ЧӢ ҲОЛ ДОРЕД, БАЧАҲО?

Таътили тобистониро метавон айёми хушу гуворо ва истироҳату фароғати кӯдакону наврасон, умуман, толибилмон номид, зеро маҳз дар ҳамин давра хонандагон баъди анҷоми як соли таҳсил ба истироҳат мебароянд. Дар ин маврид хуб мешавад, онҳоро ба истироҳатгоҳҳо ҷалб намоему беҳтарин шароитро барояшон муҳайё созем.
Бо ин мақсад Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2023» 28 марти соли 2023 ба тасвиб расида буд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст: «Истироҳатгоҳҳои мавсимии беруназшаҳрӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои пешниҳоди роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаи камбизоат, кӯдакони болаёқат ва кӯдакони кормандони соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, инчунин, ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешида шавад».
Ҳамарӯза тавассути рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио оид ба истироҳат фаро гирифтани кӯдакон дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ шунида, хушҳол мегардем. Бешубҳа, мактаббачагоне, ки таътили тобистониро дар истироҳатгоҳҳо бо дӯстони навашон хуш мегузаронанд, барои идомаи соли таҳсили оянда хубтар омода мегарданд, зеро дар истироҳатгоҳҳо дар байни хонандагон зуд-зуд озмунҳои «Китобхони беҳтарин», «Ровиёни сухан», «Шоҳномахонӣ» ва бозиҳои гуногуни варзишӣ гузаронда мешавад, ки дар хотири хонандагон нақши амиқ мегузорад. Вақте ки дар бораи таътили тобистона сухан мегӯем, беихтиёр маро айёми мактабхонӣ пеши рӯ меояд. Синфи чорумро хатм карда, ба таътил баромада будем. Рӯзе директори мактабамон Иброҳим Абдуллоев меҳмони хонаи мо шуданд. Баъди аҳволпурсӣ зуд сари мақсад омада, ба падарам гуфтанд, ки мехоҳем, писаратонро барои бо баҳои “аъло” хатм кардани соли таҳсил ва ахлоқи намунавӣ доштан ба лагери овозадори «Артек» фиристем. Ва афзуданд, ки он ҷо дӯстони нав пайдо мекунад, ҷаҳонбиниаш васеъ мегардад. Азбаски ман дар оила яккаписар будам, падарам розӣ нашуданду гуфтанд, ки ягона дастёри оила ӯст. Ҳоло мавсими алафдаравӣ оғоз шудааст, ба замми ин, хама корҳои хона ба дӯши ӯст. Агар вай ба лагер равад, барои оилаи мо душвор мешавад. Худам низ ба ин сухани падарам розӣ будам, зеро намехостам ӯро танҳо гузорам, ҳарчанд дар он солҳо истироҳат дар чунин лагер орзуи ҳар як хонанда буд. Ҳамин тариқ, истироҳату фароғат дар лагери овозадор барои ман муяссар нагардид.
Чанд сол қабл директори муассисаи таълимиамон гуфтанд, ки аз иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия хабар доданд, ки дар баробари дигар муассисаҳои таълимӣ аз мактаби мо низ як нафар хонандаи фаъолу болаёқат ба истироҳатгоҳи ҷумҳуриявии беруназшаҳрии «Файзи Истиқлол», ки дар мавзеи хушобуҳаво ва хушманзараи ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, фиристода мешавад. Ҳама омӯзгорон якдилона писари ман – Масъудро сазовор дониста, пешниҳод карданд. Ман низ орзуи амалинагардидаи худро ёд овардаму розӣ шудам. Тасмим гирифтам, ки корҳои ӯро ба дӯши худ гираму ӯро ба истироҳат фиристам. Вале ҳайҳот. Ин танҳо сухан будаасту халос. Таътил ба итмом расиду аз лагер хабаре нашуд… Тӯли солҳои зиёди омӯзгорӣ ёд надорам, ки аз мактаби мо хонандае ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ рафта бошад.
Ҳар сол дар мактабамон лагери фароғатию беҳдошти саломатӣ дар се баст ташкил карда мешавад. Ба ғайр аз хӯроки гарм, дигар тамоми корҳои истироҳати кӯдакону наврасон хуб ба роҳ монда шуда, ҷойи бозӣ, китобхонӣ ва сайругашт барои онҳо ташкил карда мешавад. Албатта, ин ҳам хуб аст, вале агар хонандагони болаёқат, кӯдакони ятим, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба лагерҳои беруназшаҳрӣ ҷалб мегардиданд, як умр дар хотири онҳо нақш мебаст.
Кӯдакону наврасони шаҳр нисбат ба деҳот шояд дар давраи таътил бештар имкони истироҳату фароғатро дошта бошанд. Вале ба касе пӯшида нест, ки имрӯз низ кӯдакони деҳот чун солҳои қаблӣ дар таътил бештари вақти худро ба корҳои саҳродарави алафу ғалладона, боғдориву зироаткорӣ ва нигоҳубини чорво, дурусттараш, подабонӣ сарф мекунанд.
Ин ҳам, албатта, бад нест, зеро бачаҳо аз хурдӣ ба меҳнатдӯстӣ одат мекунанд, панҷаҳояшон дар меҳнат обутоб меёбад, ба ҳар зарра хоки Ватан бештар меҳр мебанданд Вале ба қавле, «Кор бо истироҳаташ зебост!»
Тоҷикистони азизи мо кишвари биҳиштосост. Ҳар як шаҳру ноҳияи он мавзеъҳои зебову дилнишини зиёд дорад. Агар дар ояндаи наздик бо пайдо шудани имкон дар мавзеи зебо ва хушобуҳавои ноҳияҳои дурдасте истироҳатгоҳи мавсимии кӯдакону наврасон бунёд мегардид, барои кӯдакону наврасон туҳфаи беҳтарин мешуд.
Холмурод ҒИЁСПУР,
омӯзгори МТМУ-и №6,
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин