15, 17, 40, 41, 45, 59, 78, 121,149, хонаи кӯдакони №1, муассисаи махсус барои ношунавоён, маркази кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт ва мактаб-интернати №1 дастрас карда шуд.
Дар шаҳри Турсунзода тафдон (конфорка)-ҳои хӯрокпазӣ, чангкашак, печҳои барқӣ, телевизорҳо, мошинҳои ҷомашӯйӣ, деги калони хӯрокпазӣ, радиаторҳои барқӣ харидорӣ ва аз рӯйи эҳтиёҷот ба кӯдакистонҳо дастрас карда шуд.
Дар тамоми муассисаҳои томактабии мамлакат харидории таҷҳизот, аз қабили телевизор, катҳои хоб, камераҳои мушоҳидавӣ, фиттаҳои филмҳои тасвирӣ вобаста ба вазъияти ба дастомада роҳандозӣ шуда истодааст.
Кӯдакистонҳои №№ 1, 3, 4, 6, 7, 9, 10, 11, 12, 14, 16, 19-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо оби равон ва канализатсия, кӯдакистонҳои №№ 2, 6, 8, 13, 15, 17, 18-и ҳамин ноҳия қисман бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.
Муассисаҳои томактабии №№ 1, 4, 6, 8, 9, 11, 12-и ноҳия куллан, №3 (қисман) бо гармидиҳии марказонидашуда таъмин гардиданд.
Майдончаи варзишии муассисаи томактабии №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз нав сохта шуда, сохтмони бинои илова дар муассисаҳои таълимии томактабии №8 барои 140 кӯдак омода шуда, дар муассисаи томактабии №14 низ барои 140 нафар кӯдак таҳкурсии бинои иловагӣ сохта шудааст. Дар муассисаи томактабии №11 ду гурӯҳ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дару тирезаҳои гурӯҳҳо пластикпӯш шуданд.
Ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои таъмиру тармими муассисаҳои томактабии шаҳр ҷудо кардани 3 610000 сомонӣ пешбинӣ шуда, давра ба давра муассисаҳо аз таъмир бароварда шуда истодаанд. Инчунин, барои таъмин намудани муассисаҳо бо таҷҳизоти таълимӣ 390 000 сомонӣ пешбинӣ гардида, таҷҳизот давра ба давра харидорӣ шуда истодааст.
Дар кӯдакистони №1-и ноҳияи Деваштич давоми 6 моҳ аз суратҳисоби муассиса 40 адад курсича, 5 тирезаи пластикӣ (аква), 2 адад дари пластикӣ (аква) харидорӣ шудааст. Аз сабаби фарсуда будани дару тирезаҳои бинои дуюми муассиса ба ҷойи инҳо дару тирезаҳои пластикӣ насб шудаанд.
Муассисаҳои томактабии №№1, 8, 10, 14, 15, 16, 17-и ноҳияи Спитамен бо гармидиҳии марказонидашуда таъмин шуда, дар кӯдакистонҳои №№1, 5, 7, 8, 14, 15, 16, 17 лӯлаҳои обу ташноб аз таъмир бароварда шуданд. Ҳамчунин ошхонаи кӯдакистони №8-и ноҳия аз ҳисоби маблағҳои падару модарон аз таъмир бароварда шуда, дар он обгармкунак насб карда шуд.
Бо мақсади иҷрои талаботи банди мазкур дар кӯдакистонҳои №77, 80, 81, 150 ва №156-и шаҳри Душанбе сохтмони 40 айвонча ва 16 ҳоҷатхонаи берунӣ идома дорад. Тибқи шартномаҳои тендерӣ дар кӯдакистонҳои №№77, 80, 81, 150, 156-и ноҳияи Сино корҳои сохтмонӣ барои азнавсозии 37 айвончаи бозӣ ва 10 хоҷатхонаи берунӣ идома дорад. Дар ин раванд қисман роҳравҳои ин кӯдакистонҳо таъмир карда мешаванд. Муассисаҳои томактабии ноҳияи шаҳри Душанбе ба шабакаи марказии гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст карда шудаанд. Қисман ноҳияҳои Фирдавсӣ ва кӯдакистонҳои аз тавозуни ноҳияи Рӯдакӣ ба ноҳияи Сино гузашта, дар арафаи пайвастшавӣ қарор доранд.
Бо дастгирии падару модарони тарбиягирандагони кӯдакистонҳои №1 ва №2-и ноҳияи Ҷайҳун қубурҳои хоҷатхонаҳои берунии кӯдакистонҳои номбурда бо дохили гурӯҳҳо пайваст карда шуд.
