ШВЕЙТСАРИЯИ ДУВУМ

Яке аз гӯшаҳои зебоманзару созгор ба сайёҳӣ дар Тоҷикистон ноҳияи Ховалинг мебошад. Агар ба таърихи гузаштаи он назар андозем, мебинем, ки аз замонҳои хеле қадим ин гӯшаи забоманзари нотакрори Хатлонзамин диққати бисёр сайёҳону донишмандон ва мусофиронро ба худ кашида будааст.
Боиси зикр аст, ки ин диёр дар гузаштаҳои дур бо номи шаҳр ва музофоти Мунки қадим машҳур буда, роҷеъ ба он дар китобҳои зиёд малумот сабт ёфтаанд.
Масалан, Абуисҳоқи Истахрӣ дар асараш дар бораи «Бист иқлим»-и дунё маълумот дода, оид ба Хатлони бостонӣ, аз ҷумла, чунин ишора намудааст:
«…Ва аммо шаҳрҳои Хутал- Искандара дар миёни кӯҳҳо ниҳода аст ва ҳамчунин, шаҳри Мунк ва шаҳри Ҳулбук ва Хутал дар миёни рӯди Вахшоб ва рӯди Бадахшон аст. Ва дар ин кӯҳ рӯдҳои бисёр аст. Ва ба наздики (шаҳри) Тирмиз ин обҳо ҷумла шавад ва дар Ҷайҳун уфтад. Ва Мунк аз Ҳулбук бузургтар аст. Ва хонаҳои ин ҳар ду ҷойгаҳ аз гил аст ва девори Мунк гачу санг аст.
Бадахшон (шаҳр) кӯчактар аз Мунк бувад ва навоҳии ободон дорад…»
Ибни Ҳавқал навиштааст:
«Шаҳри Мунк дар бузургӣ ба шаҳри Андароба баробар аст, Ҳулбук аз он хурдтар аст. Бинои ин шаҳрҳо аз лой, аммо девори Мунк аз сангу гач сохта шудааст…».
Дар қарнҳои минбаъда низ оид ба шаҳри Мунк, яъне, Ховалинги имрӯза, аз ҷумла, сайёҳони асри 19-и рус В.Г.Липский, Зарудный, Д.Логофет, П.А. Арандаренко, Слёсаров, Нечаев, хориҷиён А. Борж, Г. Юл ва дигарон дар сафарҳои худ аз дидаю таҳқиқотҳояшон оид ба Ховалинг ва табиати зебоманзару боғановат ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии он ёдовар шудааанд…
Сайёҳи рус Д.Н. Логофет ҳангоми ба Ховалинг омаданаш аз обу ҳавои хуш, манзараҳои зебо ва ёдгориҳои зиёди таърихию табиии ин сарзамин ба вуҷуд омада, аз роҳбаладаш мепурсад:
– Ховалинг ин қишлоқ аст?
– Не, тӯра, Ховалинг шаҳр аст, пештар бисёр калон будааст ва ҳокимнишин, ҳоло амлоқдор мешинад. Он ҷо тоҷирон зиёданд, — ҷавоб мегардонад роҳбалад.
Сайёҳон баъди ба Ховалинг расиданашон дар хонаи амлокдор меҳмон мешаванд ва сипас ба боигариҳои табиию паҳлуҳои ҳаёти аҳолии ин диёри биҳиштосо ошно мегардиданд.
Ховалинг ва захираҳои бойи сайёҳии он на фақат диққати сайёҳону тоҷирон ва донишмандони хориҷиро дар тӯли асрҳои зиёд ба худ кашида буд, балки дар замони салтанати сулолаи манғитияи Бухоро низ ин воҳаи зеботабиату фарҳангзой маълуму машҳур буд.
Замони ҳукмронии Амир Абдулаҳадро мисол меорем. Дар ин давра яке аз симоҳои барҷастаи Бухоро Гулшании Бухороӣ (1861-1910) ба сафар баромада, тамоми ҳудуди аморатро аз наздик дида, бахшида ба 25-солагии ҳукуматдории амир Абдулаҳад 1885-1886- 1910) соли 1909 бо номи «Таърихи ҳумоюн» асари калонҳаҷмро ба табъ мерасонад.
Гулшанӣ ҳангоми саёҳаташ зимнан, дар бобе аз китобаш чунин зикр мекунад: «Ва ба сари Мазори Файзуланвори (нурфишони) Халилӣ иноъ, ки ҷадди бузургвори қозию-л- қуззоти (қозикалони) Дору-л-фохира (Бухоро) қозӣ Мулло Мир Садриддинанд.
“Аспи ин вилоят низ ба сурату сират мавсуф аст. Ба ғайрату давандагӣ ва ба кӯҳнавардӣ беанбоз аст. Сайду шикори вуҳушу туюр (паррандагон) ин ҷо бисёр аст, хусусан, сайду шикори газанфар ва хирси он дар ниҳоятдараҷа бешумор аст, сайду шикори вуҳуш ягона ба аҳолии ин ҷо касбу пеша аст. Аҳолии кӯҳистон тамом ба тирандозӣ шуҳрат доранд ва аксар сайёданд. Аз камоли ҷасорат баъзе аз онҳо хирсро ба ханҷар сайд низ менамуданд”.
Дар нимаи дуюми асри 20 В.Н. Петров ва садҳо шахсоне, ки ба табиати Ховалинг ошноӣ доштанд, ин ҷоро Швейтсарияи дуюм меҳисобанд.
***
Дар Ховалинг бошишгоҳҳои асри санг, (полеолит) яъне, одамони ҷамоаи ибтидоӣ хеле зиёд буда, ҳар яки он таърихи кашфиёт, ҳудуд, мавқеъ ва моҳияти ба худ хос доранд.
Яке аз қадимтарин истиқоматгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоии Осиёи Марказӣ Кӯлдараи Ховалинг буда, умри он ба бештар аз миллион сол мерасад.
Ин мавзеи таърихӣ дар бахши ҷанубу шарқии деҳаи Лоҳутӣ, дар масофаи 12 км то маркази ноҳияи Ховалинг ҷойгир шудааст. Солҳои 1981- 1984 ҳафриёт гузаронида шуда, ёдгориҳои зиёд-бозёфтҳои одамони ҷамоаи ибтидоӣ ёфт шудааст.
Агар дар Ховалинг 48 қабат хок ба қайд гирифта шуда бошад, 30 қабати он дар ин ҷо вуҷуд дошта, қадимтарин бошишгоҳ аз қабати 11-12-уми хок пайдо гаштааст.
Ин бошишгоҳи қадимтарин бо роҳбарии доктори илми таърих В.А.Ранов кашф ва дар он ҳафриёт гузаронида шудааст.
Ёдгориҳои асри санги Кӯлдара қимати бузурги илмӣ дошта, дар таърихи тамаддуни башарӣ нодиртаринанд.
Хонақоҳи Севодара — дар қисми шимолу шарқӣ, тақрибан 5-10 км аз шаҳраки Ховалинг дуртар воқеъ буда, ёдгориҳои таърихии аз истиқоматгоҳҳои ин ҷо ёфтшуда, 700-200-ҳазорсола буда, баъди Кӯлдара қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ҳисоб меёбад. Ин бошишгоҳ дар баландии 1900 м аз сатҳи баҳр воқеъ буда, бо роҳбарии В.А. Ранов дар он кашфу ҳафриёт гузаронида шудааст. Ин мавзеъ низ чун Кӯлдара табиати зебо ва бойгариҳои таърихию табиӣ дорад.
Истиқоматгоҳи «Лоҳутӣ — 1», бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоӣ, ки дар канори рости дарёи Оби Мазор (дар резишгоҳи ҷӯи Ҳашар), рӯ ба рӯи деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг воқеъ аст, аз тарафи геолог- собиқ директори Пажуҳишгоҳи геологияи шаҳри Москва А.Е. Дадонов соли 1975 кашф гардидааст.
Аз қабатҳои геологие, ки 130 ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадаанд, зиёда аз ҳазор ёдгории сангини нӯгтези ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории одамони асри санг ёфт шудаанд, ки аз нуқлусҳо, чопер — тарошаҳо ва пораҳо иборатанд, ба даст омадааст.
Истиқоматгоҳи «Лоҳутӣ-2» ва Оби Мазор низ дар ҳамин ҳудуд кашф гардиданд.
Соли 1968 бошишгоҳи Сафеддараи Шукнов аз тарафи В.А. Ранов кашф шуда буд.
Бошишгоҳҳои одамони ҷамоаи ибтидоии «Дӯстӣ» бошад, соли 1984 дар мавзеи Харгӯшони ҳудуди Мазори Ҳазрати Султон кашф карда шудаанд. Дар ин ҷо истиқоматгоҳҳои зиёде ёфт шудаанд, ки аксари онҳо аз замони палеолити болои асри санг шаҳодат медиҳанд.
Дар ин мавзеъ ҳамроҳи бостоншиносони тоҷик аз солҳои 90-ум олими олмонӣ Иохим Шефер низ тадқиқоти илмӣ бурда истодааст.
Дар мавзеи «Дӯстӣ» аз рӯи ҳамкориҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Ветнам, бо роҳбарии В.А. Ранов (Тоҷикистон) ва Нгуен Ван Ши (Ветнам) ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ ва табиӣ маҳфуз мебошад.
Сангтӯдаҳо дар ҳудуди Ховалинг-5 ҷойгир аст. Калонтарини онҳо дар назди деҳаи Таги Ҷари имрӯза, яктои дигараш дар ҳудуди деҳаи Чуқурак ва сангтӯдаи панҷум дар назди деҳаи Навободак воқеъ мебошанд…
Маъбади Буддои чепол, боқимондаҳои маъбади Буддо соли 1986 аз тарафи бостоншиносон бо роҳбарии М.М. Муллоқандов кашф гардидаанд. Ин ёдгорӣ дар назди деҳаи Чепол воқеъ буда, ба асрҳои 7-8 тааллуқ дорад. Маъбади Буддои Ховалинг чорумин дайри бутпарастӣ мебошад, ки бостоншиносон аз Ҷануби Тоҷикистон пайдо карданд. Таҳҷои ин маъбади Буддо айни замон дар ҳимояи давлат буда, ёдгориҳои он дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд.
Шаҳри Мунк. Боқимондаҳои ин шаҳри куҳан, соли 1946 аз тарафи бостоншинос А.М. Беленитский кашф гардида, асрҳои 9-12-ро дар бар гирифта, бисёр ёдгориҳо бозмонда аз асри 1 ва аз ин ҳам пештар мебошанд.
Роҳи бузурги абрешим аз ин шаҳри куҳан низ мегузаштааст.
Ҳавзҳо яке дар назди деҳаи Шехмизон, дигаре дар саргаҳи деҳаи Доробӣ воқеанд.
Дар бораи онҳо дар байни мардум нақлу ривоятҳои зиёд аз даҳон ба даҳону аз аср ба аср мегузаранд. Ривоят аст, ки пайдоиши аспҳои тездави парвозии хатлонӣ аз ҷуфтишавӣ бо аспони обии ин ҳавзҳо пайдо шудаанд.
Дараи Мухтор – зодгоҳи қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъ (1846-1888). Дар ҳудуди 3 гектар боғ- осорхонаи “Шӯриши Восеъ” воқеъ буда, дорои бештар аз 3 ҳазор нигора мебошад.
Осорхона соли 1988 дар арафаи ҷашни 100-солагии шӯриши Восеъ ташкил карда шудааст. Боғ – осорхонаи шӯриши Восеъ дар Дараи Мухтор зеботарин гӯшаи кишвар ба шумор рафта, барои сайру саёҳат ва истироҳат муҳим ва мусоид мебошад.
Ин гӯшаи таърихӣ бо дастури Сардори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи биҳиштосо табдил дода шудааст…
Осорхонаи Ховалинг. Осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии ноҳияи Ховалинг бо қарори раиси ноҳия аз 16 майи соли 2002 дар заминаи осорхонаи таърихӣ — кишваршиносии мактаби миёнаи деҳаи Доробӣ, ки онро муаллифи ин сатрҳо таъсис дода буд, ташкил ёфтааст. Асоси нигораҳои осорхонаро (беш аз 4 ҳазор) нигораҳои аз ҳудуди ноҳия гирдоварда ташкил медиҳад. Ҳоло дар осорхона 7 мутахассис кор мекунанд.
Дарахтони таърихии Ховалинг. Чилчанор дар заминаи чанорҳои ҳазорсолаи назди қалъаи ҳокими Хатлон, дар ҷои ҳозирааш, дар замони ҳукмронии ҳокими Хатлон Мизроб (1841-1854) бунёд ёфтааст.
Оид ба Чилчанор дар байни мардуми маҳаллӣ нақлу ривоятҳо бисёр аст, ки аксари онҳо дар адабиёти хаттӣ низ навишта шудаанд.
Чашмаи Қазаган (Хилватӣ) дар назди чанорҳои беш аз ҳазорсола воқеъ гаштааст.
Чашмаи Қазаған аз рӯи он, ки ин гӯшаи зебоманзар дар замони Қазағанхони чингизӣ барои ин ҳоким истироҳатгоҳ ҳисоб меёфт, ном гирифтааст.
Чормағзи ҳавзако – дарахти азимҷуссаи нодиртарини кишвар иборат аз 12 навда, ки ҳар кадоми он бештар аз 70-сантиметрӣ ғафсӣ дорад, дар собиқ деҳаи Ҳавзако воқеъ гаштааст.
Дарахтони азим дар Ховалинг хеле зиёд мебошанд. Аз ҷумла, чанорҳои собиқ деҳаҳои Чанорак, Фотима Чанор, Чанори Ғуррак, Хоҷанаврӯзак, Чуқураки Суфӣ Маҳмуд ва бисёр дигарон, ки умри онҳо шояд ба ҳазорсолаҳо бирасанд.
Сумҷ хонаи зеризаминӣ буда, хеле қадимӣ аст. Сумҷҳо дар ҷойи мувофиқ, миёни теппаҳои сафедхоки бесанг ба шакли сфераконус бо маҳорати баланд канда шудаанд.
Сумҷҳои деҳаҳои Дии Маҳмуд, Дараи Чанор, Сумчакон, ки дар як мавзеанд, таъриху фарҳанги махсусро дар худ таҷассум менамоянд. Бахусус, сумҷҳои Сайалибой, Дараи Чанор, Дии Маҳмуд ва дарун ба даруни он наҷиб буда, барои сайру саёҳат захираҳои бебаҳоянд.
Аз тадқиқотҳо бармеояд, ки бештари ин сумҷҳо дар асрҳои 9- 12 канда шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд. Сумҷҳо хосияти физикавиро дар худ таҷассум намуда, дар зимистон гарм ва дар тобистон сарданд. Дар як сумҷ бештар аз 40-50 нафар одам меғунҷад. Солҳои ободии деҳаҳои номбурда сумҷҳо бо мақсадҳои гуногун истифода бурда мешуданд. Сумҷҳо ёдгориҳои муҳими табиату таъриханд. Зимнан, устод Рӯдакӣ фармудааст:
Шав бад-он ганҷ-андарун, хумме биҷӯй.
Зери он сумҷаст, берун шав бад-ӯй.
Дар Дараи Чанор чоҳест, ки ба расадхона монанд аст. Инро мардум Чоҳи Ҳасан ном мебаранд. Ҳасан ҳамон Ҳасанпаҳлавони ҳамосаи халқии «Гурғулӣ» мебошад…
Дар ин ҷо ду чашма, ки се- чор метр дурӣ аз якдигар масофа доранд, ҷорӣ мебошанд. Яке оби ширин дораду дигараш талх. Нақл мекунанд, ки дар гузашта беморон аз чашмаи талх об нӯшида, шифо меёфтанд.
Дар поёни деҳаи Дараи Чанор дар соҳили Оби Тира ёдгориҳои табиии сангини мисли ҳайвоноти ваҳшӣ мавҷуд буда, дар якеи он ду пайи мукии калон ва кӯдакона нақш доранд…
Дар Дии Маҳмуд арча ва тутҳои бузург аст. Дар Арзаниён боқимондаҳои зиндон мавҷуд аст. Дар Дии Маҳмуд чашмаест, ки аз масофаи дуре ба воситаҳои вастаҳои арчагӣ оварда шуда, вастаҳо ба санг табдил ёфтаанд.
Ховалинг захираҳои зиёди об дорад. Асосан оби дарёчаву рӯдҳои он Оби Мазор, болооби Ёхсу, Сурхобу Тира ва шохобҳои онҳоро оби мусаффои чашмаҳо ташкил медиҳанд. Дар ин ҳудуд чашмаҳо беҳисобанд. Танҳо дар гирду ҷониби шаҳри Мунки қадим беш аз ҳазор чашма ҳисоб карда шудааст.
Дар дохили чашмаҳои Ховалинг садафак ном нодиртарин ҷонвари хурди обсофкунаки одиест, ки дар «Китоби сурх»-и собиқ Иттиҳоди Шуравӣ сабт аст.
Аксари чашмаҳо хусусияти табобатӣ дошта, мардуми маҳаллӣ аз онҳо васеъ истифода бурда, ба онҳо «Чашмаи шифо» ном мондаанд.
Дар зери заминҳои ҳудуди Ховалинг рӯду дарёчаҳое мегузаранд, ки оби онҳо низ зулолу ошомиданианд.
Аз 52 намуди моҳиҳое, ки дар дарёҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, 10 намуди онҳо дар рӯду дарёҳои ин ҷо ҳаёт ба сар мебаранд. Бахусус, ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, лаққамоҳӣ ва ғайра.
Наботот имрӯз дар ҳудуди ноҳия навъҳои гуногуни рустаниҳо: тахач, субинак, ҷамбилак, кокутӣ, талха, чачрақӣ (коснӣ), юған, ширинбия, пудина (7 намуд), ниёзбӯ, пиёзи кӯҳӣ, шулха, газарак, ғармаш (гули хайрӣ), чойкаҳак (чанд намуд), роҳдавак, гӯспандхорак, сафедхорак, рафидахорак, шутурхорак, говдумбол, камол, банги девона, тактак, хингак, шири харак, чукрӣ, рошак, торон, чоқла, сипанд, ров, шибит, кравчак, алпомодиён, гандаҷорӯб, сири кӯҳӣ, янтоқ, кавар, зира ва садҳо намуди рустаниҳои дигар, ки тарзҳои шифобахшӣ ва истеъмоли онҳо дар китоби рӯимизии табибони олам «Ал-қонун»-и пири ҳакимони Машриқзамин Абуалӣ ибни Сино шарҳи худро ёфтаанд, сабзиш доранд ва аксари рустаниҳои Ховалинг генофонди набототи кишвар ҳисоб меёбанд.
Олами ҳайвоноти ваҳшии Ховалинг ғанӣ аст. Дар қисми шимолу шарқӣ ва шимолу ғарбии ноҳия хирс (чанд намуд), хук, гург, рӯбоҳ, гурбаи ваҳшӣ, қашқалдоқ, дала, ҷайра ва ғайраҳо дар баландкӯҳҳои қисми шимолӣ бошад, бузу гӯсфанди ваҳшӣ, суғур, барс ва дигар ҳайвоноти нодир ҳаёт ба сар мебаранд.
Ҳайвоноти муҳрадор ва бемуҳраҳои зиёд, бештар аз 10 намуди ҳашарот, бахусус, шабпаракҳо ва дигар ҳайвоноту ҳашарот зиндагӣ мекунанд.
Ба замми он, аз 32 намуди оилаи калтакалосҳо, 10 намуди морҳо аксарашон, бахусус кубро, афъӣ, гурза ва ғайра дар ҳудуди Ховалинг ҳаёт ба сар мебаранд.
Амир Сайиди МУНКӢ,
директори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии
ноҳияи Ховалинг