Соли равон ману Ҷомӣ Бахтзода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро ва Тошканд сафар доштем.
Дар шаҳри Бухоро нахустин ҳадафамон тамошои мадрасаи Кӯкалтош ва манзили зисти устод Садриддин Айнӣ буд.
Чун ба мадраса ворид шудем, эҳсоси хубе моро фаро гирифт ва мехостем, ҳарчи зудтар хонаи устод Айниро бубинем. Дар пештоқи мадраса ҳунармандони зиёде дастранҷи худро ба фурӯш бароварда буданд. Яке кашидадӯзӣ мефурӯхту дигаре рассомӣ мекард, севумӣ дар болои лаълиҳои оҳанин кандакорӣ менамуд. Тақрибан бо 8 нафар ҳунарманд оид ба нозукиҳои корашон суҳбат кардем. Ҳамагӣ бо забони тоҷикӣ сухан мегуфтанд.
Дар он қисмати мадраса, ки устод Айнӣ зиндагӣ мекарданд, Моҳигул ном ҷавондухтаре моро пешвоз гирифта, маълумоти аҷиб дод. Устод Айнӣ дар ин мадраса ҳам таҳсил кардаасту ҳам дарс додааст.
Устод дар шаҳри Бухоро 27 соли умри худро гузарондаанд. Дар ин муддат дар мадрасаҳои Мири Араб (1890-1891), Олимҷон (1892-1893), Бадалбек (1894-1896), Ҳоҷӣ Зоҳид (1896-1898) ва Кӯкалтош (аз 1899) таҳсил кардааст. Таҳсили ӯ дар мадраса соли 1906 ба охир мерасад.
Дар қисмати мазкур 5 хона мавҷуд аст.
1. Хонаи тобистонии устод Айнӣ. Ин хона аз ду қабат ва се қисмат иборат буда, дар қабати якум ҷойи таҳорат ва дар қабати дуюм ҷойи хӯрокхӯриву хоб кардан мавҷуд аст.
2. Хонаи зимистонии устод Айнӣ. Ин хона ҳам аз ду қабат иборат буда, дар қабати якум ҷойи гузоштани маводи зарурӣ ва дар қисмати дуюм ҷойи хобу хӯрокхӯрӣ ҷойгир аст.
3. Китобхона. Дар ин китобхона китобҳо, аксҳои устод аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаёташ, аксҳои 75 чӯб задану зиндонӣ кардани ӯ мавҷуд мебошанд.
4. Синфхона. Ин синфхона ба номи Абдуррауфи Фитрат гузошта шуда, дар ин ҷо тамоми ашъори ӯ ҷамъоварӣ шудааст. Фитрат ҳам дар ин мадраса таҳсил кардааст.
5. Синфхона. Дар ин синфхона устод Айнӣ таҳсил кардаанд ва аксҳои нодире аз он замон ҷамъоварӣ шудаанд.
“Ҷадидони Бухоро, ки аксаран аз табақаи сармоядору тоҷирон буданд, мисли Файзулло Хоҷаев, Абдуррауфи Фитрат ва дигарон бо ёрии ҳукумати муваққатии рус амирро ба иҷрои ислоҳот маҷбур месозанд. С. Айнӣ ба онҳо зиддият нишон дод ва гуфт, қабл аз ин ки ислоҳот дар сохтори давлат сурат гирад, инқилоби фикриро бояд рӯйи кор овард. Аммо устодро гӯё нашуниданд ва баръакси андешаҳои ӯ амал намуданд. Вақте ки фармони амир 7 апрели соли 1917 дар бораи ислоҳот интишор ёфт, С.Айнӣ ба амалиёти ҷадидон муқобил баромад. Ҷадидон ба ин муносибат ҳамчун аломати миннатдорию шукргузорӣ ба хиёбонҳои Бухоро баромада, алам бардоштанд. С.Айнӣ медонист, ки амир ҷадидҳоро фиреб медиҳад, дар ин намоиш иштирок накард. Амир намоиши шукронаро пахш кард, бархе аз иштирокчиёнро ба ҳабс гирифт. Боқимондагон ба ҳар сӯи шаҳр ва атрофи он рӯ ба гурез оварданд. Қисме ба Когон, ки марбути русҳо буд, фирор карданд, то ки наҷот ёбанд. Бо вуҷуди ин ки С.Айнӣ ба намоиши шукрона набаромада буд, ӯро 23-юми апрели соли 1917, (ба ҳисоби куҳна 8-уми апрели соли 1917) бо гуноҳи ҷадид будан одамони қушбегӣ ва ҳукумат аз гиребонаш гирифта, аз дари ҳуҷра, ки тақрибан се олчин аз замини кӯча баландӣ дошт, кашола карда, дар замин заданд» (С.Айнӣ. Куллиёт, ҷ.7, с. 207).