Ҳамзамон дар ноҳияи Ховалинг муассисаи томактабии “Маҳваш” бо дастгирии падару модарон аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар саҳни ҳавлӣ хоҷатхона бунёд гардид.
Дар муассисаи таҳсилоти томактабии №3 шаҳри Кӯлоб се бинои муассиса аз таъмири асосӣ бароварда, болои бомҳои бинои кӯдакистон пӯшонида шуданд.
Оид ба банди 8. Бо мақсади зиёд намудани ҷойҳо дар муассисаҳои томактабӣ қайд кардан бамаврид аст, танҳо дар соли 2020 новобаста ба вазъи эпидимеологии кишвар 12 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар соли 2021 барои 3045 ҷой барои кӯдакон 21 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Тибқи маълумоти омории дастрасгардида соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ сохтмони 21 муассисаи томактабӣ барои 3204 кӯдак то ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Мавриди ёдоварист, ки муассисаҳои томактабии навсохт ба меъёру қоидаҳои сохтмонии амалкунанда мутобиқ буда, талаботҳои зарурӣ ба назар гирифта мешаванд.
Оид ба банди 9. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2020, №526 “Дар бораи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо фармоиши вазири маориф ва илм аз 31.12.2020, №2567 тасдиқ гардидааст, ба сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мактуб ирсол намуда, талаб карда шуд, ки ҷиҳати ба низоми таҳсилоти томактабӣ бозгардонидани биноҳои ғайримақсаднок истифодашаванда ва баҳодиҳии ҳолати ин биноҳо ба прокуратураи маҳалли зисташон муроҷиат намуда, аз натиҷаи корҳои дар ин самт баанҷомрасонида ба вазорат маълумот ирсол намоянд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 696 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ки аз ин 26 адад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 278 адад дар вилояти Суғд, 159 адад дар вилояти Хатлон, 150 адад дар шаҳри Душанбе ва 83 адад дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият менамуд.
Бояд қайд намуд, ки тибқи мактуби сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 12 сентябри соли 2022, №379 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоми биноҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар тавозуни шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, мақсаднок истифода бурда шуда истодаанд. Ғайримақсаднок истифода шудан бинои муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба назар намерасад.
Ҳамзамон, тибқи мактуби сардори раёсати маорифи вилояти Суғд аз 13 сентябри соли 2022, №1/05-1162 айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 22 адад бинои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд — 3 адад, Гулистон — 4 адад, Зафаробод — 4 адад, Ашт — 3 адад, Исфара — 2 адад, Бобоҷон Ғафуров — 2 адад, Конибодом — 1 адад, Истиқлол — 1 адад ва Спитамен — 2 адад ғайримақсаднок истифода бурда шуда истодаанд. Аз ин миқдор 8 адад бинои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба моликияти комуналии шаҳру ноҳияҳо, бинои 6 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар тавозуни ташкилоту корхонаҳо, 4 адад бино ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 4 адад бинои дигар ба соҳибмилкон тааллуқ доранд.
Тибқи мактуби ирсолнамудаи сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 15 сентябри соли 2022, №169 дар вилоят аз 35 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз ҷумла, 8 адад кӯдакистон ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гимназия, литсейи касбии техникӣ ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдил дода шудаанд, ки аз сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда нашуда, кору фаъолият доранд.
Ҳамзамон 6 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии мавсимӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон тибқи қарори Правленияи собиқ колхозҳо ба таври нақдӣ ҳамчун моликияти шахсӣ фурӯхта шудаанд, ки ин иншоот дар тавозуни шуъбаи маорифи ноҳияи Панҷ дохил карда нашуда буданд.
Инчунин, аз ҷониби раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷиҳати бозгардонидани 21 адад бинои муассисаҳои таҳсилоти томактабие, ки фаъолияташон тағйир дода шудаанд, барои ҳамкорӣ бо прокуратураи маҳал, ба унвони раисони шаҳру ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ (12.09.2022, №646), Муъминобод (12.09.2022, №649), Вахш (12.09.2022, №651), Ҷалолиддини Балхӣ (12.09.2022, №652), Ёвон (12.09.2022, №653), Норак (12.09.2022, №654), Абду-раҳмони Ҷомӣ (12.09.2022, 655) ва Кӯшониён аз (12.09.2022, №656) мактуб ирсол карда шудааст.
