ҚАДАМИ ҶИДДӢ ДАР НАСРИ МУОСИРИ ТОҶИК

Агар ба зиндагиномаи адибонамон назар афканем, мушоҳида мекунем, ки тақрибан аксарият аввал ба рӯзноманигорӣ шуғл варзидаву минбаъд ба кори нависандагию шоирӣ гузаштаанд. Яъне, журналистика майдони хуби қаламфарсоӣ, машқу тамрин ва омили минбаъд соҳиби маҳорату истеъдод гардидани адибон маҳсуб мешавад.
Шодӣ Раҷабзод низ хатмкардаи бахши журналистикаи ДМТ буда, муддате ба касби омӯзгорӣ шуғл варзида, ба тарбияи фарзандони деҳот пардохт. Бо вуҷуди ин, бо рӯзномаву маҷаллаҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ робитаро мустаҳкам намуда, аз навовариҳои деҳаву ноҳия, ҷумҳурӣ ба хонандагон иттилоъ дода, дар зимни он доир ба ин ё он масъалаи ҳаёти ҷомеа андешаҳои худро баён медошт. Ниҳоят шавқи эҷод боло гирифту ба адабиёт таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд.
Дар баробари вазифае, ки бар дӯш дошт, дар матбуот ба эҷоди бадеӣ низ машғул гардид. Маҳз дарки воқеаҳои замон, махсусан, тасвиру бозтоби бадеии ҳодисаҳои ба сари одамон ва аксаран худи муаллиф рухдода, нақлу ҳикояҳои рӯзгордидаҳо ӯро ба илҳом оварда, манбаи эҷоди ӯ гардиданд. Мавсуф ҳамчун муаллифи се маҷмуаи ҳикоя – «Растагорӣ», «Ранҷиш» ва «Дасти боло» собит сохт, ки метавонад ӯро ба хонандагон – ташнагони сухани асил ҳамчун адиби хушқариҳа муаррифӣ намояд. Беҳуда нест, ки мунаққиди шинохташудаи тоҷик, профессор Абдунабӣ Сатторзода дар сарсухани маҷмуаи нахустини ӯ – «Растагорӣ», соли 2016 Шодӣ Раҷабзодро «адиби маърифатпарвар ва ҳақиқатнигор» номида буд.
Инак, манзури мо маҷмуаи ҳикояҳои навбатии Ш. Раҷабзод бо номи «Дасти боло» — ст, ки чанде пеш Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро сазовор гардид.
Мавзуи ҳикояҳои нависанда, аслан, инъикоси ҳаёти мардуми деҳот буда, қаҳрамонони он одамони заҳматкаш, саховатманду қавиирода, чашмикордон, дар арсаи зиндагӣ обутобёфта, баоруномусанд. Дар баробари ин, рӯзгори нобасомони давраи кашмакашҳои ҷанги дохилӣ қисме аз онҳоро ранҷуру ранҷидахотир, сангдилу бераҳм, раҳгумзадаву бефарқу бетафовут нисбат ба атрофиён гардондааст. Муаллиф бештар ба паҳлуҳои одаму одамгарӣ, меҳру садоқати онҳо назар афканда, ба андеша меравад, ки чаро мардум якбора дигар шудаву меҳрубон буданро нисбат ба ҳамдигар фаромӯш кардаанд? Нависанда кӯшидааст, ки ба ин суоли пешгузоштаи худ посухи дақиқ дарёбад. Ин ҳамаро дар қолаби ҳикоя ҷой карда тавонистан аз адиби баркамол донишу малака, таҷрибаву ҳунари баландро тақозо менамояд. Албатта, ҳикоя бо он ки жанри хурди адабист, метавонад дунёи қаҳрамонон ва ахлоқи ҳамзамононро дар ҳаҷми ниҳоят хурд бозгӯ намояд. Ба фикри ғолиб, Шодӣ Раҷабзод аз уҳдаи чунин кори заҳматталаб ба хубӣ баромадааст.