Маъмурони қушбегӣ устодро азият дода, то арки амир оварда, ба «обхона» мепартоянд.
С.Айнӣ як шабро дар «обхона» сипарӣ намуд. 9-уми апрели соли 1917 бо амри амир ба пушташ 75 чӯб зада, боз ба «обхона» андохтанд. Бегоҳии ҳамон рӯз аскари рус сари худро аз дари «обхона» дарун карда, аввал ба забони русӣ ва баъд ба забони ӯзбекии русиомехта чунин гуфт:
– «Бароетон, шумоёнро револютсияи Россия озод кард!». Ба ҳамин тариқ, маҳбусонро аз «обхона» озод намуда, ба беморхонаи Когон мебаранд. С.Айнӣ он ҷо 52 рӯз бистарӣ шуда, 25 амали ҷарроҳиро паси сар карда, моҳи июни соли 1917 шифо ёфта, ба Самарқанд меравад. Дар ин шаҳри марбути русҳо равшанфикрон, аъзои ташкилоти ҳизбии «Иштирокиюн», ҷамъияти муаллимони «Иттифоқ» ва дигар шахсони хайрхоҳ С.Айниро ба хушӣ истиқбол гирифтанд ва барояш ҷойи хобу шароити зиндагӣ ташкил намуданд. Аммо ташкилоти иртиҷоии «Шурои ислом» бо сардории Қозӣ Исохон, бо дасти Мулло Обиди муфтӣ ривоят навиштанд, Айнӣ чун касе, ки ба подшоҳи ислом теғ кашида, аз Бухоро ронда шудааст, дар шаҳри мусулмонон иқомат карданаш аз рӯи шариат ҷоиз нест. Гузашта аз ин, С.Айнӣ, ки инқилоби Октябри русиро ба хушӣ пазируфт ва онро табрик гуфту васф намуд, хатар ба ҷонаш даҳчанд шуду 22-юми апрели соли 1918 аз Самарқанд ба Тошканд кӯчид. Он ҷо шаш моҳ зиндагӣ карда, ба корҳои ҳизбӣ ёрӣ расонд ва баъд боз ба Самарқанд баргашта, ба касби муаллимӣ ва рӯзноманигорӣ пардохт. Соли 1919 ӯро мувофиқи хоҳиши худаш ба шаҳрвандии Россия қабул карданд…
Он ҳама ранҷу озор, ки насиби устод Айнӣ гардид, ба чӣ хотир буд? Чӣ гуноҳи азим содир кард? “Гуноҳ”-и ӯ он буд, ки мехост дар байни мардум чароғи илму ирфон, машъали маърифатро фурӯзон намояд, ба фарзандони халқ дониш омӯзонад, китобҳои дарсӣ иншо кунаду ҷавононро ба роҳи рост раҳнамоӣ созад. Хушбахтона, толеъаш саъд омад, аз зиндони амирӣ раҳоӣ ёфт ва ба халқи азизу кишвараш хидмати шоиста кард ва сазовори номи баланд — асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва унвони — Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Ҷаҳонгиршоҳ РУСТАМШОҲ,
рӯзноманигор