Тибқи мактуби сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 20 сентябри соли 2022, №1542/4-9 айни замон 11 адад бинои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ғайримақсаднок истифода шуда, аз он 9 адад ба муассисаҳои таҳсилоти умумии буҷетӣ барои фаъолияти таълимӣ дода шудаанд. Инчунин, як қисми бинои муассисаи таҳсилоти томактабии №158 ба муассисаи таълимии хусусии «Ҳотам ва П.В.» ва 1 адади дигараш ба Нозироти андоз ва шуъбаи амнияти ноҳияи Сино барои истифода муваққатӣ дода шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки то ҳамин давра, дар асоси қарори ноҳияи Фирдавсӣ аз 16.11.2019, №245 филиали гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ, ки фаъолияти он дар бинои ширхоргоҳ – кӯдакистони №114 бо иқтидори лоиҳавии 280 ҷой пешбинӣ шуда буд, ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ баргардонида шуда, дар он зиёда аз 280 тарбиягиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Инчунин, тибқи талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 декабри соли 2019, №758 «Дар бораи азнавташкилкунии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб – интернатҳо дар шаҳри Душанбе» аз 1 январи соли 2020 фаъолияти муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №4 барои кӯдакони аз оилаҳои камбизоат», ки дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти томактабии №87, 107 ноҳияи Сино таъсис дода шуда буд, барҳам дода шуда, тибқи талаботи ҳамин қарор ба муассисаи таҳсилоти томактабӣ баргардонида шудаанд. Айни замон, ҷиҳати ба стандарти таҳсилоти томактабӣ мутобиқ гардонидани он корҳои лоиҳакашию сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, барои пешбинӣ намудани маблағи зарурӣ ба мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе дархост пешниҳод карда шудааст.
Ҳамзамон, бинои собиқ муассисаи таҳсилоти томактабии №48 ноҳияи Сино, ки дар он тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Сино ҷойгир шуда буд, моҳи декабри соли 2021 холӣ карда шуда, айни замон истифодаи минбаъди он ҳамчун муассисаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.
Тибқи мактуби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тамоми биноҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар тавозуни раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қарор дошта, мақсаднок истифода шуда истодаанд. нодуруст истифода шудани бинои муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба назар намерасад.
Оид ба банди 10. Вобаста ба банди мазкур бо дарназардошти он ки ҳалли аксари мушкилиҳои соҳа ба иҷрои талаботи бандҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 вобастагӣ дорад, аз ҳисоби мутахассисони соҳа ду гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, таҳияи асноди меъёрии ҳуқуқӣ ва таҷдиди назар намудани мазмуну мундариҷаи таҳсилоти томактабӣ оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки вобаста ба банди мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби расмӣ аз 07.12.2022 №/95/03-486 роҷеъ ба раванди иҷрои талаботи банди 10 Нақшаи миёнамуҳлати СМРМ барои давраи то соли 2025 ҷиҳати пешниҳод намудани маълумоти расмии оморӣ оид ба кӯдаконе талаботи махсус дорад ба унвони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ирсол намуд.
Оид ба банди 11. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёру қоидаҳои шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон МҚС ҶТ 35-01-2012 «Дастрасии бино ва иншоот барои гурӯҳҳои камҳаракати аҳолӣ» таҳия ва бо фармоиши раиси кумита аз 16.07.2014, №50/Ф тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.10.2014, №770 сабт шудааст. Дар мавриди лоиҳакашии сохтмони муассисаҳои таълимӣ меъёру қоидаҳои сохтмонии мазкур ба инобат гирифта мешавад.
Ҳамзамон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2021, №52 «Дар бораи Барномаи давлатии «Муҳити дастрас» барои солҳои 2021-2025» қабул гардида, дар он ниёзҳои шахсони имкноташон маҳдуд ба назар гирифта шудааст.
Оид ба банди 12. Ҷиҳати такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ва маблағгузорӣ вобаста ба гузариш ба шаклҳои нави ташкилию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти томактабӣ фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардиданд, ки то ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва маблағгузориро таҷдиди назар намоянд. Иҷрои корҳо дар ин самт идома дорад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2019, №639 “Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ дар доираи имконот ва маблағҳои пешбининамудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои зинаи томактабӣ тасдиқ гардид, ки дар натиҷаи он буҷети муассисаҳои томактабӣ нисбат ба соли 2019 32 % афзоиш ёфт.
Тибқи банди 18 — и қарори мазкур Вазорати маориф ва илм якҷо бо Вазорати молия вазифадор шудаанд, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои маблағгузории сарикасии муассисаҳои давлатии таълимиро дар сатҳи ҷумҳурӣ ягона намоянд.