Нависанда воқеаеро аз ҳаёти шахсе тасвир менамояд, вале ҳодисаҳоеро, ки пеш аз ин ва баъд аз он рӯй додаанд, ба таври муфассал нақл намекунад. Маҷмуаи «Дасти боло» шомили 21 ҳикоя мебошад, ки аксаран дар ин ҳикояҳо танҳо эпизоди ҳаёти касе мавриди тасвир интихоб гардида, хусусиятҳои муҳим ва типии зиндагии ӯ ба воситаи ҳамин эпизод маълум мегардад. Ҳикояҳои «Ғазабкуш», «Шаби сиву якум», «Бародарам», «Гиряи пушаймонӣ», «Ранҷиш», «Як сатил гандум», «Бозгашт» ва монанди ин аз ҳамин қабиланд. Адиб бо офаридани симои қаҳрамонон, нахуст андешаеро ба миён гузошта, баъд аҳёнан воқеаҳои рӯзҳо, солҳои дар ҳаёти қаҳрамон ба вуқуъ пайвастаро дар қолаби бадеӣ инъикос менамояд. Ин гуна ба хотир овардани рӯзгори қаҳрамонон тӯлонӣ нест, ҳадафи адиб аз чунин амал офаридани образ ва тип мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки нависанда мисли баъзе аз носирон суханро ба дарозо накашида, зуд ба асли мақсад меояд. Чунин усули нигорандагӣ дар аксари ҳикояҳои адиб ба назар мерасанд, ки ҳусни навиштаҳояшро афзудаанд. Хонандаи имрӯза ба нақли тӯлонии дилгиркунанда чандон таваҷҷуҳ надорад.Чӣ хостани адиб аз лаҳзаҳои аввали нигоштаҳо маълум мегардад. Аммо дар меҳвари асосии навиштаҳои Ш.Раҷабзод ИНСОН ва рисолати азалии ӯ меистад. Ва боз ҳам ҳаёти аз сар гузарондаи қаҳрамонон на аз забони нависанда бозгӯӣ мешавад, балки худи қаҳрамонони асар онро ифшо мекунанд ва муҳтавои ҳикояҳо касро дилгир намесозад. Ин яке аз тарафҳои ҳунару маҳорати нигорандагии адиби шинохта Шодӣ Раҷабзод аст.
Хусусияти хеле фарқкунандаи Ш. Раҷабзод ҳамчун адиб нисбат ба баъзе адибони ҳамсолаш он аст, ки забони шево, гуфтори пур аз панду насиҳат, ҷо – ҷо саволҳои риторикии гуфтугӯи қаҳрамон бо худ ҳусни навиштаҳояшро боз ҳам зебо гардондааст. Ин хусусияти дигари тарзи ифодаи андешаи худи адиб ва дар маҷмуъ, қаҳрамонҳои ҳикояҳои ӯст.
Аз мутолиаи ҳикояҳои адиб дарёфтан мумкин аст, ки ӯ сермутолиа буда, таркиби луғавии ғанӣ дорад. Ҳатто дар сохтани ибораву таркибҳо кӯшиши зиёд ба харҷ додааст. Бибинед, чӣ тавр зебову мӯҷаз истифода шудаанд ин таркибҳо: «…боли сангини мурғи хоб ҳеҷ аз пилкҳоям бардошта намешавад» («Бародарам», с. 97), «… ҷонро дар бодияи бало наафкандан, ҳарфе ба забон намеоварданд» (ҳамон ҷо, с. 98), «Гули шодмонӣ дар шохаи лабонашон шукуфта» (ҳамон ҷо, с. 103), «Офтоб майли ғуруб карда, хирмани абрҳоро оташ мезад» («Ҷазо», с. 108), «Ба бод гиреҳ заданро мемонд» («Гиряи пушаймонӣ», с. 130).
Мақолу зарбулмасалҳои халқӣ низ зимни офаридани асарҳо ҳадафмандона истифода шудаанд, ки ба ҳусни ҳикояҳо ҳусни дигаре зам намудаанд. Масалан, барои инъикоси афкору андешаи муаллиф (ё қаҳрамони ҳикоя) мақолу зарбулмасалҳо ва таъбирҳои мардумӣ ҷо ба ҷо ва ҳадафмандона ба кор бурда шудаанд: «Офтобро бо доман пӯшида намешавад», («Тақдирҷунбон», с. 90), «Аз ту ҳаракат, аз ман баракат», ҳамон ҷо, с. 93), «Аз зин фаромада бошад ҳам, аз узангу хаёли по баровардан надошт» («Ранҷиш» с. 226), «Бори каҷ ба манзил намерасад», ҳамон ҷо, с. 227), «Дил ёбу қанд хӯр» («Кӯрнамакҳо», с. 232), «Душман, ки гап наёфт, «думи сагат каҷ» мегуфтааст», «Беҳуда нагуфтаанд, ки «Пора дили санги хораро об мекунад» (ҳамон ҷо, с. 233), «Арзон бе иллат не, қимат бе ҳиммат» («Диван», с. 252) ва ғайра. Дар баробари ин, адиб кӯшидааст, ки барои боз ҳам бештар диққати хонандаро ба маҳсули эҷоди худ ҷалб кардан ва бо мақсади ҳусн бахшидан ба сухани хеш, ҷуфтҳои муродифиро хеле моҳирона истифода намояд. Ин гуна тарзу услуби баён қариб дар ҳамаи ҳикояҳои маҷмуа («парту тиҳӣ», «осемаю даршитоб», «якбораю ногаҳонӣ», «нуру неру», «шалпару лакот», «нобобу нохуш», «гарангу даҳонво», «пакару парешон», «карахту хаёлманд», «зиқу дилтанг», «ҷалду чобук», «нохоставу ногаҳонӣ») ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Ин усули нигориш, албатта, барои тақвияти фикри муаллиф (хоҳ аз забони ӯ ва хоҳ аз ҷониби қаҳрамони асар) барои дарки маънӣ, вусъат бахшидани тасвири лаҳзаҳои ҳаёти қаҳрамонон кумак мерасонанд.
Хусусияти дигари маҳорати адиб дар тасвирсозии бамавқеъу огоҳонаи ӯст. Аз ҷумла, дар ҳикояи ҳамноми маҷмуа (с. 117) чунин тасвири зебо ба кас руҳ мебахшад: «Ғози хасрав рӯ – рӯи фазои нилгун ором – ором, чу мурғи сабукбол ҳаракат мекард. Ин гуна ришта – ришта хат кашида, дар шоху навдаҳои дарахтон дармемонд. Дармемонду ранги зарҳалӣ ба худ мегирифт ва бас зебову дилангез ба чашм мерасид. Оби рӯдхонаи Сероб нарму орому бесадо аз рухи сангҳо бӯса меситониду чун инсон гӯйӣ нафасзанон ба сӯйи манзилу макони ноошно, дар сар ҳазор фикру хаёл ва пойбанди орзуву мақсадҳои ноаён ҷорӣ мешуду ҷорӣ. Магар он макону манзили ноошно буд ё роҳ ба сӯйи абадияту ҷовидонӣ? Равон буду равон ва руҳе дар амвоҷаш нафас мезаду нафас мезад».
Чунин тасвирҳои боҳунарона дар ҳикояҳои «Ғамкушта», «Бародарам», «Девор», «Як сатил гандум», «Ранҷиш», «Шаби сиву якум», «Ғазабкуш», «Сарнавишти ду тан» низ кам нестанд.
Ҳикояҳои «Ғамкушта» ва «Девор» дар маҷмуа ба таври дигар иншо гардида, ин ҷо низ аз хилқати инсон сухан меравад. Дар ин ҳикояҳо хислатҳои зишти мардум сарзаниш гардида, ба таври умум, таъкид мегардад, ки «одамон, ба худ оед!». Ин ҷо муаллиф аз «забон» — и девор ва тут ба таври рамзӣ (гарчи дар адабиётамон ин усули тасвир маъмулист), мо — инсонҳоро ба худамон ҳушдор медиҳад, ки бояд ин гуна разилу зишт, бадкору намакношинос набошем. Ҳамин хусусият имкон медиҳад, ки ҳадафи муаллиф боз ҳам амиқу равшантар муайян гардида, таъсиргузор бошад.
Агар ба таври умум ба ҳикояҳои «Дасти боло» бингарем, мебинем, ки ҳама ҳадафмандона эҷод гардида, дар тарбияи насли наврас, ҷавонон ва калонсолон ҳамчун намунаи олӣ хидмат мекунанд. Нависанда сухани гуфтании худро дорад ва ҳамчун як нафар шахси қаламбадаст мехоҳад дар истеҳкоми давлати соҳибистиқлоли мо саҳм гузорад. Қаҳрамонони «Дасти боло» ҳама парвардаи замони соҳибистиқлоланд. Бо баёни андешаҳои қаҳрамонони асар, ки аз як сохти давлатдорӣ ба сохти дигар ногузир ворид гардидаанд, таъкид мегардад, ки ҳама бояд бо заҳмати ҳалолу покиза саргарм шуда, ҷаҳонро аз дурӯғу фитнаву буҳтон эмин нигоҳ доранд. Муаллиф кӯшидааст, мавқеи шаҳрвандии хешро бо ҳамин усул равшан созад.
Дар пешгуфтори ин маҷмуа, ки ба қалами адиби шинохта шудаи тоҷик Юнус Юсуфӣ иншо гардидааст, омадааст: «…падидаи муҳим дар навиштаҳои Шодӣ Раҷабзод хушбинии ӯ ба зиндагӣ аст. Муаллиф қаҳрамонашро дар ниҳоят бо роҳе аз нобудӣ мераҳонад ё воқеаро ба хубӣ меанҷомонад. Пессимизм дар офаридаҳои Шодӣ Раҷабзод кам ба назар мерасад. Дар пайванд ба ин гуфта бештари ҳикояҳои ҳамин маҷмуаро шоҳид меорам, ки хонанда инак дар даст дорад».
Мо ҳам хушбин ҳастем ва бовар дорем, ки «Дасти боло» — и Ш. Раҷабзод бо ҳама хусусиятҳои услубию бадеӣ ва сабку шеваи хоси нигориши муаллиф ба хонандагони асарҳои бадеӣ писанд меояд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»