Инчунин, “Дастурамал оид ба маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабӣ” омода карда шуда, дар баррасии раёсату шуъбаҳои дахлдор қарор дорад.
Оид ба банди 13. Ҷиҳати банди мазкур бояд қайд намуд, ки “Ҷадвали басти воҳидҳои корӣ ва меъёрҳо оид ба муайян намудани ҳайати кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” омода карда шуда, дар барарасии раёсату шуъбаҳои дахлдор қарор дорад.
Оид ба банди 14. Дар Оинномаи ҳар як муассисаи томактабӣ уҳдадориҳои хизматии ҳамаи кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ дарҷ шудааст ва вобаста ба замони муосир такмил дода мешавад ва барои тасдиқ манзур мегардад.
Оид ба банди 15. Соли 2021 мутахассисони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар навиштани сенарияҳо барои силсилаи филмҳои анниматсионии «Сандуқчаи зулбиё» фаъолона ширкат намуданд. Бо дастгирии Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ намоиши доимии барномаи телевизионии «Сандуқчаи зулбиё» оид ба таҳсилоти томактабӣ, ташкили дарсҳои намунавӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ба роҳ монда шуданд. Дар баробари ин, филми анниматсионии «Сандуқчаи зулбиё» ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ тарҷума шуд ва ба як қатор муассисаҳои томактабӣ туҳфа гардид.
Мутахассисони пажуҳишгоҳ дар робита ба иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави идомаи ислоҳоти соҳа, ҳамкориро бо муассисаҳои таълимии дахлдори кишвар, аз ҷумла, бо муассисаҳои таълимии томактабӣ густариш бахшида, барои дастрасии таҳсилоти босифати томактабӣ, дарёфт ва тарбияи кӯдакони болаёқат, тақвияти неруи зеҳнӣ ва ташаккули шахсияти кӯдакон бо шарикони рушд ҳамкорӣ менамоянд. Тавре ки маълум аст, «Сандуқчаи зулбиё» платформаи техникӣ буда, дастрасии бефосиларо ба таҳсилот барои кӯдакон дар Тоҷикистон таъмин менамояд. Дар моҳи апрел мутахассисон барои ифтитоҳи миллии платформаи омӯзишии “Сандуқчаи зулбиё” дар сатҳи марказию минтақавӣ дар гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд фаъолият намуда, дар коркарди барномаи таълимии миллии томактабӣ ва машғулиятҳои амалӣ андешаи худро иброз намуданд. Инчунин, дар моҳҳои май-июни соли ҷорӣ дар гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Марҳалаи I – Ифтитоҳи миллии платформа дар сатҳи марказию минтақавӣ, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Рашт, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ баргузор гардиданд, фаъолият намуданд.
Оид ба банди 16. Вобаста ба банди мазкур рӯйхати намунавии таҷҳизот ва номгӯи ҳатмии дору ва маводи истифодашавандаи тиббӣ “Барои утоқҳои тиббии муассисаҳои таҳсилоти томактабии ҷумҳурӣ”-ро новобаста ба шакли тобеият дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.07.2022, №1025 тасдиқ намуд.
Инчунин, фармоиши мазкур барои иҷро ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастрас карда шудааст.
Оид ба банди 17. Ҷиҳати иҷрои талаботи банди мазкур шуъбаҳои дахлдори илмӣ таҳқиқотии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф барномаҳои таълимии зерини таҳсилоти томактабиро бо дарназардошти махсусиятҳои кӯдакони дорои инкишофи махсус (бо норасоии шунавоӣ, биниш, халалдории инкишофи ақлонию равонӣ, рафторӣ ва эҳсосотӣ) барои мутахассисони зинаи таҳсилоти томактабӣ таҳия намуданд:
— Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни дорои томактабии талаботи махсуси таълимӣ;
— Дастури методӣ “Барои мураббиёне, ки бо кӯдакони талаботи махсуси таълимидошта фаъолият мекунанд”.
Раванди иҷрои талаботи банди мазкур идома дошта, шуъбаҳои дахлдори академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва пажуҳишгоҳи рушди маориф ба коркарди барномаҳои инфиродии таълимии дигар барои кӯдакони дорои имконоти маҳдуд машғуланд ва дар муҳлати муқарраршуда барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд барномаи таълимии таҳсилоти томактабиро бо дарназардошти кӯдакони имконоташон маҳдуд барои мутахассисони зинаи таҳсилоти томактабӣ таҳия намуда, бо қарорҳои дахлдори Шурои миллии таҳсилот ба нашр тавсия карданд. Аз ҷумла, “Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабии талаботи махсуси таълимидошта (БТП)”, “Дастури методӣ (Барои мураббиёне, ки бо кӯдакони талаботи махсуси таълимидошта фаъолият мекунанд – БТП)” .
«Қоидаи муайян намудани мазмуни таълиму тарбияи томактабӣ» ва «Тартиби дастрасии таълиму тарбияи томактабӣ барои кӯдакони дорои имконоти ҷисмонӣ ва равонии маҳдуд бо барномаҳои таълимӣ» ба забонҳои давлативу русӣ таҳия карда шуданд.
Инчунин, ходимони илмии АТТ дар конференсияҳои байналмилалӣ дар мавзӯи “Мақсад ва вазифаҳои корҳои тарбиявӣ дар мактаб-интернатҳои кӯдакони нобино ва биноияшон суст” маъруза карда, мавзуи маърузаҳо дар шакли мақола ба нашр расонида шуд.
Оид ба банди 18. Ходимони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маориф тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.2022, № 491 барномаҳои таълимии таҳсилоти томактабиро бо дарназардошти кӯдакони имконоташон маҳдуд барои мутахассисони зинаи таҳсилоти томактабиро якҷо бо гурӯҳи кории Академияи таҳсилоти Тоҷикистон таҳия менамояд. Дар гурӯҳи корӣ мудири шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ Ш. Котибова фаъолият дорад.
«Таҳия ва тасдиқи барномаҳои таълимии мутобиқшуда ва фардӣ барои кӯдакони дорои инкишофи махсус (бо норасоии шунавоӣ, биниш, халалдории инкишофи ақлонию равонӣ, рафторӣ ва эҳсосотӣ)» ходимони илмии муассиса барномаи таълимии “Барномаи тарбия ва таълими кӯдакони синни томактабии талаботи махсуси таълимидошта (БТП)” бо дарназардошти кӯдакони имконоташон маҳдуд барои мутахассисони зинаи таҳсилоти томактабӣ таҳия намуданд.
Унвонҷӯёни пажуҳишгоҳ Шодмонқул Шодмонов дар мавзуи «Ташкили ёрии психологию педагогӣ ба хонандагони хурдсоли дорои иллати шунавоӣ дар шароити МТУ дар раванди азхудкунии нутқ ва докторант Рауф Алиев дар мавзуи «Методи гузориши овозҳои забони тоҷикӣ дар дарсҳои инфиродии кӯдакони мушкилоти шунавоидошта дар мактабҳои махсус» таҳқиқоти илмӣ карда истодаанд.
Оид ба банди 19. Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои алтер-нативӣ барои курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла, оид ба масъалаҳои таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ), роҳҳои нав бо дарназардошти беҳтарин таҷрибаи байналмилалӣ, ки таҷрибаи корӣ, сатҳи таҳсилот ва неруи шунавандагон ба назар гирифта мешавад, таҳия мегарданд. Ҳамчунин барои тайёр кардани мутахассисон дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои кор кардан аз рӯи барномаҳои нави баҳри муассисаҳои таҳсилоти томактабии алтернативӣ ва инклюзивӣ таҳияшуда ва истифодаи технологияҳои муосири таълим чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо истифода аз методҳои инноватсионии фаъолияти муас-сисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ ва инкюзивӣ барномаҳои таълими курсҳои такмили ихтисоси кормандони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таҷдиди назар мешаванд. Ҳамин тариқ, мутобиқати байни талаботи тахассусӣ (сатҳи таҳсилот ва ихтисос) ва талабот ба таҳсилоти фарогири (инклюзивии) томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.
Оид ба банди 20. Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд ба шумор меравад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9897 нафар корманди педагогӣ фаъолият менамояд. Ҳарчанд муассисаҳои томактабӣ бо кадрҳои педагогӣ таъмин ҳастанд, вале дараҷаи таҳсилоти мутахассисон ба талабот ҷавобгӯ набуда, аз 739 нафар роҳбарони муассисаҳои томактабӣ 347 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 257 нафар бо таҳсилоти олии ғайритахассусӣ 19 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 39 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 30 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии ғайрипедагогӣ муассисаи таълимии томактабиро роҳбарӣ менамоянд. Инчунин, аз 9158 нафар корманди муассисаҳои томактабӣ (мушовирон, омӯзгорон, муррабиён, ёварони муррабиён) 1664 нафар бо таҳсилоти олии омӯзгорӣ, 1131 нафар бо таҳсилоти олии ғайрипедагогӣ, 530 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 1315 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 1268 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбии ғайрипедагогӣ ва 3350 нафар бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.
Таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Таҳияи Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»